Духтури тоҷик — сарвари ду табобатгоҳи шахсӣ дар шаҳри Москва

№27 (4133) 29.02.2020

IMG-30ccdbd925f1bc213a02f2002c64bc6e-VСолҳои пеш муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия асосан дар сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, бозор ва соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекарданд. Ҳоло фаъолияти онҳо дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла, тандурустӣ низ назаррас аст.

Дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб Ҳасан Раҳмонов соли 1997 ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон барои таҳсил дар ординатура рафта, зиёда аз 20 сол аст, ки дар Федератсияи Россия ба ҳайси духтури уролог кор мекунад.

Ӯро дар шаҳри Москва чун духтури ҳозиқу хушмуомила аксарият хуб мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

Илова бар ин, Ҳасан Раҳмонов сарварии ду табобатгоҳи шахсӣ, яке воқеъ дар кӯчаи Новороссийск (метрои Люблино) ва дигаре дар кӯчаи Поречная (метрои Братиславская)-и шаҳри Москваро ба уҳда дорад. Дар онҳо ҳуҷраҳои эндокринологӣ, стоматологӣ, урологӣ, неврологӣ, кардиологӣ, акушер — гинекологӣ ва гастроэнтерологӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, беморон метавонанд аз ташхиси электрокардиограмма, ултрасадо ва таҳлили хун истифода намоянд. Дар шуъбаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии табобатгоҳи якум зикршудаи Ҳасан Раҳмонов духтури оториларинголог Зебо Шаъбонова фаъолият мекунад, ки ӯ низ дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  мебошад.

Вақте ба табобатгоҳ (кӯчаи Новороссийск) омадем, табибон беморонро муоина мекарданд. Светлана ном бонуи рус изҳор намуд, ки солҳои дароз аз дарди дандон азият мекашид. Дар чанд  муассисаи тандурустӣ вақту маблағи зиёд сарф карда бошад ҳам,  натиҷае надид. Бо маслиҳати яке аз дӯстон ба табобатгоҳи Ҳасан Раҳмонов омада, муолиҷа гирифт ва аз дард халос шуд.

- Маълум аст, ки ин ҷо мутахассисони асил ҷамъ омадаанд,  — бо хушҳолӣ изҳор намуд Светлана.

Ба табобатгоҳҳои Ҳасан Раҳмонов бештар  мубталоёни санги гурда, простатит, уретрит, аденома, систит ва ғайра муроҷиат мекунанд. Азбаски ташхис тавассути таҷҳизоти муосир сурат мегирад, шифоёбии беморон низ кафолат дода мешавад. Натиҷаи ташхиси дурусту муолиҷаи самаранок аст, ки тибқи пурсиши интернетӣ 86 дарсади шифоёфтагон Ҳасан Раҳмоновро ба дигар беморон ҳамчун мутахассиси олидараҷа тавсия додаанд. Чунин боварию эътимоди мизоҷон на ба ҳар як табиб  муяссар мешавад.

- Ман аз табибони варзида Ю. Исҳоқӣ, М. Ғуломов, А. Осимӣ, А. Достиев, А. Қаҳҳоров бештар  миннатдорам, ки ҳар қадар тавонистанд донишу малака ёд доданд. Сахтгирии онҳо ва дигар устодони хайрхоҳу меҳрубон буд, ки алҳол дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон куҷое раванд, соҳиби эътимоду эҳтиром мегарданд, — мегӯяд Ҳасан Раҳмонов.

Ӯ аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки алҳол дар  баробари мутахассисони хушсалиқа давоҳои истеҳсоли Тоҷикистон низ берун аз кишвар ном бароварда истодаанд. Масалан, шахсони алоҳида барои ёру дӯстон аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Моск­ваю Қазон равғани сиёҳдона ва  нӯшдоруи истеҳсоли ширкати «Авитсенна»-ро меоранд, ки аз 26 намуд гиёҳ тайёр карда шудааст. Зеро дар Федератсияи Россия ба давоҳои табиӣ ихлоси зиёд доранд.

Зимни хайрухуш ба Ҳасан Раҳмонов барору комёбӣ хоста, таманно кардем, ки сафи ҳамдиёрони соҳибистеъдоду ватандӯстамон зиёд шавад. Зеро олимону мутахассисони варзида дар ҳама гӯшаю канори олам шиносномаи миллатанд.

Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум».

Душанбе — Москва – Душанбе