Аз нек боғ

Дарахте бипарвар, ки бор оварад

№107 (3092) 27.08.2013

Инсонҳои накукору некният ҳамеша аз худ нақши неке мегузоранд, то дигарон низ баҳравар шаванду зиндагӣ гуворо бошад. Аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб ниҳоле сабзонидан, боғ бунёд кардан бо нияти «Ҳар кӣ хӯрад, дар роҳи ризои Худо».

Воқеан дар кишвари мо, ки табиати гуворою дилкаш дорад, ниҳолшинонию боғдорӣ аз ҷумлаи амалҳои доимии мардум мебошад. Дар миёни сокинони Тоҷикистон шояд шахсе нест, ки давоми умри хеш ниҳоле насабзонида бошад. Ҳамзамон барои мусоидат ба ривоҷи соҳаи боғдорӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи доимӣ дорад. Сохторҳои алоҳидаи давлатӣ барои ривоҷи ин соҳа, инчунин васеъ кардани ҷангалзор фаъолият менамоянд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин ниҳодҳост, ки дар самти зикршуда кори назаррасе анҷом медиҳад. Тавре раиси ин кумита Талбак Салимов иброз дошт, дар кишвар ҳар сол қариб 2000 гектар ҷангалзор бунёд меёбад.

Идораи рӯзномаи «Садои мардум» тасмим гирифт, ки барои саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаи боғпарварӣ дар кишвар, дар ин замина кӯмак расонидан ба ҳамаи онҳое, ки ниҳол мешинонанд ва боғ бунёд менамоянд, бо ёрии мутахассисони кумитаи мазкур зери рубрикаи «Аз нек боғ» силсиламаводро нашр намояд. Дар зер матолибе аз ҳамин силсила пешкаши хонандагони арҷманд мешавад.

99036384_gretskiyoreh

ЧОРМАҒЗ

Ниҳоли чормағзро бо ду роҳ зиёд кардан мумкин аст: коштани тухмӣ ва вегетативӣ (нашвӣ) пайвандкунӣ. Тухмиҳои чормағзро танҳо аз шаклҳои маҳаллӣ ва навъҳои серҳосил барои коштан тайёр мекунанд. Дарахтоне, ки аз онҳо тухмӣ гирифта мешавад, бояд солиму пурқувват ва қадкашию ҳосилнокиашон баланд бошад. Меваи чормағзҳое, ки бо мақсади истифода бурдан ба сифати тухмӣ интихоб карда мешавад, бояд, ки ҳаҷман калон бошад ва мағзашон ба осонӣ аз пӯстлохашон ҷудо шавад.

Муҳлати тайёркунии чормағзро аз рӯйи нишонаҳои берунии меваи он муайян мекунанд.

Агар пӯстлохи болои мева ба кафидан оғоз кунад ва ё ба осонӣ аз мева ҷудо шавад, он гоҳ тайёркунии тухмӣ ба мақсад мувофиқ мешавад. Меваҳои ҷамъоваришударо пурра аз пӯстлохҳояшон тоза карда, дар ҳавои кушод, зери шуои офтоб хушк мекунанд.

Илова бар ин, барои пурра хушк кардани меваи чормағз дар дохили биноҳо, дар ҳарорати 18-20 0 С онҳоро нигоҳ медоранд.

Барои коштан тухмиҳои солим, ҳамвор ва ҳаҷман якхеларо интихоб мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳои водии Вахш ва Ҳисор тухмиҳои чормағз фасли тирамоҳ кошта мешаванд. Агар дар тирамоҳ имконияти коштани тухмиҳо набошад, он гоҳ онҳоро вобаста аз миқдорашон дар қуттиҳо, зери қуми намнок мехобонанд ва аввали баҳор то сабзиши тухмӣ ва решабарорӣ, онҳоро дар замини кушод мекоранд.

Давомнокии давраи зери қум нигоҳдории тухмиҳои чормағз аз ғафсии пӯсти меваи он вобастагӣ дорад. Чунончӣ, меваҳои пӯсташон ғафс то 90-100 рӯз дар ҳарорати 0+80С ва меваҳои пӯсташон тунук то 40-50 рӯз дар ҳарорати 10-180С нигоҳ дошта мешаванд.

Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто тухмиҳои зери қум хобонида, неруи якхелаи сабзиш надоранд. Барои бартараф кардани чунин норасойӣ, тухмиҳои чормағзро пеш аз коридан зери қум як муддати муайян дар ҳарорати 18+200 С  нигоҳ  медоранд, то давраи пурра кафидани тухмиҳо. Сипас, тухмиҳоро аз зери қум гирифта, дар қаторҳо зич мекоранд.

Ҳангоми кам будани миқдори тухмӣ, тухмиҳоро дар қуттиҳои ба омехтаи пору ва аррамайда пурбуда, як ё ду қабат мехобонанд ва муддати муайян дар ҳарорати 18+200 С, то давраи сабзишашон нигоҳ медоранд. Баробари фарорасии гармии ҳаво ба 16+180 С, тухмиҳои сабзидаро дар қатораҳо мешинонанд. Барои хуб инкишоф-ёбии решаи ниҳолҳо, тиррешаҳои онҳоро бо ёрии қайчии боғӣ (қайчии токбурӣ) мебуранд.

Дар ҳавои кушод ниҳолчаҳои чормағз соли аввал суст месабзанд, барои сабзиши хуби онҳо дар давраи нашъунамо, байни каторҳо нарм карда шуда, нуриҳои органикӣ ва минералӣ дода мешавад. Барои нигоҳ доштани 60-70 фоиз намнокии хок зарур аст, ки дар давоми сол, ҳашт-нуҳ маротиба дар фосилаи 10-15 рӯз, қаторҳои ниҳолчаҳои чормағз бо об таъмин карда шаванд. Ҳамин тариқ, дар давоми ду сол тагпайвандҳои хубу пайвандбоби чормағзро сабзонидан мумкин аст.

Яке аз роҳҳои бо тарзи             нашвӣ зиёд кардани ниҳолҳои чормағз ин пайвандкунӣ мебошад. Аслан муҳлати пайвандкунии ниҳолҳои чормағз бо ҳисоб кардани ҷамъи ҳарорати фоиданок ё худ ҳарорати миёнаи шабонарӯзӣ +10 0С ва аз он боло муайян карда мешавад. Дар водии Вахш ва баъзе ноҳияҳои водии Ҳисор пайванд-кунии ниҳолчаҳои чормағз (муғчапайванд) 10-15-уми июн оғоз мегардад. Давомёбии давраи пайвандкунӣ 15-18 рӯзро дар бар гирифта, сабзиши муғчаҳои пай-вандшуда 70-90 фоизро ташкил медиҳад.

Азбаски муғчаҳои чормағз беҳад калон мешаванд, ҳангоми пайванд кардан, ҳатман сипараки пӯстлохи муғчаҳоро васеътар гирифтан зарур аст, зеро дар давраи сабзиш муғчаҳоро бо об ва моддаҳои ғизоӣ таъмин карда тавонад. Пас аз гузаронидани пайванд, ҷойҳои пайвандшударо ба тасмачаҳои полиэтилӣ мебанданд.

Дигар тарзи пайванде, ки барои зиёд кардани чормағз истифода карда мешавад, ин пайванди зимистона, яъне дар шароити   гармхона гузаронидани он аст.

Барои гузаронидани ин амал аввал тагпайвандҳоро (ниҳолҳои хасакӣ) тирамоҳ аз хок канда, дар анборҳои махсус ё дар таҳхонаҳо зери хок ё аррамайда дар ҳарорати наздик то 00С нигоҳ медоранд, ҳамчунин қаламчаҳои барои пайванд интихобшударо аз навъҳои серҳосили чормағз 15-20 рӯз пештар то пайванд (моҳи феврал ва аввали март) гирифта, дар қуттичаҳо бо омехтаи аррамайда, дар яхдонҳо нигоҳ медоранд.

Гузаронидани пайванди зимистона чандон душвор нест. Ягона талабот он аст, ки ҷойи пайвандгузаронӣ бояд тоза ва бо гармӣ таъмин бошад.

Ҳарорати гармхона ва ё ҷойи пайвандгузаронӣ 25+280 С –ро ташкил карданаш лозим аст.

Пас аз гузаронидани пайванд, ниҳолчаҳои пайвандшударо дар қуттиҳои чӯбин ё пластмассӣ бо омехтаи аррамайдаи бо купороси миси сефоиза коркардшуда, қабат-қабат мехобонанд.

Пас аз оғози сабзиши ниҳолчаҳои пайвандӣ дар  қуттиҳо,  онҳоро барои мутобиқ шудан ба ҳавои кушоди хушку хунук мебароранд. Баъд аз сипарӣ гаштани хунукиҳои аввалибаҳорӣ (моҳҳои апрел, май) ниҳолчаҳои пайвандиро дар қатораҳо мешинонанд. Ниҳолҳои пайвандшуда соли дуюм барои шинонидан дар ҷойҳои муқимӣ (боғҳо) тайёр мешаванд.

Агар ниҳолҳои бепайванд соли ҳафтум-нуҳум ба ҳосил дароянд, ниҳолҳои пайвандӣ бе гум кардани хусусиятҳои хубашон соли сеюм- чорум ба ҳосил медароянд.

Ҳикматулло Назиров, доктори илмҳои кишоварзӣ.

Бурҳониддин  Каримзода, «Садои мардум»