Боғпарвар бояд заҳматписанд бошад

№128 (3765) 31.10.2017

DSC_0216Дар замони шӯравӣ боғпарварӣ дар деҳоти «Навдӣ»-и ноҳияи Рашт хеле пеш рафта, беш аз 900 гектарро ташкил медод. Ҳатто дар талу теппаҳо бо ибтикори раиси хоҷагии давлатии «50-солагии Тоҷикистон» шодравон Заробиддин Бақоев чанд гектар боғ бунёд гардид. Баъди пош хӯрдани ҷумҳуриҳои шӯравӣ соҳаи боғпарварӣ  дар ноҳия рӯ ба таназзул ниҳод. Дарахтон ба касалиҳои гуногун гирифтор ва садҳо гектар боғ хароб шуд.

Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Рашт барои боғпарварон шароити мусоид фароҳам оварда шуд ва соҳаи мазкур аз нав рушд кард.

Сокини деҳаи Ҳалқарф Ғайратшо Ғиёсов аз зумраи боғпарварони шинохта аст. Вай соли 2007 дар 1, 20 гектар замини хоҷагиаш боғ бунёд намуд. Ниҳолҳоро аз ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Лахш ва Рашт харидорӣ кард. Соли сеюм аст, ки боғи бунёдкардааш самаровар гардидааст.

- Боғдорӣ кори  осон нест, — мегӯяд Ғайратшо Ғиёсов, — ниҳолҳо навозиш ва нигоҳубинро талаб мекунанд. Ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ ба ин касб муҳаб­бат доштам ва ба калонсолон мадад мерасондам. Ин соҳа даромади хуб медиҳад, ба шарте ки заҳматписанд бошем.

Мирзосафар РИЗВОНОВ