Дастурамали муфид

№102 (3087) 12.08.2013

ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Аз ҷониби доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров дастурамали муфиде зери унвони «Бунёди боғ» таҳия гардид, ки бо дастгирии барномаи Гурӯҳи ҳифзкунандагони ҷангали Норвегия (NFG) дар Тоҷикистон ба нашр расид. Олими варзида бо истифода  аз тадқиқотҳои назариявӣ ва амалӣ ба боғдорон оид ба давра, тарз ва муҳлати шинонидани ниҳол, парваришу ғизодиҳӣ, шаклдиҳӣ ва буридани дарахтони ҷавон, усулҳои самарабахши пайванди ниҳолҳо маслиҳатҳои пурқиммат додааст.