Бунёди ду пули мошингузар дар водии Яғноб

№120-121 (4703-4704) 05.10.2023

Дар минтақаи Даҳана ва Дуобаи водии Яғноби деҳоти «Анзоб»-и ноҳияи Айнӣ ду пули мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти вилояту ноҳия ва фаъолону сокинони деҳоти «Анзоб» ширкат варзиданд.

Сохтмони ин пулҳои мошингузар, ки барои иқтисодиёт ва беҳдошти зиндагии мардум муҳим мебошанд, дар доираи супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Бунёди иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва «Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти «Агроаксия»-и Олмон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути дастрасӣ ба инфрасохтори деҳот дар водии Яғноб» бо маблағи умумии 1 миллиону 445 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Корҳои васлу насби таҷҳизоти оҳану кафшергарӣ аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ ба анҷом расонида шуд.

Пулҳои мазкур имкон медиҳанд, ки сокинон дар фасли зимистон бо маҳсулоти озуқа таъмин ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба водии Яғноб зиёд гардад.

 Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»