Баравн бо об таъмин гашт

№125 (3762) 21.10.2017

Сокинони деҳаи Баравни ноҳияи Ванҷ солҳо аз камбуди оби нӯшокию полезӣ танқисӣ мекашиданд. Чанде пеш дар ин ҷо пойгоҳи обкашӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ин амали муҳим дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» роҳандозӣ гардид. Пойгоҳи обкашӣ 630 оила ва 15 гектар заминро бо об таъмин менамояд.

Лутфишоҳи ДОДО