Бунёди кӯдакистон ба тариқи ҳашар

№124 (3761) 19.10.2017

54510573320b7Дар назди кӯдакистони № 1-и ноҳияи Деваштич бинои иловагӣ барои 90 ҷой мавриди истифода қарор гирифт, ки барои ташкили 6 гурӯҳи дигар шароит фароҳам овард.

Он бо дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, роҳбарияти ноҳия, кумаки шахсони саховатманд, аз ҷумла, сарвари Корхонаи «Ҳаҷмит» ва падару модарони тарбиятгирандагон, ба тариқи ҳашар бунёд гардид.

Маблағи лоиҳавии бино беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод.

Дар ноҳия имрӯз 7 кӯдакис­тон бо фарогирии 1,5 ҳазор кӯдак амал менамояд. Айни ҳол дар деҳаҳои Далёну Меҳробод, Хуштоири Муғлон, Лолазору  Ғазантарак  ба тариқи ҳашар бунёди толорҳои варзишӣ ва синфхонаҳои иловагию кӯдакистонҳо ҷараён дорад, ки аз вазифагузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»