Барои дарёфти Ҷоми раиси ВМКБ

№ 20.11.2023

 402064026_366273225926306_3597735225454597998_nДар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот маросими қадрдонии ғолибони мусобиқаи вилоятӣ баҳри дарёфти Ҷоми раиси ВМКБ аз намуди волейбол, ки давоми чанд ҳафта ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни беш аз 40 даста аз шумули ҳаводорон, калонсолон, ҷавонон ва бонувон ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид.

Раиси вилоят дар ифтитоҳи чорабинии варзишӣ ҷамъомадагонро ба ифтихори Рӯзи Президент ва 31 — солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба иштирокдорон баҳри таҳкими тарзи ҳаёти солим ва музаффариятҳои тозаи варзишӣ барору комёбӣ таманно кард.

Аз рӯи натиҷаҳои даври ҷамъбастии мусобиқаи болозикр дар байни ҳаводорону калонсолон ҷойи сеюмро дастаи «Шуғнон — 2», тими «Ширкати Бунёд» зинаи дуюм ва дастаи «Шуғнон -1» бошад, ҷойи аввал гирифт. Аз байни бонувони идораю муассисаҳо зинаи сеюмро дастаи «Маркази саломатӣ», тими «Донишгоҳи давлатии Хоруғ» ҷойи дуюм ва Комиссариати ҳарбии вилоят бошад, ҷойи аввалро ба даст овард.

Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо «Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», медалу ифтихорномаю мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»