Беш аз 420 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд

№87 (3072) 12.07.2013

ДУШАНБЕ. ( Хайруллои АБДУЛВАҳҳОБ, «Садои мардум») Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 292181 гектар кишти ғалладона гузаронида шудааст. Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то даҳаи аввали моҳи июли соли равон майдони 132524 гектар ғалла даравида шудааст. Манбаъ зикр намуд, ки ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҳоло ҷамъовардашуда 421919 тоннаро ташкил медиҳад ва барои ҷамъоварии ҳосил беш аз 730 адад комбайни гандумдарав ҷалб шудааст. Ҷамъоварии ҳосили ғалла дар вилояти Хатлон низ идома дорад. Тибқи маълумот, имсол дар ин вилоят майдони кишти ғалла 137212 гектарро ташкил медиҳад.