Дар арафаи ҳамоиши бузург

№101 (3086) 08.08.2013

MТавре маълум аст, рӯзҳои 20-21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор мегардад. Омодагии кишвари мо ба ин ҳамоиши бузург чӣ гуна аст? Хабарнигорамон бо ин савол ба ҳамраиси Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронси байналмилалӣ, муовини якуми вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимов муроҷиат кард:

- Нахуст мехоҳам ёдовар шавам, ки Конфронси мазкур мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 20 декабри соли 2010 №65/154 бахшида ба «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об- 2013» доир мешавад.

Соли гузашта бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлосияи 67-уми худ дар чаҳорчӯби банди 20-уми рӯзнома («Рушди устувор») қатъномаеро (67/204) таҳти унвони «Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул намуд. Дар маҷмуъ, 48 кишвар, ки минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд (Австралия, Арманистон, Афғонистон, Африкаи Ҷанубӣ, Баҳрайн, Бангладеш, Беларус, Ветнам, Гурҷистон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Россия, Ҳиндустон, Чин, Эрон, Япония ва ғ.), ба ин иқдом пайвастанд. Баргузоркунандагони Конфронси Душанбе  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ мебошанд.

Ҳадафи Конфронси Душанбе аз мусоидат кардан ба беҳбудбахшии ҳамкорӣ дар соҳаи об (аз ҷумла ҳамкориҳои фаромарзӣ), таблиғи таҷрибаҳои беҳтарин бо иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдор, ташвиқ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар тамоми сатҳҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об ҳамоҳанг шудаанд, иборат мебошанд. Конфронси мазкур имкон хоҳад дод, ки раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (2005-2015) дар мавриди захираҳои обӣ ва тавсияҳову пешниҳодҳо бобати тарҳрезии Ҳадафҳои рушди устувор барои давраи рушди пас аз соли 2015 муҳокима ва баррасӣ гарданд.

Мувофиқи лоиҳаи барномае, ки дар ҷаласаи дуввуми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда 4 июл ҳамоҳанг шуд, Конфронс аз ду ҷаласаи умумии сатҳи баланд ва ҳашт ҷамъомад дар чунин сатҳ дар мавзуъҳои зерин иборат хоҳад буд:

-ҳамкорӣ дар соҳаи об  барои рушди инсонӣ;

-ҳамкорӣ дар соҳаи об  барои  манфиатҳои иқтисодӣ;

- ҳамкорӣ дар соҳаи об барои экосистемаҳо;

-ҳамкории фаромарзӣ;

-ҳамкорӣ дар соҳаи об  ва масъалаҳои гендерӣ;

-ҳамкорӣ дар соҳаи об  ва зарфиятсозӣ;

-ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳамнерусозии бахшҳо;

-ангезаву омилҳои барқарорсозии ҳамкорӣ дар соҳаи об.

Ба Конфронс ҳайатҳои ҳамаи кишварҳои аъзои СММ, мақомоти роҳбарии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои ҳавзавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, олимон ва мутахассисон, намояндагони расонаҳои гурӯҳӣ ва ғайра даъват шудаанд.

Интизор меравад, ки иштироккунандагони конфронс афзалиятҳои асосиро дар мавриди ҳамкорӣ бобати ҳалли масъалаҳои об муайян карда, тавсияҳоро дар бораи равишу афзорҳои муассири истифодаи захираҳои обии дарёву кӯлҳои фаромарзӣ, инчунин пайванди мутақобили ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар мавриди захираҳои обӣ таҳия хоҳанд намуд.

Ҷиҳати омодагӣ  ба Конфронси Душанбе мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2012 №664 тасдиқ шуда буд, тадбирҳои лозима андешида шудаанд, аз ҷумла:

-  кумитаи тадорукот бо роҳбарии Сарвазири кишвар, гурӯҳи корӣ ва Котиботи Конфронс бо роҳбарии муовини якуми вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ барои баррасии масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об  31 январ, 14 март, 29  май ва  5 июли соли 2013 баргузор шудаанд;

- рамзи Конфронс таҳия ва қабул гардид;

- консепсияи конфронс таҳия шудааст;

- торнамои расмии (www.hlicwc.org ) Конфронси Душанбе амал мекунад, ки дар он тамоми маълумоти марбут ба конфронс ҷо дода шудааст;

- кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи конфронс, ки аъзои он 23 нафар коршиноси шинохтаи байналмилалӣ дар соҳаи об мебошанд, таъсис ёфт. Иҷлосияи якум ва дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда мутаносибан 5 март ва 4 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Иҷлосияи сеюм ва охирони он дар остонаи Конфронс барпо мегардад;

- даъватномаҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони сарони давлат ва ҳукумати кишварҳои аъзои СММ, мақомоти роҳбарикунандаи СММ ва ниҳодҳои гуногуни он фиристода шудаанд;

- макони баргузории конфронс толори асосии «Кохи Сомон» муайян шудааст.

То ба имрӯз ҳамагӣ 650 нафар, аз 60 кишвари ҷаҳон, 41 ташкилоти байналмилалӣ иштироки худро дар Конфронси Душанбе тасдиқ кардаанд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»