Ба ояндаи дурахшон боварӣ дорем

№112 (3097) 07.09.2013

Истиқлолият асоси худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату ватандорӣ, заминаи пешравиҳо ва ҳастии миллат аст. Маҳз шарафи истиқлолият буд, ки тоҷиконро дар тамоми дунё ҳамчун миллати мутамаддин, дорои фарҳанг ва забони оламшумул бори дигар ҷомеаи башарӣ шинохт.

Сарфи назар аз он ки ҷанги шаҳрвандӣ ба мамлакат хисороти зиёде эҷод намуд, Тоҷикистони азиз дар натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои азиме ноил гардид. Маҳз ба шарафи Истиқлолият мо соҳиби Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудуди миллӣ гардидем.

Тоҷикистони азизи мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба пойдории адолати иҷтимоӣ диққати калон медиҳад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ қонунҳои зиёд қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки ба тантанаи адолату ҳақиқат нигаронида шудаанд. Махсусан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рушду нумуи соҳаи маориф ва болоравии сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори шоистаи шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Дар сиёсати давлати Тоҷикистон рушди соҳаи маориф, ки асоси болоравии ифтихороти милливу  ватандорӣ, бо мутахассисони шоиста таъмин намудани мамлакат ва ҷомеаи солиму  мутамаддин мебошад, мақоми хоса дорад.

«Агар ба Президенти Тоҷикистон кӯмаке расониданӣ бошед, дар пешравии соҳаи маориф саҳмгузор бошед»,- гуфтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани гуфтаҳои болост.

«Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, ҳадафи дуюмин маҳсуб мешавад»,- гуфтааст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Воқеан ҳам, вобаста ба ин масоили муҳим дар мамлакат корҳои зиёд сомон дода шудааст. Хусусан маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон хеле боло рафтааст, ки  ин асоси оромии ҷомеа, рушду нумуи ҳама соҳаҳо мебошад, зеро ашхоси дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ ҳаргиз даст ба корҳои ношоиста нахоҳанд зад, балки ба манфиати Ватану миллат пайваста ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Дар таърихи башарият хайрхоҳиву адолатпешагӣ ба номи Нӯшервони одил тавъам аст. «Ман ифтихор дорам, ки дар замони ҳукмронии Нӯшервони одил ба дунё омадаам»,- гуфта будааст Ҳазрати Муҳаммад (с). Оре, Нӯшервони одил, ки аз ҷумлаи ниёгони шуҳратёри мо будааст, бо адолату саховати худ дар замонаш ва ҳама замонҳо мислу монанд надоштааст.

Дар китобе хонда будам, ки чун дар ҷанги 700- сола бо давлати Рум хазинаи давлати Сосониён хароб мешавад, Нӯшервони одил вазири аъзамро маслиҳат  медиҳад, ки барои идомаи ҷанг рафта, аз бозаргонон қарз бигирад. Чун вазири аъзам бо бозаргонон суҳбат меорояд, яке аз онон, ки сарвари мӯзадӯзон  будааст, мегӯяд:

-Ман хароҷоти яксолаи ҷангро пардохт мекунам, ба шарте ки давлат иҷозат диҳад набераам  дар мактаб таҳсил кунад. Вақте вазири аъзам ин таклифи бозаргонро ба шоҳаншоҳ мегӯяд, ӯ баъди андешаи зиёд посух медиҳад, ки таҳсил дар мактаб кори ашрофзодагон аст ва шоиста нест, ки бозаргонзода ба омӯзиш машғул шавад.

Ғамхории Сарвари давлати Тоҷикистон  Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи фарзандон беқиёс аст. Суҳбате ё мулоқоте нест, ки Роҳбари давлат падару модаронро ба таҳсилу тарбияи хуб додани фарзандон далолат накунад. Ҳатто дар ин робита бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.

Имрӯз миллати тоҷик шукрона мекунад, ки чунин Сарвари шуҷоъ, хирадманд ва чунин сарзамини муқаддас дорад. Миллати тоҷик аз корномаҳои Президенти кишвар огоҳии комил ва таҳти сарпарастии ӯ ба ояндаи дурахшони худ боварӣ дорад.

Тоҷикистон сарзамини назаркардаи Худост ва ҳар қадар ваҳдати мо пойдору истиқлолиятамон устувор бошад, ояндаи миллат ҳамон андоза дурахшонтар хоҳад буд.

 Фотеҳ ҚУВВАТОВ, судя-коромӯз