Ду хабар

№51 (3531) 19.04.2016

Сухан аз ватандӯстӣ буд

Чанде пеш дар маҳаллаи Қинтириқи деҳоти «Хистеварз» вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва пешгирии гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ бо аҳолӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Мавлуда Ҷӯраева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Дилбар Бобоева ва фаъолони ноҳия дар ин робита суханронӣ ва доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолият ва талошҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва пешрафти кишвар андеша  баён намуданд.

Медали тиллои Мунзифа

Хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳоти «Мастчоҳ» Мунзифа Сафарзода дар озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ бо медали тилло сарфароз гашт.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Нуриддин Боқиев, раиси ҷамоати деҳот Муллотуроб Туробов, роҳбари маҳфили адибон, шоир Маликнеъмат Неъматзод ва сарвари муассисаи таълимӣ Устоҳафиз Саидов Мунзифаро ба ин муносибат табрик гуфтанд.

Зикр гардид, ки ин ҷаҳорумин медали тиллои хонандагони муассисаи таълимии мазкур дар озмуни ҷумҳуриявист.

Мунзифа Сафарзодаро омӯзгори фанни ҷуғрофия Толиб Ғиёсӣ ба озмун омода ва роҳнамоӣ кардааст.

 Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»