Табиби ман - ҳабиби ман

Дӯстдори касб

№19 (3165) 25.02.2014

DSC_1173Адиба Ёрова зодаи ноҳияи Ҳисор буда, ҳанӯз замони кӯдакӣ орзуи табиб шуданро дар дил мепарварид. Волидайнаш, ки бо пешаи омӯзгорӣ рӯз мегузарониданд, мехостанд, духтарашон низ бо пайроҳаи эшон равад. Меҳри касби табибӣ бошад, Адибаро ба Омӯзишгоҳи тиббии рақами якуми шаҳри Душанбе овард.  Ӯ соли 1984, баъди хатми бомувафақияти омӯзишгоҳ, корро дар Беморхонаи бемориҳои асаби ноҳияи Ҳисор оғоз намуд. Аз соли 1987 фаъолияташро дар шаҳри Душанбе давом медиҳад. Айни ҳол дар дармонгоҳи рақами 14-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамшираи тиббӣ аст.

Адиба Ёрова мегӯяд, ки аз касби интихобкардааш пушаймон нест, зеро бо ин касб соҳибнону соҳибном гардидааст.   Тавре худи ӯ мегӯяд: «Касби табибиро аз хурдӣ хеле дӯст медоштам, аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ аз роҳи интихобкардаам пушаймон нестам. Бо касб инсон соҳиби обрӯю эҳтиром мегардад».

Оре, Адиба Ёрова имрӯз соҳиби обрӯст. Бо муносибати ҳалимонааш дар дилу дидаи беморон ҷой гирифтааст. Ӯ миёни ҳамкоронаш низ бо хушмуомилагиву меҳнатдӯстиаш шинохта шуд. Чуноне ки ҳамкораш, табиби оилавӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Раъно Қиёмова мегӯяд:

- Адибаро зиёда аз 20 сол аст, ки мешиносам. Ӯ бисёр инсони хуб аст. Ҳамарӯза одамони зиёде Адибаро суроғ карда меоянд. Берун аз кор низ инсони меҳмондӯст аст. Ёриашро аз касе дареғ намедорад.

Адиба Ёрова мегӯяд, ки ғайр аз касби табибӣ, ба эҷоди қиссаву очерк низ шавқу рағбати беандоза дорад, зеро, падараш ба навиштан бисёр ҳавас дошта ва маслиҳат медод, ки агар фикре дар сарат барои навиштан пайдо шуд, ҳатман онро рӯйи коғаз биёр.

То имрӯз чанде аз навиштаҳои Адиба Ёрова дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп омадааст. Чанде пеш, қиссаашро бо номи «Нози хаёл» барои дар шакли китоб чоп кардан ба нашриёт супурд.

Адиба дар охири суҳбат иброз дошт, ки бо шароити мусоиди корие, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар фароҳам оварда шудааст, месазад, ки шабу рӯз самаранок фаъолият намойӣ.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»