Дашти ташналаб баҳористон мешавад

№89 (3390) 01.07.2015

Бинобар сол аз сол афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Ғончӣ мушкилиҳои зиёд оид ба таъмини мардум бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ пеш омадааст.

Ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин мушкил нақши калидӣ мебозанд. Бо ин мақсад дар мавзеи Сексарӣ, ки замоне «Дашти Қизилӣ» ном дошту заминҳояш ташналабу нопайдоканор буданд, акнун шаҳраки нав бо номи Баҳористон барои сокинони шаҳри Истаравшан  ва ноҳияи Ғончӣ бунёд мегардад.

Чанде пеш аз ҷониби муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раисони шаҳру ноҳияи Истаравшан ва Ғончӣ санги асос гузошта шуд.

Раиси вилоят  ба мавзеи шаҳраки навбунёд ташриф оварда, дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии ба номи Абдуваҳҳоб Ҷумъаеви ноҳияи Ғончӣ, ки дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшан қарор дорад, бо  аҳолӣ мулоқот намуд.

Чуноне ки масъулин арз карданд, тибқи нақшаи генералӣ дар ин шаҳраки навбунёд 3315 нафар сокинони эҳтиёҷманди шаҳри Истаравшан ва 618 нафар эҳтиёҷмандони ноҳияи Ғончӣ соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ хоҳанд шуд. Дар ин мавзеъ панҷ ҳазор гектар заминҳои ташналаб обёрӣ шуда, барои зиёда аз нуҳ ҳазор нафар ҷойи кор муҳайё мегардад. Баҳри амалӣ гаштани ин нақша лӯлаи оби 400 — миллиметра то якуми сентябри соли равон кашида шуда, беморхона, се кӯдакистон, 20 муассисаи иҷтимоӣ, варзишгоҳ, марказҳои солимгардонӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ сохта мешаванд.

Мувофиқи дастури раиси вилоят шаҳраки нав дар саргаҳи шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд бунёд гашта, барои сокинони он имкониятҳои зиёде ба вуҷуд хоҳад омад.

Абдураҳмон Қодирӣ таъкид дошт, ки биноҳои дар ин ҷо бунёдшаванда бояд замонавӣ ва дорои ҳама шароит бошанд.

-Вақти он расидааст, ки ба бунёди биноҳои баландошёна шурӯъ намоем, — афзуд мавсуф.

Биноан, дар шаҳраки навбун-ёди «Баҳористон» бунёди даҳҳо биноҳои  нуҳошёна ва аз он ҳам баландтар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин мавзеъ 36 гектар замин  барои сохтмони минтақаи саноатӣ ҷудо мегардад ва бо ташкили корхонаҳои нави саноатӣ дар ин мавзеъ фароҳам омадани 11500 ҷойи кори доимӣ дар назар аст.

Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарияти шаҳри Истаравшану ноҳияи Ғончиро вазифадор намуд, ки баҳри ҳар чӣ зудтар оғоз намудани кор дар ин мавзеъ бо дастгирии соҳибкорон ду бозори масолеҳи  бинокориро таъсис дода, барои рафтуомади сокинон ба ин маҳал равуои нақлиёт ташкил шавад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум».