Ҳамоиши солонаи занон – кормандони ВКД

№20-21 (3321-3322) 14.02.2015

Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши солонаи занон-кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур сардори Раёсати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, полковники милитсия Зумрад Солиева, сардори Шӯрои занон-кормандони вазорат, полковники милитсия Азиза Давлатшоева, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим, Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Эллиотт Сюзан, намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.

Мақсад аз баргузории чунин як ҳамоиш баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва нақши созандаи онҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.  Дар ҳамоиш мавзӯъҳои гуногунро вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи зан, аз қабили оила ҳамчун асоси ҷамъият,  мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба зӯроварӣ мусоидаткунанда, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суханронӣ сардори Раёсати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, полковники милитсия Зумрад Солиева зикр кард, ки соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул  гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

Дар қонуни мазкур роҳҳои расонидани кумаки ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ муайян карда шудааст. Бо мақсади амалисозии қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ 18 маркази буҳронӣ ва се бахши он амал менамоянд. Дар бахшҳои зоишгоҳи беморхонаҳои як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ утоқҳои алоҳидаи машваратӣ ва расонидани ёрии тиббӣ оид ба зӯроварӣ ва хушунат нисбати занону кӯдакон созмон дода шудааст, ки ҳамаҷониба фаъолият менамоянд.

Бо фармони вазири корҳои дохилӣ дар мақомоти милитсия вазифаҳои нозирон оид ба муқовимат бар зидди зӯроварӣ дар оила ташкил карда шудааст, ки дар ин самт фаъолияти пурсамар доранд.

Дар доираи татбиқи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида истодаанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»