Ба мо муроҷиат мекунанд

№82 (3719) 11.07.2017

Навадсолаам, вале нафақа намегирам

Бобои Эргаш, ки синнаш ба 90 расидааст, ба идораи рӯзнома муроҷиат кард. Ӯро Ҳабибулло Абдураҳимов, собиқадори умури корҳои дохилӣ ҳамроҳӣ мекард.

Бо вуҷуди пиронсолӣ дар назари аввал бардам ба назар мерасид. Вақте арзи матлаб кард, маълум гардид, ки  дар зиндагӣ мушкилоти зиёдеро паси сар карда, аламҳои зиёде дар дил дорад. Вай  ҳини  сухан гуфтан зуд-зуд асабӣ мешуд, дастонаш меларзиданд ва аз ҷояш баланд гашта, аз ноадолатиҳо шиква мекард.  Табиист, ки имкони рӯи саҳифа овардани қиссаи пурраи рӯзгори ин марди солхӯрдаро надорем. Дар маълумотномае, ки аз тарафи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ)  А. Самиев пешниҳод шудааст, Эргаш Қарохонов аз соли 1961 то соли 1965 тракторчии колхози Коммунизми ноҳияи Колхозобод, баъд дар идораҳои гуногун, аз ҷумла НБО-и «Норак»  кор карда, баҳри азхудкунии заминҳои водии Вахш саҳм гузоштааст.

- 50 сол  меҳнат кардам, аммо нафақа намегирам, касе ба додам намерасад. Ба бисёр идораю ташкилотҳо муроҷиат кардам, вале ба ман ёрдам нарасонданд. Ман гушна нестам аммо алам мекунад, ки чаро дар ягон ҷо ба доди ман намерасанд?

Роҳбаладашон акаи Хабибулло илова карданд, ки бобои Эргаш воқеан шахси меҳнатқарин асту ёру дӯстони зиёде дорад, дар маъракаҳо эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Ду писарашро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз даст додааст. Ҳоло дар хонаи духтараш зиндагӣ мекунад.

Аз он ки мо ба бобои Эргаш ваъда додем арзашонро мухтасар чоп мекунем, хушҳол шуданд. Аммо ҳайрон шудем, ки чаро масъулон натавонистаанд ва ё нахостаанд мушкили ин муйсафеди 90 — соларо ҳал кунанд?

 Директори мактаб муомилаи хуш надорад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки  дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаи  таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.

Моҳи январи соли равон директори мактаби моро, ки омӯзгори боистеъдод буд, аз кор гирифта, ба ҷояш Матлуба Юлчиеваро таъин карданд. Номбурда аз соли 2002 ба Федератсияи Россия рафта меояду касе намедонад, ки  ӯ то ин дам дар кадом муассисаи таълимӣ фаъолият дошт. Аз рӯзе, ки М. Юлчиева директор таъин шуд, фазои мактаб ором нест. Ӯ аз соҳаи педагогика бехабар буда, бо  омӯзгорон муомилаи хуш надорад. Омӯзгорон моҳи январ кор карда бошанд ҳам, иддае маош нагирифтанд. Аз миёни 6 омӯзгоре, ки маоши  кам гирифта буданд, танҳо Б. Алиев ва И. Абдурасулов баъди муроҷиат ба прокуратура ҳаққи худро соҳиб шуда тавонистанд.

Дар муддати кӯтоҳ М. Юлчиева аз вазифа суиистифода намуда, ҷиянаш З. Юлчиев, хоҳари шавҳараш Р. Азимова, хусураш А. Азимов, духтари амакаш Д. Ҳусейнова, шиносаш В. Ҳамроевро ба кор қабул кард. Директори нав  хешовандонашро ба ҷои Б. Алиев, Ф. Айитова, И. Абдурасулов ва Э. Ҷӯраев ба кор гирифт. Ҳарчанд директор дар ҳуҷҷат омӯзгори фанни забони давлатии синфҳои 6 «а», «б», «в» ва 4 «а», «в» бошад ҳам, дуруст дарс  нагузаштаасту ба ҷояш хешовандони ӯ дар журнал қайд кардаанд. Аз ин рӯ, хонандагон аз барномаҳои ин фанни муҳим ақиб мондаанд.

