Дар ҳошияи мулоқоти Президент

Боз як такон барои пешрафти фаъолият

№106 (3091) 24.08.2013

Дар ноҳияи Файзобод вобаста ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо аҳли ҷомеаи  мамлакат нақшаи чорабиниҳо таҳия  гардида, мувофиқи он бо аҳолӣ мулоқоту суҳбатҳо доир мегарданд. Гурӯҳи таблиғгарон дар  чойхонаҳои ҷамъиятӣ, таълимгоҳҳо, идораву муассисаҳо муҳтавои суханронии Сарвари давлатро ба омма мефаҳмонанд.

- Гуфтаҳои Президенти муҳтарам барои фаъолияти пурсамари  мо боз як дастури навбатӣ ва таконбахш гардид. То ин дам мо, фаъолияти худро аз рӯйи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2012 ва вазифаҳо  дар соли 2013, Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд,  ба роҳ монда, як қатор корҳоро анҷом додем. Инчунин татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии  виҷдон  ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сармашқи кори мо қарор дорад.

- Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи қонунҳо се вохӯрии  намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармутахассисони танзим, раисони маҳалла, имом-хатибон, бонувон ва фаъолони ноҳия  доир гардид, — гуфт ба хабарнигорамон мудири бахш оид ба корҳои дини назди Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Дилшод Одилов ва афзуд:

- Дар ноҳия нуҳ комиссияи доимӣ ва 112 комиссияи  ҷамъиятӣ амал мекунад. Бахш фаъолияти комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳияро  мавриди  санҷиш ва назорат қарор додааст. Комиссияҳои доимии шаҳраки Файзобод, ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд, Бӯстон, Чашмасор назаррас буда, дар иҷрои талаботи қонун саҳми шоиста  доранд. Вохӯрии кормандони бахши дин, танзими анъана  дар ҳамаи ҷамоатҳо гузаронида шуданд.

Комиссияи доимии шаҳрак маркази ёрии методӣ ва амалӣ мебошад. Дар оғози ҳар моҳ дар яке аз комиссияҳои доимӣ семинар гузаронида, назорат ва ёрии ҳамаҷониба  расонида мешавад.

Комиссияҳои ҷамъиятӣ кори худро дар асоси нақшаи махсус  ба роҳ мондаанд. Комиссияи ҷамъиятии ҳудуди ҳар як ҷамоат зерсохтори комиссияи доимӣ буда, аз рӯйи тобеият назорати фаъолияти онҳо аз тарафи комиссияи доимӣ роҳандозӣ шудааст.

Аз тарафи мутахассисони бахш оид ба корҳои дин, комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ  дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ оид ба татбиқи  қонунҳои зикршуда якчанд мавод чоп шуд.

Дар таблиғи ин қонунҳо кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия, шуъбаи маориф ва дастгоҳи ҷамоатҳо низ ҳиссаи муносиб доранд. Дар сатҳи ҷамоатҳо, мактабҳо, хонаҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва чойхонаи ҷамъиятӣ семинару машваратҳо доир мегарданд.

Аъзои комиссияҳои доимӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар асоси нақшаи корӣ дар ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо, комиссияҳои ҷамъиятӣ 24 суҳбату вохӯрӣ доир карда, масъалаҳои риояи танзим, камхарҷ гузаронидани маъракаҳо, пешгирии воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани савияи касбӣ, таҳсили илмҳои дақиқ барои ояндаи ҷавонон, ҳаҷ ва шароити баргузории он, тарбияи фарзанд, гирифтани пеши роҳи ҷинояткории ноболиғон ва ҷавононро баррасӣ намуд.

Зимни суханронии хеш дар мулоқот  бо аҳли ҷомеаи  мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар даъват ба амал оварданд, ки фаъолиятро дар бахши ёрӣ ба ниёзмандон боз ҳам ҷоннок  бояд кард. Дар ин замина, Дилшод Одилов чунин иброз дошт:

- Дар арафаи ҷашни Наврӯз ба 350 нафар ниёзмандон аз тарафи комиссияҳои ҷамоатҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ба маблағи 108166 сомонӣ кӯмаки моддию пулӣ,  аз ҷумла орд, равған, макарон, биринҷ ва шакар расонида шуд. Ба фонди хайриявии ҷумҳурӣ 400 сомонӣ ирсол гардид.

Комиссияи доимӣ ва ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бо сарварии раиси комиссия  А. Ҳакимов тӯйи суннатии 120 нафар кӯдаконро дар Рӯзи байналмилалии оила – 15 майи соли 2013 баргузор кард.

Бахш бо соҳибкорону саховатмандон ҳамкории зич дорад. Ин аст, ки дар шаш моҳи соли равон аз тарафи онҳо ба маблағи 168966 сомонӣ ба оилаҳои ниёзманд кӯмаки молӣ расонида шуд. Саховатманд Ҷамшед Ғафуров ба 350 нафар ниёзмандон ба маблағи 122500 сомонӣ ёрӣ расонида, инчунин тӯйи суннатии 40 нафар кӯдаконро барпо намуд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»