Барномаи ислоҳоти милитсия идома дорад

№ 12.11.2013

Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба баррасӣ намудани Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020 доир гардид. Дар он кормандони масъули Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Нурилло Орипов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, суханро ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дод.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо барои ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ изҳори сипос намуда, афзуд, ки моҳи апрели соли 2011 байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Ёддошти тафоҳум дар бораи ислоҳоти милитсия ба имзо расид.

Тавре вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, бо мақсади ислоҳоти сохтори милитсия дар фаъолияти он навгониҳо ворид шудааст, ки ташкили Маркази тестӣ, телефони боварӣ ва сомонаи ВКД аз ин қабил мебошанд.

Роҳбари Дастгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Абдураҳим Раҳимов оид ба дастовардҳои ин мақоми қудратӣ дар самти ислоҳоти милитсия зикр кард, ки дар муддати амалисозии ислоҳоти милитсия тағйироти куллӣ ба амал омадаанд.  Хусусан, дар самти ҳамкорӣ бо ҷомеа кори назаррас ба анҷом расид. Аз рӯзи таъсисёбии «Телефони боварӣ»-и вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1135 шаҳрванд оид ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд ва дар натиҷа 82 ҷиноят ошкор гардид.

Таъсиси сомонаи вазорат шаффофияти кори мақомотро таъмин намуд. Аз рӯзи таъсиси сомонаи вазорат ба бахши «Саволу ҷавоб» 338 нафар шаҳрванд муроҷиат намуда, 305 нафари онҳо ба саволҳои худ ҷавоби пурра гирифтаанд.

Ҳар ҳафта қабули шаҳрвандон дар ВКД ба роҳ монда шудааст. Соли равон аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ 220 нафар шаҳрванд қабул ва арзу шикояти онҳо баррасӣ гардид.

Дар давраи амалисозии ислоҳот бо иштироки созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ шаш ва мутахассисони соҳа 10 ҷаласа оид ба ислоҳоти милитсия гузаронида шуд. Дар ин давра 92 минтақаи маъмурии милитсия дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таъмир ва азнавсозӣ карда шуд.

Сипас, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, полковники милитсия Зумрад Солиева доир ба моҳият ва муҳтавои Барномаи рушди ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 баромад намуд. Мавсуф, аз ҷумла зикр кард, ки мақсадҳои асосии Барнома аз муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди милитсия, давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқгардонии фаъолияти мақомот ба талаботи муосир ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, наздиксозии фаъолияти он ба ҷомеа ва таъмини кафолати иҷтимоиву ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ,  такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти милитсия иборат мебошад.

Намояндаи САҲА ҷаноби Улф Биллвинг Нақшаи амалисозии Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020-ро муфассал шарҳ дод.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»