Аз 12 феврал то 7 июни соли равон дар  мактаб ягон шӯрои омӯзгорон гузаронида нашудааст. М. Юлчиева ду маротиба ба  волидайни хонандагон барои баргузории маҷлиси падару модарон даъватнома фиристод. Волидайн дар вақти муайяншуда ҳозир шуданду маҷлис баргузор нагашт, ки ин боиси норозигии падару модарон шуд.

Аз якуми март то якуми майи соли равон аз 51 нафар хонандаи синфи 11 барои Маркази миллии тестӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд. Аз ин миқдор 25 нафар дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шуданд. Аммо бо вуҷуди муроҷиати чандинкарата директори мактаб 1700 сомонии боқимондаро то ҳол ба хонандагони аз қайд нагузашта  барнагардонидааст. Барои таъмири мактаб бе маҷлиси падару модарон аз ҳар як хонанда 10 сомонӣ маблағ ҷамъ шуда бошад ҳам, то ҳол ҳатто ягон мех ба муассиса харида наовардаанд.

Борҳо аз хусуси камбудиҳои зикршуда ба Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон муроҷиат карда  бошем ҳам, вазъият тағйир наёфт. Аз камбудиҳои мавҷуда танҳо як қисмашро рӯи коғаз овардем. Шояд баъд аз нашри матлаб роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ беғаразона дар ҳалли ин мушкилот ба мо кумак расонад?

 Н. БӮРИЕВ, И. АБДУРАСУЛОВ, њХ. ДАВЛАТОВ, аз номи як гурӯҳ омӯзгорон ва падару модарони МТМУ №47- и ноҳияи Ёвон

«Якпоя, ки шудед, ба шумо протез мемонам»

Дар замони қадим подшоҳ нафареро ба наздаш хонда, аз ӯ пурсидааст:

- Чӣ ҳунар дорӣ?

- Сурнай менавозам, — ҷавоб дода­аст ӯ.

- Аз дастат боз чӣ меояд?

- Асп наъл мекунам, харро бозӣ медоронам, морро ром месозам.

- Боз чӣ?

- Чашмбандӣ. Беморонро табобат мекунам.

- Деҳқонӣ карда метавонӣ?

- Не, ин корро ҳаргиз накардаам, — росташро гуфтааст он шахс.

- Бирав, туро сардори боғбонҳо таъин кардам, — лутф намудааст подшоҳ.

Роҳбарияти Корхонаи давлатии ортопедию протезии шаҳри Душанбе низ баъзан чунин замонасозӣ мекунанд.  Давлату савлат ва маҳмаддоноии баъзеҳоро ба эътибор гирифта, ба онҳо мансаб­чаҳои сердаромадро  бахшидаанд. Дар  натиҷа, худписандии онҳо  чунон авҷ гирифта, ки пишакашонро  пиш гуфта намешавад.  Кӯтоҳи гап, иддае аз кормандони ин коргоҳ бо муносибати дағал хотири бе ин ҳам озурдаи маъюбони корафтодаро озурдатар месозанд.

Духтури протезсоз Саид Шеров ва мудири хоҷагии корхонаи мазкур Исроил Мирзоевро, ки мебоист муносибаташон нисбат ба маъюбони мазлуми корафтода хуб бошад, аз қошу қавоқашон барфу жола мебораду ин маконро ба идораи шахсиашон мубаддал сохтаанд…

Моҳи сентябри соли гузашта хостам ба пойи чапам, ки дар садамаи нақлиётӣ маъюб шуд. протез монам. Аммо Саид Шеров гуфт: «Ака, ман ин хоҳиши шуморо иҷро карда наметавонам, зеро  танҳо нафарони як пойдоштаро пойи сунъӣ мемонам. Ҳар ду поятон дар ҷояш, равед! Ягон вақти дигар илоҷе карда якпоя шуда биёед, ана, баъд ба шумо протез хоҳам монд». Аз чунин суханони духтур ангушти ҳайрат газида, чӣ кор карданамро намедонам.

