Душанбе: ҷамъбасти озмуни«вао-муқобили коррупсия»

№2-3 (3303-3304) 06.01.2015

Бо иқдоми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «ВАО-муқобили коррупсия» гузаронида шуд.

Дар озмуни имсола рӯзномаҳои «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод, «Насими Исфара»-и шаҳри Исфара, «Ҳақиқати Ховалинг»-и ноҳияи Ховалинг, «Садои Конибодом»-и шаҳри Конибодом, «Новый Хатлон»-и вилояти Хатлон, «Согдийская правда»-и вилояти Суғд ғолиб дониста              шуданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»