Аз нишастҳои матбуотӣ

№14 (3494) 02.02.2016

нишастҶамъоварии маблағ қонеъкунанда нест

Бисту ҳафтуми январи соли равон вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ иттилоъ дод, ки соли 2015 истеҳсоли неруи барқ аз ҳама манбаъ дар кишвар 17 миллиарду 134 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014-ум 706,1 миллион кВт/ соат зиёд аст.

Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ як миллиарду 400,2 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки 1 миллиарду 181,9 кВт/соат  ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 204,9 миллион кВт/соат ба Ҷумҳурии Қирғизистон рост меояд. Номбурда гуфт, ки дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ба маблағи зиёда аз 48,4 миллион доллари ИМА неруи барқ содир намудааст. ҳамчунин зикр шуд, ки сатҳи ҷамъоварии маблағи фурӯши неруи барқ қонеъкунанда набуда, бо дарназардошти маблағи неруи барқи содиротшуда 87,1 фоизро ташкил намуд.

Усмоналӣ Усмонзода Юнусалӣ илова кард, ки соли сипаригардида татбиқи ҳафт лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 624 миллион доллари ИМА ба роҳ монда шуда, ҳамчунин ҷараёни озмунҳо доир ба интихоби ширкатҳои мушовирию пудратӣ дар доираи ҳафт лоиҳаи дигар, ба маблағи 674 миллион доллари ИМА, идома ёфт.

Қайд шуд, ки сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, айни замон дар 12 қисмати иншоот корҳо идома дорад.

Доир ба захираҳои об иттилоъ гирифтем, ки соли 2015 беш аз 9,2 миллиард метри кубӣ об истифода шудааст. Истихроҷи нефт 24,6 ҳазор тонна ва истихроҷи газ 4,1 миллион метри кубиро ташкил намуд. Дар давраи ҳисоботӣ тоҷирони ватанӣ ба ҷумҳурӣ 336182 тонна гази моеъ ворид карда, дар 1010 нуқта ба фурӯш гузоштанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 Натиҷаҳои баландтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ

Дар нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма  тамоми имкониятҳо  мавҷуд буд, ки ба саволҳои хеш ҷавоб гиранд. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шавкат Бобозода  илова ба вақти муайяншуда низ ба саволҳои сершумори журналистон ҷавоб гардонд.

Номбурда зимни ироаи ҳисоботи мухтасар роҷеъ ба дастовардҳои соҳа таъкид намуд, ки соли 2015 як қатор комёбиҳои арзанда ба даст омаданд. Аз ҷумла бори аввал дар даҳ соли охир ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар таркиби ММД афзоиш ёфта, ба 7,5 миллиард сомонӣ расид.  Дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ нисбат ба соли 2014 истеҳсоли маҳсулот афзоиш ёфт. Ҳамчунин аз ҷониби корхонаҳои истихроҷи ангишт 1 миллиону 42 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шуда, истеҳсоли семент ба 1,4 миллион тонна расонида шуд, ки ин натиҷаи баландтарин дар таърихи  саноати мамлакат мебошад. Вазир ин комёбиҳоро натиҷаи дастгирии бевоситаи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати самараноки  саноатчиён арзёбӣ кард.

Қайд гардид, ки соли сипаришуда бори аввал зиёда аз 500 тонна семент ба хориҷи кишвар содир шуд. Дар доираи тадбирҳои рушди саноати масолеҳи сохтмон корхонаҳои истеҳсоли семент ва хиштбарорӣ бо истифода аз роботҳои идоракунандаи истеҳсолӣ ба кор шурӯъ карданд. Дар натиҷа, нархи хишт аз як сомонӣ ба 30 дирам коҳиш ёфт.

Соли 2016 корхонаҳои сементбарорӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ба маълумоти хабарнигорон расонида шуд, ки соли 2015 дар  минтақаҳои дорои зарурии ашёи хом 468 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, дар онҳо 8903 нафар ба кор ҷалб карда шуданд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 «Тоҷикаэронавигатсия» — таъминкунандаи бехатарии парвозҳо

- Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»  аз сохторҳои муҳими авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, фаъолияти он ба таъмини бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо равона карда шудааст.

- Мо ҳамасола кӯшиш мекунем, ки сатҳу сифати корро беҳтар намоем, — гуфт дар оғози нишасти матбуотӣ директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Иброҳим Ҷобиров.

Иттилоъ гирифтем, ки даромади умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 13,15 фоиз зиёд шудааст. Пардохтҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015-ум 15 миллион сомониро ташкил дод. Дар соли сипаришуда ба  200  ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ  хизматҳои аэронавигатсионӣ расонида шуд.

Роҳбарияти КВД «Тоҷик­аэронавигатсия» муъта­қиданд, ки дар корхона бояд мутахассисони баландпоя ва масъулиятшинос  фаъолият намоянд. Аз ин хотир, ба таълиму тарбияи мутахассисон аҳамияти махсус  дода, бо ин мақсад беш аз 127 000 сомонӣ сарф гардида, 123 мутахассиси корхона  дар курсҳои такмили ихтисос таълим гирифтанд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 «Миёнаравҳо» аз байн мераванд

Дар нишасти матбуотие, ки ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2015 бахшида шуд, муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт ҳузур доштанд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Шӯҳрат Мақсудзода ба рӯзноманигорон оид ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ тӯли соли гузашта маълумот дода, минҷумла зикр кард, ки нисбат ба соли 2014 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ — 110 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ – 117,9 фоиз ва савдои чакана -104 фоиз таъмин гардид. Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 9,5 миллиард сомониро ташкил дода, рушди воқеии он ба шаш фоиз баробар шуд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе 83 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси 2983 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуд.

Аз ҳисоби ҳама манбаъ 174865 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Масъалаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ бошад, ҳамеша мадди назари Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад.

Ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки масъалаи ҳалталаб дар соҳаи нақлиёти мусофирбар ин, пеш аз ҳама, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мебошад.

Дар шаҳри Душанбе теъдоди соҳибкорони инфиродӣ ҳарсол меафзояд. Шумораи онҳо соли гузашта 30053 нафарро ташкил намуд, ки назар ба як соли пеш 1558 нафар зиёд аст. Дар соли 2015 ҳиссаи бахши хусусӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдо 99,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ — 90,5 фоиз ва воридоти андоз ба буҷети шаҳр 80,2 фоизро ташкил намуд.

Бо мақсади аз байн бурдани «миёнаравҳо» дар воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия ба бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе тавассути автомашинаҳои боркаши ба ҳудуди марзию маъмурии пойтахт воридшаванда ва ба ин васила таъмини мунтазами бозори истеъмолии шаҳр бо маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсири мусбат расонидан ба нархи бозор қарори дахлдор ба тасвиб расида, мавриди иҷро қарор дорад.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»

Барнома марҳилаи сифатан нави фаъолиятро оғоз бахшид

- Яке аз воқеаҳои муҳими соли гузашта ҷамъбасти муваффақонаи «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2006 — 2015» ба ҳисоб меравад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Убайдулло Қурбон. 

Номбурда муътақид аст, ки қабули барномаи мазкур муҳиму саривақтӣ ва заруру ногузир буд, зеро он замон дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки ягона муассисаи таҳсилоти олии тиббии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамагӣ  4000 нафар донишҷӯро ба таҳсил фаро мегирифт, барои касбомӯзии табибони оянда одитарин шароитҳоро надошт. Барои мисол, воситаҳои таълимӣ намерасиданд, биноҳои таълимӣ таъмирталаб ва хароб  гашта буданд, зарурати кушодани бахшу сохторҳои нав, ки ба замони муосир ҷавобгӯй бошанд, ба миён омада буд.  Илова бар ин, барои пурсамар гузаронидани ҷараёни таълиму тайёр кардани кадрҳо донишгоҳ ҳатто ба теъдоди минималии мизу курсӣ, тахтаи синф ва маводи барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ зарурӣ, аз қабили реактивҳо, асбобҳову дастгоҳҳои тиббӣ ниёз дошт. Дар ин рос­то, дар донишгоҳ дар соли 2005 маоши профессорон 102 сомонӣ, дотсентҳо  90  сомонӣ, номзадҳои илм   67 сомонӣ, ассистентҳои кафедраҳои донишгоҳ 47  сомониро ташкил медод, ки талаботи минималии онҳоро қонеъ карда наметавонист.

Маблағгузории донишгоҳ низ дар сатҳи хеле паст қарор дошт. Биноҳои маъмурӣ, таълимӣ ва хобгоҳҳои таълимгоҳ аз сабаби солҳои зиёд таъмир надидан дар ҳолати ногувор қарор доштанд.

- Мақсади асосии Барномаи мазкур аз  фароҳам овардани шароитҳои мусоид  ҷиҳати  ба роҳ мондани раванди босифати таълим, ба вуҷуд овардани заминаи пурқуввати моддию техникӣ, таҳияи барномаҳои таълимии муосир, дастрас будани китобу дастурҳои илмиву таълимӣ, таҷҳизоти зарурии таълимиву озмоишӣ, таъмиру азнавсозии биноҳои таълимию маишӣ ва баланд бардоштани маоши омӯзгорон иборат буд, ки хушбахтона, сари вақт таъмин гардиданд, — афзуд Убайдулло Қурбон.