Дар корхона ҳуҷраи махсуси фароғатӣ аст, вале дараш ҳамеша ба рӯи дӯстдорони китоб баста аст. Қандата хӯру аз мудири хоҷагӣ И. Мирзоев сабабашро пурсон шав. Ӯ дарҳол норозигӣ баён карда, ба сарат «тиру камон» мекашад. Ба пиндори ман, чунин нафаронро дидаю дониста, ба кор таъмин карда, сарашонро сила кардан аз рӯи инсоф нест. Чунин  шахсони бераҳму бешафқат бояд дар дигар ҷой машғули кор бошанд, на масъули корхонае, ки маъюбон бо умед наздашон меоянд.

Оид ба ин қазия роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии кишвар чӣ вокуниш нишон медода бошад?

 Р. САФАРЗОД,журналист

Р.S: Ҳангоме ки ин матлаб нашр мешуд, мо иттилоъ ёфтем, ки мудири хоҷагии корхонаи мазкур И. Мирзоевро бо сабаби шикоятҳои маъюбон аз кор рондаанд.                              

Дар пирӣ аз дасти фарзандон дар азиятам

Чаро нисбат ба онҳо барои ин амалашон муқаррароти қонун татбиқ намегардад?

74 — солаам. Худоро шукр мекунам, ки чунин умри бобаракат насибам гашт.

То ба нафақа баромадан зиндагиам хуб буд. Аз ҳамсари аввалаам чор духтар дорам. Мехостем писардор шавем, вале  насиб набудааст. Бо розигӣ ва пешниҳоди ҳамсарам аз якдигар ҷудо шудем ва ман соли 1990 бо Хайриниссо Хамаева, сокини совхози Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оила барпо кардам. Занам аз ман 20 сол хурд буд. Солҳои аввали зиндагиамон нағз гузашт. Чун ронандаи мошини борбардор будаму дасту бозуи қавӣ дош­там, зиндагиро хуб таъмин мекардам. Аз чизе камӣ надоштем.

Соли 2003 ба нафақа баромадам,  вале бо мошинам, ки шахсӣ буд, шабу рӯз кор мекардам. Бо пули заҳматам ду маротиба ба зиёрати Хонаи Худо рафтам. Дар ин миён ману ҳамсари дуюмам соҳиби чор фарзанд – як писару се духтар шудем.

Пирӣ асар карду дигар қуввату дармонам намонд, ғайрати пештараам аз даст рафт. Чӣ илоҷ:

Чунин аст расми сарои дурушт,

Гаҳе пушти зину гаҳе зин ба пушт.

Пириам боиси дилхунукии ҳамсарам шуду маро дигар нигоҳубин намекунад.

Кор то ҷое расид, ки фарзандон бо ман муомилаи бад мекунанд. Ҳатто писари ягонаам, ки ӯро соҳиби хонаю дар, мошини сабукрав кардам, маро дашномҳои қабеҳ медиҳад.

Ба ростӣ, алам мекунад. Як умр барои таъмини оила, зану фарзанд заҳмат кашидам, онҳоро хӯрондаму пӯшондам, имрӯз, ки дигар қуввати кору сарвати пештараро надорам, нодаркор шудаам. Акнун кӯшиш доранд, ки маро аз хона пеш кунанд.

Дар ин хусус ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муроҷиат кардам. Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чанд нафар ба хонаам омаданд, маслиҳат доданд, вале натиҷа надод.

Акнун аз ашхоси масъули мақомоти дахлдор  пурсиданиам, ки чаро дар ин маврид меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» татбиқ намегарданд? Дар моддаи 10 — и боби 3 — и қонуни мазкур омадааст:

«Фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд.

Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад».

Мурод ЛОЛАХОНОВ,

сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

 Масъулони гӯша Б. КАРИМЗОДА, Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»  

Н. БӮРИЕВ, И. АБДУРАСУЛОВ,

Х. ДАВЛАТОВ,

аз номи як гурӯҳ омӯзгорон ва падару

модарони МТМУ №47- и ноҳияи Ёвон

Р. САФАРЗОД,

журналист

Масъулони гӯша

Б. КАРИМЗОДА,

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»