Шамъи хотира

Аз он фоҷиа 72 сол сипарӣ гардид

№115 (3909) 22.09.2018

Саъдулло ОкиловДар китоби таърихи ноҳияи Мастчоҳ саҳифаҳои ғамноку пурандуҳ зиёданд. Яке аз онҳо ҳодисаи 25 августи соли 1946 — ро дар бар мегирад, ки аз хотири наслҳо ҳеҷ зудуда нахоҳад гашт. Он ҳодисае буд, ки 13 нафарро аз хонумон, зану фарзанд, ёру дӯст ҷудо кард. Мардум мотам гирифт, оҳу фарёд заду марсияҳо навишт…

Соати 22 — и 25 августи соли 1946 се — чор чақрим дуртар аз деҳаи Рарзи ноҳияи Фалғар (ноҳияи Айнии ҳозира) мошини сабукраве ба дарёи Зарафшон афтид ва мусофиронаш, мардони обрӯманди диёр ва роҳбару роҳнамои мардум буданд, ғарқ гаштанд. Аҳмад Мираминзода соли 1946 дар ин робита марсияе гуфта буд:

Буданд ҳар яке ба мақомоти сарварӣ,

Нури чароғи олами хубон ба роҳбарӣ.

Ҳар як вазифадор ба атвори меҳтарӣ,

Дар расми муддаӣ ба надимоти кишварӣ.

Хонем марсия ба нағмаҳои фан,

Резем зи ду дидаҳо хуноби қатразан…

Пагоҳии он рӯзи шум вакилони Конференсияи партиявии вилояти Ӯротеппа (солҳои 1945 — 1947 Истаравшани имрӯза вилоят ва ноҳияи Мастчоҳ дар ҳайати он буд) аз ноҳияи Мастчоҳ ба маркази вилоят роҳ пеш гирифтанд. Нисфирӯзӣ онҳо аз маркази ноҳия – Мадрушкат ба Оббурдон мерасанд ва дар хонаи Саъдулло Оқилов меҳмон мешаванд. Бегоҳӣ ба деҳаи Рарз медароянд ва котиби райком С. Қудратов дар он ҷо аз онҳо ҷудо мегардаду мефаҳмонад, ки пагоҳӣ бо мошини вакилони Фалғар  ба роҳ мебарояд. Аз ҳамаи мусофирони онрӯза бештар ронандаи мошини нави «Полутонка» – Аҳмадҷон бештар шитоб дошт. Мехост, аҳли оилаашро, ки бо ӯ дар Ленинобод (Хуҷанд) мезистанд, ба Мастчоҳ орад. Ӯ ба онҳо ваъда дода буд, ки бо даст додани имконият омада, онҳоро мебарад. Дар ин хусус бо раиси комиҷроия Оқилов  суҳбат низ карда буд.

Баъди тайи якчанд чақрим аз деҳаи Рарз хамгаште ҳаст, ки роҳи кӯҳна аз он мегузашт. Мошин ба он торафт наздик мешуд. Дар торикӣ кас роҳро аз бероҳа фарқ намекард. Чароғҳои хирасӯзи мошин имкон намедоданд, ки ронанда дуру шафатро мушоҳида кунад ва …

Фақат пагоҳӣ каме поёнтар аз деҳаи Рарз мардум якчанд ҷасадро аз об бароварданд. Ҷасади чанд тани дигарро баъди гузашти моҳҳо пайдо карданд. Ду нафар бедарак монд.

Дар он рӯзи наҳс дар дил умеду орзуҳои зиёд Саъдулло Оқилови сию сесола — раиси ҳамонвақтаи Ком­иҷроияи ноҳия, Насриддин Юлдошеви сисола — мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи ноҳия бо олами ҳастӣ падруд гуфтанд.

Барои мудири шуъбаи корҳои дохилии ноҳия Ҳайдар Холиқови аштӣ ва Н. Нурматови ҳамшаҳраш, ки дар Мастчоҳ вазифаи мудири шуъбаи маҳсулоттайёркуниро ба зимма дошт, низ он сафари охирин шуд…

Ҳамин тариқ, аз Ҳоҷӣ Зиёев — раиси колхози «Съезди 18 партия», Ҳайдарбек Нусратов — раиси колхози «Коммунист» (деҳаи Оббурдан), Мирзораҳим — раиси колхози «Орҷоникидзе» (деҳаи Ревомутк), Маҳмадшариф Ниёзов — раиси колхози «Куйбишев» (деҳаи Мадрушкат) танҳо хотироти нек боқӣ монд. Марсияи зер имрӯз низ вирди забони мардум аст:

 Сари раисон кардан сафар,

Ин роҳи мошин пурхатар.

Бо тилгиром омад хабар,

Рафтанд аз ин дорулфано.

Дарё шуда лояш кабуд,

Сенздаҳ вакил ҷонаш рабуд.

Во ҳасрато хубона бурд,

Рафтанд аз ин дорулфано.

Дар он сафар ду нафар бону — Муродбегим Сафароваи палдоракӣ — корманди ҳизбӣ ва Асманова — намояндаи КМ ПК Тоҷикистон, ки дар конференсия иштирок доштанд, низ буданд.

Ба ронандаи ҷавону хушчақчақ – Аҳмадҷон Холиқов ҳам муяссар нашуд, ки ба дидори наздиконаш расаду онҳоро ба зодгоҳаш — деҳаи Падрох орад…

Бо ёдовар шудани ин ҳодиса ҳаргиз дарду алами наздикони шаҳидонро тоза карданӣ нестем ва аз он ки ба торҳои хотири онҳо нохун задем, пешакӣ маъзарат мехоҳем. Фақат қарзи хеш донистем, ки шарҳи воқеаро ба қалам орем, то насли ҷавон ин саҳифаи таърихро низ мутолиа кунад. Ин ашхос бо ҳазорон орзуву умед аз дида ба дилҳо рафтанд, аммо таърих онҳоро фаромӯш намекунад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Дар расм Саъдулло Оқилов – раиси Комиҷроияи ноҳияи Мастчоҳ)