Дар маҷмӯъ, танҳо ду банди барнома, ки берун аз ваколат ва имконоти донишгоҳ мебошанд, иҷро нагардидаасту халос. Бандҳои дигар  дар муҳлати пешбинишуда, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардиданд

Инчунин зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тӯли фаъолияти 76 — солааш дар заминаи омода намудани мутахассисони болаёқат на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи кишвар низ обрӯву эътибори хосаро касб намудааст. Давоми солҳои фаъолияти хеш донишгоҳ беш аз 38 ҳазор мутахассиси варзидаи соҳаро тарбия намудааст.

Дар соли  2015 ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ аз 789 нафар иборат буда, аз ин  648 нафар устодони доимӣ ва 141 нафар ҳамкоронро ташкил медиҳад. Теъдоди ҳайати профессорону омӯзгорони дараҷаи илмидошта аз 309 нафар иборат мебошад, ки баробари 47 фоиз аст.

Имсол дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 51292 нафар дов­талаб ихтисосҳои донишгоҳро   интихоб намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дигар  донишгоҳҳо  хеле зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, барои соли таҳсили 2015- 2016 -ум 1400 нафар (ба истиснои маълумоти дуюм) ба курси якуми донишгоҳ  қабул шуданд. Далер Мерганов,«Садои мардум»

Таъсиси ёздаҳ маркази хизматрасонии техникӣ

- Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» аз давраи таъсисёбӣ (3 ноябри соли 2007) то ба имрӯз 1116 адад техникаи  гуногунтамға, 1641 адад таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 138,6 миллион сомонӣ харидорӣ кардааст, -изҳор дошт директори генералии он Акрамзода Юсуф Акрам.

Аз ин миқдор ба 1030 хоҷагии деҳқонӣ 1014 адад техника ва 820 адад таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 113 миллион сомонӣ ба иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дода шудааст.

- Соли 2015 — ум 390 адад техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 20,9 миллион сомонӣ  харидем ва барои мукаммал намудани марказҳои  хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ техникаю таҷҳизот ҷудо кардем, ки нисбат ба як соли  пеш  3 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — фаъолияти муассисаро шарҳ дода, илова кард Акрамзода Юсуф Акрам.

Маълум шуд, ки корхонаи мазкур моҳҳои октябр — ноябри соли гузашта ба иҷораи молиявии имтиёзнок додани техникаю таҷҳизоти марказҳои хизматрасонии техникии амалкунандаро дар асоси Оиннома оғоз намуда, то имрӯз 63 адад техникаи ин марказҳоро ба иҷораи молиявӣ додааст.

Тӯли соли 2015 дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои  хизматрасонии техникӣ таъсис шуда, дар заминаҳои марказҳои хизматрасонии техникии нав­таъсиси ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ ва марказҳои амалкунанда дар навоҳии Ёвону Тоҷикобод оид ба таъсис, муҷаҳҳазгардонии марказҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ тавассути иҷораи молиявӣ (лизингӣ) семинар — машваратҳо гузаронида шудааст.

Ҳамкории КВДҶ «Тоҷикагролизинг» бо корхонаҳои ватанӣ густариш ёфта, таҷҳизоти зарурии кишоварзӣ дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ ба онҳо фармоиш дода шуд ва барои истеҳсоли онҳо маблағҳои зарурӣ  пешпардохт гардид.

А. МУРОДОВ, «Садои мардум»

Муроҷиатҳои шаҳрвандон сари вақт баррасӣ мешаванд

- Соли гузашта ба 2668 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 2478 ҳуҷҷати хусусияти ҳуқуқии байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод шуд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам.

18 августи соли 2015 Машварати сеюми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар машварат якумин санади ҳуқуқӣ дар доираи ҷаласаи вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҲАМКОРИИ Шанхай — Созишнома дар бораи ҳамкории байни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои Созмони мазкур (Созишномаи Душанбегӣ) ба имзо расонида шуд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо қарори Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ ба 94 нафар довталаб мақоми адвокатӣ дода шуд, вале бо сабаби насупоридани имтиҳони тахассусӣ ба 45 нафар довталаб додани мақоми адвокатӣ рад гардид.

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ соли 2015- ум 470014 санад, аз ҷумла 77020 сабти никоҳ, 8356 сабти бекор кардани ақди никоҳ, 29221 сабти муқаррар намудани падарӣ, 871 сабти фарзандхондӣ, 26349 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Дар робита ба иҷрои санадҳои судӣ ва дигар мақомоти давлатӣ 52868 истеҳсолоти иҷро оғоз гардид. Аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда 41133 адади он иҷро шуд. Дар натиҷа, ба манфиати давлат 19524911 сомонӣ ва 997232 доллари ИМА рӯёнида шуд.

Соли гузашта ба вазорат ва раёсатҳои адлияи вилоятҳо 2684 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд. Аз ҷониби роҳбарияти вазорат 177 нафари онҳо қабул шуданд. Муҳтавои муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар ба фаъолияти иҷрочиёни суд, нотариати давлатӣ, бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, ҳамчунин ба дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ вобастагӣ доштанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Фаъолият дар ддм хуб ба роҳ монда шудааст

Соли 2015 фаъолияти филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз рӯи шаш барномаи асосии таълимии таҳсилоти олӣ ва равияҳои математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва механикаи мавод, геология, идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва лингвистика ба роҳ монда шуд.

Давоми соли гузашта аз ҷониби устодону профессорони муассисаи таҳсилоти олии касбии мазкур чор монография, 38 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳо, 55 мақола дар маҷмӯаҳои илмии конференсияҳо, панҷ китоби дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ба нашр расид.  Ҳамчунин дар донишгоҳ 23 чорабинии гуногуни тарбиявӣ, аз ҷумла озмунҳо, шабнишиниҳои адабӣ, мулоқот бо олимон ва донишмандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, семинарҳо, иқдомҳои эҳсонкорӣ ва ғайра гузаронида шуданд.

Роҳбарияти филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе  баҳри таҳким бахшидани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба саъю талош намуда истодааст. Айни замон донишгоҳи мазкур бо Донишгоҳи миллии тадқиқотии политехникии шаҳри Томск, Донишгоҳи славянии Ҷумҳурии Молдова, Донишгоҳи славянии шаҳри Боку ва ғайра созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Ба наздикӣ бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Санкт — Петербург низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»

Қарзи корхонаҳо аз истифодаи неруи барқ афзуд

Муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Баҳром Абдулҳафиз иброз дошт, ки Агентӣ ва сохторҳои он соли 2015 тамоми захираву имкониятҳои худро барои таъмин намудани кишоварзон ва дигар истифодабарандагон бо оби полезӣ, аз худ намудани заминҳои нави обёришаванда, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда равона намуданд.

Соли гузашта идораю корхонаҳои Агентӣ бо 5988 ассотсиатсияи истифодабарандагони об, кооперативҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигарон дар майдони 536,19 ҳазор гектар барои обрасонӣ шартнома ба имзо расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 4,5 ҳазор гектар зиёд мебошад

Тибқи дархости истифодабарандагони об ба онҳо бо арзиши 71,22 миллион сомонӣ хизмат расонида шуд, вале аз ҷониби истифодабарандагон 42,3 миллион сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт гардид, ки 59 фоизро ташкил менамояд. Бо сабаби сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт нагардидани ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби обистифодабарандагон бақияи ҳаққи хизмати обрасонӣ афзоиш ёфта, то 1 январи соли 2016-ум 47,07 миллион сомониро ташкил дод, ки 26,38 миллион сомониаш қарзи соли 2015 мебошад. Дар натиҷа, қарзҳои дебиторию кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ афзоиш ёфт. Айни ҳол қарзҳои дебиторӣ 59,4 миллион сомонӣ ва қарзҳои кредиторӣ 116,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.  Дар соли 2015 дар асоси дархости хоҷагиҳои кишоварзӣ 459 адад дастгоҳи обкашӣ бо харҷи 8,8 миллион кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз онҳоро бо оби полезӣ таъмин намуданд. Барои пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар ин давра 1228,3 миллион кВт/соат неруи барқ истифода шудааст, ки арзиши он 28,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол корхонаҳои зертобеи Агентӣ барои истифодаи неруи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» 25,13 миллион сомонӣ ва бо дарназардошти қарзи соли 2014-ум 49,6 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.

Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 17,38 миллион сомонӣ аризаҳои даъвоӣ пешниҳод гардид. Аз ин ҳисоб ба фоидаи идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 9,33 миллион сомонӣ ҳалномаи судӣ бароварда шуд, ки 695,65 ҳазор сомонии он пардохт гардид.

Дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» давоми соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ 109,1 гектар замини нави обёришаванда ба маблағи 2,98 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Шуғнон 70 гектар, дар ноҳияи Ванҷ 16,1 гектар, дар ноҳияи Тавилдара 23 гектар аз худ карда, ба истифодаи кишоварзӣ супорида шуд.

Муҳаммад ЗОКИР,  «Садои мардум»