Аз нишастҳои матбуотӣ

№8 (3154) 21.01.2014

Дастовардҳои олимон шоиста буд

 Президенти  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов зикр намуд, ки фаъолияти Академияи илмҳо  аз рӯйи ҳафт барномаи давлатӣ ва тибқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015  ба иҷрои ҳалли масъалаҳои илмиву техникӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии барои ҷумҳурӣ муҳим, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву тадқиқотӣ равона гардидааст.  Олимони академия тӯли соли гузашта 1250 асари илмӣ, аз ҷумла 166 китобу монография ва 1086 мақолаи илмӣ нашр намуданд. Аз ҷумла олимон ва мутахассисони Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон модели амалкунандаи «Хонаи офтобӣ»-ро бо системаи офтобии идораи таъмини об ва энергия, ҳамчунин технологияи ҳосил намудани сӯзишвории биологӣ (этанол)-ро коркард намуданд. Олимони соҳаи таърих ҷилди аввали маълумотномаи китобшиносӣ оид ба таърихи илм ва техникаи халқи тоҷикро ба анҷом расониданд, ки инкишофи тамоми самтҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва ҷамъиятиро аз давраи қадим то соли 1917 фаро мегирад. Олимони соҳаи бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳафриёт гузаронида, асбобу анҷоми фаровонро, ки ба давраи биринҷии миёна тааллуқ дорад, пайдо карданд. Олимони шарқшинос таҳия ва тафсири  250 нусха дастнависи «Ганҷина»-ро барои нашри ҷилди IX омода карданд.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

Партовҳо минбаъд коркард мешаванд

Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки соли 2013 ба истифодабарандагон ба маблағи 108 миллиону 768,7 ҳазор сомонӣ хизмати гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2012- ум 22,8 фоиз ё ба маблағи 20 млн. 204,1 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Маблағи фоида аз ҳисоби хизматрасониҳои соҳа 4 млн. 174,7 ҳазор сомониро ташкил дод. А.Тағоймуродов дар баромадаш таъкид кард, ки ҳолати ногувори техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ яке аз камбудиҳои асосии соҳа мебошад. Аз 955 адад техникаи махсуси коммуналӣ, ки дар мувозинаи корхонаҳои соҳа қарор доранд, 559 адад коршоям ва 396 ададашон корношоям аст ва аз шумораи умумӣ (43 фоизи онҳо) муҳлати 2 ва 3-сеюми хизматрасониро иҷро карда истодаанд. Барои бо сифати хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои коммуналӣ ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни истифодабарандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аҳолии деҳот мувофиқи ҳисобҳо ва меъёрҳои амалкунанда, бояд зиёда аз 800 адад техникаи махсус ба маблағи беш аз 210,0 млн. сомонӣ харидорӣ шавад.

Аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншоотҳои системаҳои обтаъминкунӣ ба маблағи 6647,1 ҳазор сомонӣ, системаи канализатсия ба маблағи 1616,3 ҳазор сомонӣ ва ҳамагӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 8263,4 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд.

Бо дастгирӣ ва кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри  рушди соҳа як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ фаъолият менамоянд, аз он ҷумла дар соҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ корхона сохтмону барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Қӯрғонтеппа, Истаравшан, Конибодом, Рашт, Кӯлоб, Данғараро ба маблағи 16 млн. 500 ҳазор доллари ИМА ба анҷом расонид. Дар доираи лоиҳаи мазкур 41 адад техникаи махсуси коммуналӣ, 790 адад контейнер барои ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ ва сару либоси махсуси корӣ харидорӣ гардид.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

  Пешрафту дастовардҳои донишгоҳ назаррасанд

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи М.С. Осимӣ Ҳайдар Одинаев оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти донишгоҳ дар соли 2013  ҳарф зада, зикр намуд, ки дар ин давра ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар панҷ нафар донишҷӯён барои идома додани таҳсил фиристонида шуданд.

Раванди таълим дар донишгоҳ дар ду зина — бакалавр ва магистр  бо тариқи анъанавӣ ва кредитӣ роҳандозӣ гардидааст. Айни замон дар донишгоҳ барои дарёфти дараҷаи бакалавр курсҳои якум, дуюми ҳамаи ихтисосҳо бо «Низоми кредитӣ» ва курсҳои сеюм то панҷум бо «Низоми модулию рейтингӣ» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон барои пешбурди фаъолият дар «Низоми кредитӣ»- и таҳсил маркази «Дафтари бақайдгиранда» мавриди истифода қарор гирифт, ки бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Бо назардошти талаботи низомномавӣ, масъалаи автоматикунонии ҷараёни бақайдгирии донишҷӯён, қабули санҷишу имтиҳонҳо бо истифода аз технологияи нави муосир дар донишгоҳ ҷорӣ гардид. Бо мақсади аз байн бурдани зуҳуроти коррупсионӣ қабули имтиҳонҳо дар курсҳои якум ва дуюм, ки таълимашон бо «Низоми кредитӣ» мебошад,  бо истифода аз  технологияи нави муосир тариқи тестӣ ба роҳ монда шудааст.

Давоми  сол нуҳ нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои илмӣ, аз ҷумла 4 рисолаи докторӣ ва 5 рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд. Ҳамчунин ду омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника гардиданд.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум» 

  Беш аз 2500 иншооти варзишӣ бунёд ва таъмиру таҷдид шуд

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов зикр намуд, ки ҷабҳаҳои амалии сиёсати ҷавононро Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 таҳти №620 тасдиқ шудааст, ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 2500 иншооти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардид.

Бо мақсади дар сатҳи касбӣ омода намудани варзишгарон барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои бонуфуз ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ 1091 нафар варзишгар- аъзои дастаи мунтахаб дар 78 чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 461 медал, аз ҷумла 100 тилло, 130 нуқра ва 231 биринҷӣ гардиданд.

Аз 14 то 21 сентябри соли сипаригардида дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Бозиҳои сеюми варзишии наврасони Иттиҳоди иқтисодии Евразия баргузор гардид.  Дар он 123 нафар аъзои дастаи варзишии наврасони  ҷумҳурии мо низ ширкат ва соҳиби 73 медал — 3 медали тилло, 17 медали нуқра ва 53 медали биринҷӣ шуданд.

Дар соли 2013 ба кишвар 320012 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд, ки аз ин шумора 207911 нафарашон ба ҳайси сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд.

Шарофати БОБОҶОН, «Садои мардум»