Ҷаласаи васеи кории раиси шаҳри Душанбе

№104 (3089) 20.08.2013

19 августи соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории раиси шаҳр бо иштироки раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев, қабл аз ҳама таваҷҷуҳи масъулинро ба омодагии шаҳр ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нигаронида, дастур дод, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби раиси шаҳр тасдиқгардида анҷоми корҳои пешбинишударо таъмин созанд.

Мавсуф супориш дод, ки комиссияҳои марбутаи ҷамъиятӣ корҳои назоратиро аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо пурзӯр намуда, таваҷҷуҳи махсусро ба  вазъи санитарию экологӣ дар шаҳри Душанбе равона созанд.

Ҳамзамон дар ҷаласа ҷараёни корҳои омодасозии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, беҳдошти ҳолати зиддисӯхторӣ дар бинову иншоот ва ташкилоту идораҳо, риояи танзими расму оин дар баргузории ҷашну маъракаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳр ба риштаи таҳлил кашида шуд.

Инчунин раиси шаҳр роҷеъ ба баланд бардоштани  масъулияти фармоишгарон ва пудратчиёни иншооти дар пойтахт бунёдшаванда, илова бар муқаррароти мавҷуда, комиссияҳои марбутаи давлатии қабули иншоотро муваззаф сохт, ки зимни санҷишҳои мутақобилаи сохтмонӣ нисбати рафъи камбудиҳои лоиҳавии бунёди иншоот ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд, дар сурати акс  онҳо бобати ҳар як камбудии дарёфтгардида  масъулияти шахсӣ хоҳанд бурд.

Бо дарназардошти  фарорасии соли нави таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини соҳаҳои дахлдорро муваззаф сохт, ки нисбати бо маводи ғизойӣ таъмин кардани муассисаҳои системаи маорифи шаҳр чораҳои қатъӣ андешанд.

Ш. САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе