Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№4 (4266) 12.01.2021

Пелоси боз раиси Палатаи намояндагони Конгресси има интихоб шуд

пелоси
Намояндаи ҳизби демократ Нэнси Пелоси бо касби аксарияти овозҳо маротибаи чорум раиси Палатаи намояндагони Конресси ИМА интихоб гардид. Ба ҷонибдории вай 216 намояндаи ҳизбаш овоз дода, танҳо панҷ нафар номзади дигарро тарафдорӣ карданд. Ҷумҳурихоҳон, ки дар ин даъват ҳам ақаллиятро дар Конгресс ташкил доданд, якдилона номзадии ҳамҳизбашон — Кевин Маккартиро барои раисии Палатаи намояндагон дастгирӣ намуданд.

РИА «НОВОСТИ»

 Пешниҳоди насрониҳои Беларус барои тағйирот ба Конститутсия

беларус
«Мо пешниҳод менамоем ва ин нукта бояд дар Конститутсия сабт гардад, ки дар мамлакат никоҳ аз рӯи анъанаҳои насронӣ ва оини мардуми беларус доир карда шавад. Ҳамчунин, масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас, одамони камбизоат, пиронсолон бояд беҳтар гардад», қайд шудааст дар изҳороти калисо ба Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус, ки аз моҳи ноябри соли 2020 барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи мамлакат пешниҳодҳоро қабул мекунад.

«ТАСС»

 Девони вазирон минбаъд нархи маҳсулотро танзим менамояд

3 сурВакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия якдилона ба тарафдории қабули қонуне овоз доданд, ки он ба Девони вазирон ҳуқуқ медиҳад, то ба маҳсулоти асосӣ ва молҳои ниёзи аввал нархҳои дастрас ҷорӣ кунад. Ин амал дар он сурат анҷом меёбад, ки агар нархи молу маҳсулоти ниёзи аввал аз 30 фоиз баланд гардад. Қонуни зикршуда имкон медиҳад, ки нархи нону орд, гӯшти баъзе аз ҳайвонот, моҳӣ, маска, тухм, шакар ва намак, инчунин, чанд навъи сабзавот дар дараҷаи муайян нигоҳ дошта шавад.

«РОССИЙСКАЯ ГАЗЕТА»

 Ба волидон маош муқаррар карда хоҳад шуд

волидон
- Аъзои фраксияи ҳизби мо («Справедливая Россия») қарор доданд лоиҳаи қонунеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки мувофиқи он бояд ба волидон ҳар моҳ маош дода шавад, — хабар медиҳад вакили Думаи давлатӣ Олег Шеин. Ин иқдомро раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат ва сиёсати иҷтимоӣ Ярослав Нилов (аз Ҳизби либерал-демок­ратӣ), намояндагони Палатаи ҷамъиятӣ ва Кумитаи миллии волидон дастгирӣ намуданд.

Олег Шеин иброз дошт, ки барои тарбияи насли оянда бояд волидон ба ғамхории ҳар чӣ бештар фаро гирифта шаванд, то фарзандонро хуб тарбия карда тавонанд.

РИА «НОВОСТИ»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА