Донишманде, ки осору рӯзгораш намунаи ибрат аст

№155(3456) 17.11.2015

Андешаҳо доир ба ҷанбаҳои нодири эҷодиёти олими маъруф Аълохон АФСАҲЗОД

Дар бораи чунин шахсияти маъруфи илм ва фарҳанги тоҷик, нафаре, ки муаллифи даҳҳо асарҳои барҷастаи илмӣ ва садҳо мақолаҳои хеле пурмуҳтаво буда, дар инкишофи маърифат ва худшиносии миллии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми беандоза бузург дорад, сухани тоза гуфтан хеле душвор аст. Зеро симои илмӣ ва ҷанбаҳои фаъолияти эҷодии устод Аълохон Афсаҳзод барои ҳамагон маълум мебошад. Бо маҳсули дастранҷи илмии эшон толибилмони наврас аллакай аз китобҳои дарсии соҳаи адабиёти тоҷик баҳраманд гардида, дар маҳфилҳои бузурги илмии чандин манотиқи рӯи олам катибаҳои хирадмандонаи ӯро мавриди истифода қарор медоданд, рӯзномаву маҷаллаҳои мамлакат тайи даҳсолаҳо пур аз мақолаҳои таҳлиливу танқидии Аълохон Афсаҳзод буданд. Ҳамзамон дар радиову телевизион пайваста суҳбату барномаҳои адабӣ ва эҷодии он кас пахш мегардид ва шунавандагону тамошобинон доимо имконият доштанд, ки аз нозуктарин ҷанбаҳои пурғановати фарҳанги миллати тоҷик огоҳӣ пайдо намоянд. Хулоса,  гуфтан мумкин аст, ки Аълохон Афсаҳзод тайи даҳсолаҳо гули сари сабади фарҳанг ва маърифати кишвар буд.

Вақте бо самтҳои гуногуни осори илмии Аълохон Афсаҳзод ошноии комил пайдо мекунед, қабл аз ҳама, фарохии ҷанбаҳои он пеши назар меояд. Басо ҳайратовар аст, ки як нафар олими хеле фурӯтан, заҳматкаш, хоксор ва хеле принсипнок тавонистааст дар доираи якчанд намуд илмҳои замон асарҳои нодир офарад. Аз як тараф, мебинед, ки Аълохон Афсаҳзод гӯё якумр ба таҳқиқи осори орифи бузург Абдураҳмони Ҷомӣ машғул будааст ва воқеан  маҳз ҳамин шахсият барои хонандагони тоҷик симои комили эҷодии яке аз бузургтарин чеҳраҳои таърихи адабиёти классикии форсу тоҷикро кашф намудааст. Аз тарафи дигар, доир ба мусиқии симфониву опера, балети классикиву ҳунари дирижёрӣ ё худ муаммоҳои рушди драматургияи милливу сатҳи режиссура дар театрҳои касбӣ, нақди сарояндагии Шашмақому проблемаҳои тарғиби он ва мисоли ин доир ба даҳҳо самтҳои дигари олами маънавияти тоҷик мақолаву рисолаҳои басо муфид ва пурмазмун эҷод намудани А. Афсаҳзод аз бузургии ин олими тавоно дарак медиҳад. Аз ин рӯ, бояд эътироф намуд, ки таҳқиқи осор ва зиндагиномаи Аълохон Афсаҳзод барои дарк намудани роҳҳои ислоҳи мушкилоти фарҳангӣ ва илмии замон, тарбияи олимони ҷавон, эҳтиром ба шахсиятҳои бузург, рушду такомули маънавият дар шароити замони ҷаҳонишавӣ моҳияти беандоза бузург дорад.

Онҳое, ки бо А. Афсаҳзод шиносоӣ доштанд, дар хотир доранд, ки ӯ дар ҳама маҷлису нишастҳо, дар суҳбатҳои илмӣ, тӯю маъракаҳо ҳамеша бо лафзи ширини адабӣ (бидуни худнамоӣ ё худ «адабитарошӣ») суханронӣ менамуд. Шахсан ба банда чунин менамуд, ки гӯё аз забони ӯ такаллуми самимонаи устод Садриддин Айнӣ ба самъи кас мерасид. Шояд ин сифатро истеъдоди фитрии Аълохон Афсаҳзод шуморидан мумкин аст, зеро ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ маҳз бо эътирофи забондониаш ӯро ба Дастгоҳи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сифати тарҷумон ба кор даъват намуда буданд. Яъне, маҳз хуб донистан забони модарӣ минбаъд таҳкурсии устувор ва боэътимоди бунёди эҷодии А. Афсаҳзод гардид ва муҳимаш он аст, ки дар таснифи асарҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ ё худ мақолаву маърӯзаҳои илмӣ А. Афсаҳзод ҳеҷ гоҳ суханпардозӣ намекард, истилоҳоти бегонаро ба кор намебурд, ҳамеша ба гуфти мардум, гапро «лучаку пӯстканда» мегуфт. Дар ҳамин маврид гумон меравад, ки шояд яке аз омилҳои баъзе «уламо»-ро ба ғаш овардани рафтору гуфтор ва осори А. Афсаҳзод низ кушоду равшан ва беибо сухан рондану андеша баён намудани ӯ бошад. Ин хеле муҳим аст, зеро имрӯз тамаллуқ, таърифу тавсифҳои бемаънӣ, мақолаву рисолаҳои умуман бемазмун бисёр шуда, ин услуби нафратангез, сутуни устувори илми ҳазорсолаи моро ба ларза овардааст.

Шахсияти Аълохон Афсаҳзод, қудрати илмӣ ва фаъолияти хеле густурдаи ҷамъиятии ӯро замони хеле мураккаб ва пурасрори нимаи дувуми қарни XX ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷанбаҳои эҷодии ин шахсияти замон бо дарназардошти кулли назокати иҷтимоӣ ва сиёсии ҳамон давра ибрози назар намоем, зеро танҳо дар ҳамин ҳолат метавон ба маҳсули илмӣ ва адабии ӯ баҳои ҳаққонӣ дод. Барои мисол метавон ба ин масъала таваҷҷуҳ намуд: Доир ба осор ва рӯзгори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ қабл аз Аълохон Афсаҳзод низ асарҳои илмӣ ва тарҷумаиҳолӣ навишта буданд, вале ба андешаи банда, маҳз устод Аълохон Афсаҳзод тавонист кулли ҷараёни рушду такомул ва таҳаввулоти фикрии шоири бузургро дар силсилаи таҳқиқот мавриди таҳқиқ қарор диҳад. Инро дар яке аз рисолаҳои Аълохон Афсаҳзод бо номи «Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ» (Душанбе, соли 1981) мушоҳида кардан мумкин аст. Аълохон Афсаҳзод тайи таҳқиқи лаҳзаҳои муҳими зиндагии Абдураҳмони Ҷомӣ (сафарҳо ба чандин гӯшаву канори олам, ташрифи чандинкарата ба шаҳри Самарқанд, сафари Ҳиҷоз, мулоқоту суҳбатҳо бо уламои замон ва ғайра) таҳаввули фикру андеша ва такомули рӯзмарраи диди бадеиву эстетикии шоирро рӯи дафтар овардааст. Аълохон Афсаҳзод дар ин таҳқиқот исбот намудааст, ки чаро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ достони «Хирадномаи Искандарӣ»-ро бо услуби аз Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хисрави Деҳлавӣ тамоман фарқкунанда тасниф намуда, маҳз симои «Искандари ормонӣ»-ро хеле мӯшикофона тафсир кардааст. Дар баробари ин, бояд ҳатман зикр намуд, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ маҳз дар охирҳои умраш ба навиштани рисолаи мусиқӣ камар баста, барои рушди илм ва амалияи ҳунари мусиқӣ саҳми бузург гузошт. Ин иқдоми Абдураҳмони Ҷомӣ шояд бевосита ба ҳамон таҳаввулоти афкори ӯ иртибот дошта бошад, зеро ба шарҳи «Дувоздаҳмақом»-и мусиқии тоҷик машғул гардидани пири хирад ва орифи замон аломати пурмаъное ба шумор мерафт ё худ ишорае ба ҷониби аҳли хурофот ва ҷаҳолати ҳамон давра. Аълохон Афсаҳзод баъдан бо ташаббуси хеле бамаврид матни аслии ин рисоларо дар ҷилди ҳаштуми «Куллиёт»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба табъ расонид ва доираи васеи хонандагони тоҷик аввалин маротиба имконият пайдо намуданд, ки бо матни рисолаи мусиқии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ шинос гарданд.

Маърифат ва ҷаҳолат, ориф ва ҷоҳил, донишманд ва бесавод, ватандӯст ва хоин, дӯст ва душман, ҳақиқат ва дурӯғи зиндагӣ — ҳамаи ин масъалаҳоро Аълохон Афсаҳзод аз саҳифаҳои орифонаи осори Абдураҳмони Ҷомӣ омӯхта, барои аҳли замонаш пешкаш менамояд. Ӯ аввал худаш дар рафтору кирдораш ҳамеша ба риояи одоби асил кӯшиш менамуд. Ҳамагон ёд доранд, ки дар солҳои 80- уми қарни гузашта як идда олимон (баъзан ба ном «олимон») нисфи умри хешро барои соҳиб гардидан ба унвонҳои «академик», «аъзо — корреспондент» сарф мекарданд, тамоми воситаҳоро истифода мебурданд, тағобозиву маҳалгароӣ менамуданд, то ки шуҳратёр гарданд. Аълохон Афсаҳзод, ки дар ҳамон давра аллакай муаллифи даҳҳо асарҳои илмӣ гардида буд ва воқеан метавонист тибқи оиннома узви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шавад, аз ин гуна муборизаҳои бемаънӣ худро дур мекашид. Ӯ шабу рӯз машғули донишандӯзӣ, пайваста дар фикри эҷоди асари нав, ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масоили маориф ва фарҳанги мамлакат буд. Дар ин ҷода ӯ пайрави вафодори устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад ва маҳз ҳамин хислати ибратбахши онҳоро ба худ касб намудааст.

Дар ёд дорам, аввали солҳои 80-ми асри XX академик Евгений Примаков (дар он замон директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои собиқ ИҶШС) ба Душанбе ташриф оварда буд ва меҳмони Академияи илмҳо гардид. Пас аз ҷамъбасти ҷаласаҳо ва суҳбатҳо бо аҳли илми Тоҷикистон, Евгений Максимович даъвати роҳбарони академияро барои иштирок ба зиёфати расмӣ бо арзи сипос рад намуда, изҳор намуд: «Агар шумо зид набошед, ман як рӯзи сафари худро бо Аълохон Афсаҳзод гузаронам, мо суҳбати хоса дорем, ғайр аз ин, вай палави хуб мепазад». Устод Аълохон Афсаҳзод худи ҳамон бегоҳӣ ба мо — чанд нафар ҷавонони академия супориш дод, ки барои ташкили истироҳати меҳмон дар яке аз мавзеъҳои дараи Варзоб тайёрӣ бинем. Рӯзи дигар аз субҳ меҳмонон бо ду мошин ба Варзоб омаданд ва зери сояи дарахти бузурги чанор, лаби чашмаи мусаффо рӯзи дароз мо шоҳиди суҳбати хеле ибратбахш гардидем. Мо, ки  машғули омодаи палав ва нону дастурхон будем, аз рафти суҳбат огоҳии комил пайдо накардем, вале ҳаминаш хуб дар хотирам ҳаст, ки Евгений Примаков чандин карат такрор менамуд: «Аълохон шогирди хуби Бобоҷон Ғафуров мебошад» ва шӯхиомез ба русӣ илова мекард: «если хотите, я тоже являюсь его хорошим учеником».

Дар яке аз мақолаҳои ба санъати театри муосири тоҷик бахшидааш Аълохон Афсаҳзод дар бораи намоиши хеле машҳургардидаи Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» «Интихоби домод» сухан меронад. Сараввал муаллиф таъкид намудааст, ки ин намоишро ӯ якҷоя бо академик Бобоҷон Ғафуров тамошо кардааст (бо пешниҳоди худи Б. Ғафуров) А. Афсаҳзод мисол меорад, ки пас аз тамошои намоиш устод Б. Ғафуров бо аҳли театр, режиссёрон ва муаллифон суҳбат ороста, ба баъзе норасоиҳои спектакл ишора намуданд. Масалан, Б. Ғафуров зикр намуданд, ки ин гуна услуби «модерн» (режиссёр — Валерий Аҳадов), саҳнаҳои андаке бемаънии «бӯсу канор» ба фарҳанги мо, ба одобу услуби зиндагии шарқиёна мувофиқат намекунад.

Ин мақола, ки зери унвони «Театри академӣ ба куҷо меравад?» нашр шуда буд, яқинан маълум аст, ки бо ҳидояти Б. Ғафуров иншо гардидааст. Аълохон Афсаҳзод дар ин мақолаи ҳаҷман хеле калон (қариб ду ҷузъи чопӣ) ба таҳлили  кулли масоили театри тоҷик — мазмун, мундариҷа ва услуби драматургия, бозии актёрон, фаъолияти режиссёрон, рассомон, ҷалби тамошобинон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст ва бо услуби хеле ҳирфаӣ ба ҳамаи ҷанбаҳои театри муосири тоҷик баҳои ҳаққонӣ додааст. Гуфтан зарур аст, ки ба ин намоиш он замон якчанд тақризҳои рӯякӣ ва тамаллуқкорона нашр гардида буданд, вале Аълохон Афсаҳзод роҳи душвор — ташхис ва таҳлили сабабҳои объективӣ ва омилҳои ҳунарии эҷодиёти театри бузургтарини мамлакатро интихоб менамояд. Ӯ сараввал ҳамаи осори тӯли 15-20 сол барои театр офаридаи драматургони тоҷикро хеле дақиқ меомӯзад ва ба хулоса меояд, ки яке аз сабабҳои сукути эҷодии театр ин норасоиҳои соҳаи драматургия ба шумор меравад, ки ҳалли худро пайдо накардааст. Воқеан, бояд иқрор гардид, ки ин мушкил имрӯз ҳам ҳалли худро меҷӯяд.

Ба бозии баъзе актёрон, ки доим ба «ширинкориҳои фач» машғул мебошанд, А. Афсаҳзод баҳои сазовор дода, ба чунин хулоса меояд: «Ба ақидаи мо, театр дар дуроҳа истодааст. Онро аз асарҳои сабук ва фаъолияти консертӣ озод намуда, бо репертуари шоиста ва режиссураи замонавӣ ба тарафи академизм кашидан лозим аст» («Зиндагӣ дар саҳна», Душанбе, соли 1984, саҳ.126-165). Тасаввур намудан душвор нест, ки агар имрӯз устод А. Афсаҳзод бо мо мебуд, ба баъзе намоишҳои театр чӣ гуна ва бо чӣ лафз баҳогузорӣ мекард.

Аён аст, ки А. Афсаҳзод фаъолияти театршиносии хешро на танҳо аз толори тамошо, балки аз мушоҳидаи ҳаводиси «пушти парда»-и театр низ ғанӣ гардонидааст. Ёд дорам, ки ҳамон солҳо дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» намоиши «Фармони Кадушоҳ» хеле зиёд намоиш дода мешуд ва баъзан ҳатто дар идораҳои боло доир ба мазмуни ин намоиш баҳсу мунозираҳо баргузор мегардид. Як идда режиссёрон ва кормандони театр ифтихор менамуданд, ки «ана мо тавонистем танқиди ҳақиқиро рӯи саҳна биёрем».

Аълохон Афсаҳзод, ки он давра ҳамчун мунаққиди варзида ва донандаи хуби фаъолияти театрии мамлакат эътироф гардида буд, ин намоишро ба ду пули пучак баробар карда, чунин баҳогузорӣ намуд: «Спектакли «Фармони Кадушоҳ» аз июни соли 1971 то марти 1972  чиҳилу ду маротиба ба тамошобинон пешкаш шудааст. Ин рафтор ба аҳолии музофот хизмати хирсона расондан буда, табъи онҳоро ланҷ намуда, одамони соҳибзавқро нисбат ба театр дилхунук мегардонад» («Зиндагӣ дар саҳна», Душанбе, соли 1984, саҳ.165).

Фаҳмост, ки барои чунин баҳо додан  на танҳо шуҷоат, балки дониши соҳа, дарки амиқи рӯйдодҳои фазои фарҳангӣ ва масъулияти волои шаҳрвандӣ зарур буд. Мунаққид эҳсос менамуд, ки ин намуд «ширинкориҳо» ба завқу талаботи эстетикии ҷомеаи нав мутобиқ нест, яъне дар ин маврид А. Афсаҳзод дархости мардумро ҷонибдорӣ мекард. Шояд ҳамин гуна эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа, дарки тақозои замон ва мушоҳидаи сатҳи хеле баландрафтаи талаботи мардум ба ҳунари асил А. Афсаҳзодро водор намуданд, ки минбаъд низ пайваста доир ба масъалаҳои рушди театру синамо, мусиқиву санъати рассомӣ мақолаҳои пурмазмун эҷод намояд. А. Афсаҳзод замонасозиро бад медид, вале ҳамчун фарзанди замон (узви Ҳизби коммунист) аз мазмуни қарору қонунҳои сиёсии ҳамон давра хулосаҳои даркорӣ мебаровард ва бо истифода аз ин ҳуҷҷатҳо роҳҳои ҳалли муаммоҳои фарҳангу маърифатро пешниҳод мекард. Дар яке аз чунин мақолаҳояш  зери унвони «Съезди 25 КПСС ва баъзе масъалаҳои инкишофи адабиёт ва санъати тоҷик» (рӯзномаи «Маориф ва маданият», 20 апрели соли 1976) устод Аълохон Афсаҳзод тавонистааст, ки бо истифода аз ин ҳуҷҷати муҳими замон ҳалли проблемаҳои инкишофи фарҳангро устокорона бозгӯйӣ кунад.

Дар нимаи аввали солҳои 70- уми асри гузашта дар пойтахт театри нав — гурӯҳи навтаъсиси Муассисаи давлатии «Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳайати ин театр хатмкунандагони студияи махсуси тоҷикии Институти театрии шаҳри Москва буданд ва онҳо баробари оғози корашон ба ҳаёти фарҳангии пойтахт насими тоза зам намуданд. Барои тарғиби театри нав ва шарҳи мазмуну мундариҷаи асарҳои саҳна аз аввалинҳо шуда, маҳз Аълохон Афсаҳзод дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ даҳҳо тақризу мақолаҳои таҳлилӣ пешниҳод кардааст, ки ин иқдом барои устуворона рушд намудани ин коллективи хеле ҳам нодири ҳунарӣ нақши бузург бозидааст.

Соли 1978 композитори маъруфи тоҷик Толиб Шаҳидӣ мусиқии балети «Марги судхӯр»- ро (аз рӯи повести машҳури С. Айнӣ) эҷод намуд ва хореографи боистеъдод Сталина Азаматова онро рӯи саҳнаи Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» овард. Мазмуни ин повест барои ҳамагон хеле ошно буд, зеро ин қиссаро хурду калон чандин карат хонда буданд. Шояд ҳамин буд, ки ба вуҷуд овардани асари хореографӣ дар жанри балет ва пайдо шудани симои Қорӣ Ишкамба дар саҳна барои бисёриҳо ғайриодӣ ва ҳатто хандаовар менамуд. Ҳамагон дар ақидаи он буданд, ки чӣ гуна метавон тавассути ин санъати нозук ва лирикӣ симои нафратангези судхӯри замони куҳанро тасвир намуд. Мусиқии олиҷаноби Т. Шаҳидӣ, услуби мазҳакаомези саҳнароӣ, бозии бомаҳорати ҳунармандон (Воҳид Эшонхӯҷаев дар нақши Қорӣ — Ишкамба) ва дигар омилҳо намоиши аҷиберо офариданд, вале барои тамошобинон, зарур буд, ки ба ин намоиш шарҳи фасеҳи бадеӣ, эстетикӣ ва ҳирфаӣ баён карда шавад. Аз миёни даҳҳо мутахассисони варзидаи театр танҳо ба Аълохон Афсаҳзод муяссар гардид, ки дар мақолаи «Либоси нави повести устод Айнӣ» раванди муназзамеро аз ғояҳои нодири бадеӣ-фалсафии устод Садриддин Айнӣ то мусиқии «Гротеск»-и Зиёдулло Шаҳидӣ ва аз он то ба услуби махсуси хореографияи С. Азаматова ва бозии аҳли балет мувашшаҳ созад. Дар баробари таҳлили ин масъалаҳои бадеӣ – эстетикӣ, А. Афсаҳзод ба фаъолияти оркестри симфонӣ, роҳбари он дирижёр Ибодулло Абдуллоев низ баҳогузорӣ намудааст. Ин мақола шаҳодати он аст, ки он замон дар олами фарҳангшиносии тоҷик дар симои А. Афсаҳзод шахсияти варзида ва пурмасъулият ба воя расида будааст.

Ҳамин буд, ки ҳар нафаре ки ҳамсуҳбати А. Афсаҳзод мегардид, метавонист бо ӯ дар доираи хеле фарохи илму адаб, ирфону фалсафа, мусиқиву театр, таъриху сиёсат ва ғайра саволу ҷавоб намояд ва аз маслиҳатҳои ӯ баҳраманд шавад. Махсусан, дониши ӯ дар соҳаи матнҳои классикӣ хеле фарох ва амиқ буд. Барои банда боиси ифтихор аст, ки чанд муддат бо устод А. Афсаҳзод оид ба  рисолаи мусиқии Дарвеш Алии Чангӣ «Туҳфат-сурур» (асри XVII) бо иштироки олими Ӯзбекистон Д. Рашидова ҳамкорӣ намоем. Мақсади мо омодаи чоп намудани матни аслии рисола ва таҳияи шарҳи мазмуни он буд. Ин намуд гурӯҳи эҷодии  сегона, яъне мусиқишинос, матншинос ва муаррих маҳз бо тавсияи А. Афсаҳзод ва дастгирии Муҳаммад Осимӣ (Президенти вақти Академияи илмҳо) ташкил шуда буд ва устод аснои дақиқан хондани матн, шарҳи истилоҳот ва бо назарияи мусиқии замон пайванд сохтани мазмуни рисола хизмати хеле бузурги раҳбариро иҷро намуд. Дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои олимони Институти шарқшиносӣ, ки соли 1983 баргузор гардида буд, устод А. Афсаҳзод ба нашри як қатор рисолаҳои мусиқӣ, ки аз ҷониби ғайримутахассисон иҷро гардида буд, баҳои ғайриқаноатбахш дод ва пешниҳод намуд, ки минбаъд нашри осори ба илми мусиқӣ бахшидашудаи ниёгонамонро бо иштироки донандагони илми мусиқӣ ба роҳ монем.

Устод Аълохон Афсаҳзод бо аҳли илму адаб ва ҳунар дӯстии наздик дошт ва ин муносибатҳоро хеле эҷодкорона истифода менамуд. Бо мақомшиноси маъруф ва танбӯрии асил Фазлиддин Шаҳобов, бо дирижёр Ибодулло Абдуллоев, бо ҳунарпешагони бомаҳорат Раҷабгул Қосимова, Маҳмудҷон Воҳидов ва Ҷӯрабек Муродов ва бисёр нафарони дигари олами ҳунар равуо мекард. Дар ҷараёни ҳамин гуна муносибатҳои дӯстона ва беғаразона ҷаҳони ботинии муҳаққиқ такмил меёфт ва ӯ аз бисёр ҷанбаҳои пурасрори олами ҳунар огоҳӣ пайдо менамуд. Ҳамин буд, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мақолаҳои маъруфи устод А. Афсаҳзод доир ба санъати Шашмақом («Мавҷи сурур») ё худ фаъолияти эҷодии Тӯҳфахон Фозилова, доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии драматурги номӣ Ғанӣ Абдулло, дар бораи моҳияти иҷтимоӣ — адабии осори устод Мирзо Турсунзода ва ғайраҳо навишта шуданд. Инҳо мақолаҳои одӣ набуданд, балки дар ҳар яке аз онҳо масъалаҳои пурмоҳияти замон таҳлил мешуданд. Масалан, доир ба эҷодиёти устод Ғанӣ Абдулло чандин мақола нашр намудани А. Афсаҳзод боиси он гардид, ки назари аҳли ҷомеа, хусусан сиёсатмадорони давр (замоне маҳз аз дасти чунин «сиёсатбозиҳо» Ғанӣ Абдулло гирифтори туҳмат гардида буд) оид ба мазмуну муҳтавои драмаҳои Ғанӣ Абдулло ба куллӣ дигаргун гардад.

Аълохон Афсаҳзод ба ҷавонони зиёд  ҳаққи устодӣ дорад. Боре, пас аз нашри як мақолааш, ки бо ҳамроҳии муҳаққиқи ҷавон Валӣ Самад навишта буданд (доир ба робитаҳои эҷодӣ миёни олимони тоҷик ва тотор), устод А. Афсаҳзод ба Валӣ Самад маслиҳати хеле муфид дод ва ӯро ба таҳқиқи пайвастаи масоили иртиботи адабии доираҳои гуногун — Озарбойҷону Тотористон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Франсия, Гурҷистон ва ғайра) сафарбар намуд. Гуфтан мумкин аст, ки дар фаъолияти хеле пурсамари эҷодии Валӣ Самад, ки имрӯз воқеан яке аз муҳаққиқони варзида ва пурмаҳсул ба шумор меравад, саҳми устод А. Афсаҳзод хеле назаррас аст.

Соли 1998 дар шаҳри Тошканд ҳимояи рисолаи доктории банда дар мавзӯи «Осори тасаввуф дар мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ» таъин гардид ва роҳбарияти Академияи ҳунарҳои зебо пешниҳод намуд, ки яке аз оппонентҳо бояд ҳатман аз Тоҷикистон бошад ва аз илми мусиқиву осори тасаввуф дараки хуб дошта бошад. Бо тавсияи олими маъруф Наҷмиддин Комилов Шӯрои олимон номзадии устод Аълохон Афсаҳзодро тасдиқ намуд. Дар ҳимояи рисола устод ширкат карда натавонист, вале дар ёд дорам, ки пас аз қироати тақризи А. Афсаҳзод аҳли маҷлис онро бо кафкӯбӣ истиқбол намуданд.

Бояд эътироф намуд, ки дар як мақола ҷойгир намудани ҳамаи мушоҳидаҳо оид ба ҷанбаҳои пурсамари фаъолияти эҷодии Аълохон Афсаҳзод кори душвор аст. Дар ҳар сурат, мо кӯшиш намудем, ки барои хонанда симои эҷодӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва муҳимтараш — инсони покиза ва хоксор будани ин шахсияти бузурги замонамонро бозгӯйӣ намоем. Аълохон Афсаҳзод пайваста ба садои қалби мардуми тоҷик, халқи азизи Тоҷикистон гӯш медод, нидои дили мардумро бо диди олимона рӯи коғаз меовард, хеле сахтгир буд ва принсипнокиашро дар ҳеҷ маврид ба маҳалбозиву ҷоҳпарастӣ иваз намекард. Рӯзгор ва осори Аълохон Афсаҳзод тайи даҳсолаҳои минбаъда низ боиси ибрат хоҳад гардид.

Аслиддин Низомӣ, доктори илмҳои санъат­шиносӣ, профессор