БДА дар сарфаи неруи барқ низ фаъол аст

№20-21 (3321-3322) 14.02.2015

М. СаидовДавоми чанд соли охир вусъат бахшидани сарфакорӣ дар самти истифодаи неруи барқ  дар маркази диққат қарор дорад. Дар саргаҳи иқдоми мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, натиҷаҳояш низ назаррасанд. Хоса, ибтикори Роҳбари мамлакат бобати истифодаи лампаҳои каммасраф хеле муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир арзёбӣ шудааст. Дар ин замина миллионҳо киловатт — соат қувваи барқ сарфа шуда, замина фароҳам омад, ки таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳо бо он беҳбудӣ ёбад. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст, ки ин таҷриба ҳамчун намунаи ибрат аз ҷониби кишварҳои дигар, аз ҷумла  Федератсияи Россия  мавриди истифода қарор гирифтааст. Шояд барои баъзе «бузургон» чун ҳамеша ин ибтикорот низ чандон муассир ба назар нарасанд, вале далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки чунин сарфакориҳо шабеҳи «қатра – қатра зам шавад, дарё шавад» мебошанд. Барои мисол, зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҷумла зикр намуд, ки «…танҳо барои истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ қариб 22 миллион киловатт- соат барқ зарур аст».

Ба наздикӣ, бо зарурате ба Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ рафтам. Мушоҳида ва эҳсос намудам, ки сарфи назар аз сардии ҳаво, долон ва утоқҳои кории бинои Бозрасӣ гарм мебошанд. Ба ин масъала таваҷҷуҳ намудани банда аз он ҷиҳат буд, ки дар утоқҳои корӣ воситаҳои гармидиҳанда (манзурам печкаҳои барқии гармидиҳанда аст) ба назар намерасиданд.  Дарк намудам, ки  низоми ягонаи гармидиҳӣ  фаъол аст.

Тааҷҷубам аз он буд, ки  ин минтақаи шаҳр аз низоми шаҳрии гармидиҳӣ бархӯрдор нест. Пайгирии масъала муайян намуд, ки дар дохили бинои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон печкаҳои махсус, ки истеҳсоли ширкати муътабари BOSCH мебошанд,  насб ва тавассути онҳо тамоми бино бо гармӣ таъмин аст. Аз суҳбат бо кормандони ин ниҳод маълум гардид, ки иқдоми мазкур бо ташаббуси сардори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал – майор Саидзода Маҳмадсаид  Борон амалӣ шудаву аз иқдомоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сарфакорӣ дар самти истифодаи неруи барқ маншаъ гирифтааст.

Тибқи маълумоти дастрасшуда хароҷоти неруи барқ дар бинои мазкур дар як соат 72 киловатт -соатро ташкил медод. Бо насби таҷҳизоти мазкур ин нишондиҳанда бамаротиб кам гардидааст. Омили муҳими дигар ин каммасраф  ва аз ҷиҳати экологӣ безарар будани печкаҳои насбшуда маҳсуб меёбад. Хароҷоти онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 20 килограмм ангишт буда, барои фаъолияти муназзамашон аз кони ангишти Назарайлоқ ба миқдори зарурӣ ин намуди маводи сӯхт дастрас шудааст. Дастрас намудан ва насби чунин печкаҳо тавассути соҳибкорони маҳаллӣ сурат гирифта, дар кишварамон таҷрибаи нав аст.

Иттилоъ гирифтем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин усул таҷҳизоти гармкунандаи барқӣ, ки то ин замон дар бинои мазкур  истифода мегардиданд, ба шуъбаҳои Бозрасӣ дар маҳалҳо фиристода шуданд. Таваҷҷуҳ ба ин масъала ва инъикосаш ба он хотир аст, ки дигаронро низ мебояд мисли генерал – майор Саидзода Маҳмадсаид Борон дар баробари фаъолияти пурмаҳсул  ҷиҳати анҷоми рисолат дар ин самт низ ташаббускор бошанд.

 Д. АБДУЛЛО, «Садои мардум»