Ба ифтихори 90 -солагии пойтахт

Хонаи умеди тоҷикон

№50 (3196) 16.05.2014

ва ё тақдири шаҳре, ки борҳо навсозӣ шудааст

Ба ростӣ, нафаре, ки 10-15 сол боз Душанберо надидааст, агар имрӯз ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон биёяд, гумон мекунад ин шаҳри навест ва ба тозагӣ бунёд ёфта. Бале, давоми солҳои охир симои пойтахти кишвар ба куллӣ дигаргун гашт. Иншооти гуногуни маъмурию маишӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, марказҳои савдо, манзилҳои истиқоматӣ, ки бо шаклу намои нав бунёд ёфтаанд, ҳусни ин шаҳри азизро зеботар гардонидааст. Имрӯз ба ҳар гӯшаю канори пойтахт равед, мебинед, ки сохтмони иморатҳои нав ба нав идома дорад ва ҳудуди маркази тоҷикони ҷаҳон мунтазам васеъ мешавад.

Имсол аз пойтахти Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистон эълон шудани шаҳри Душанбе 90 сол пур мешавад. Тавре шумо, хонандагони арҷманд,  медонед ва рӯзномаи «Садои мардум» ҳам борҳо матолиб дарҷ карда буд, аслан маркази тоҷикони имрӯза дар замонҳои  қадим ҳам чун шаҳри ободу сернуфузе будааст ва «…дар арзи таърих аз асари ҷангу кашмакашҳо, ҳуҷумҳои пай дар пай ва сӯхторҳо борҳо хароб гардид ва боз аз нав қомат рост кард». (Аз мусоҳиба бо академик Н. Неъматов.  «Садои мардум», 29 октябри соли 1994).

Дар ин навишта мо саъй кардем роҷеъ ба таърихи Душанбе маълумот диҳем, ки чӣ тавр он баъди харобиҳои чандинсолаю аз назарҳо каме дур мондан, дар солҳои 20-уми асри гузашта  ва сипас тавре ҳамаи мову шумо шоҳидем, тайи солҳои истиқлолияти кишвар аз нав эҳё ва барқарор гашт. Барои пайдо кардани ин гуна маълумот баъзе нашрияҳои солҳои гузаштаро ба қадри имкон варақ задем ва ба сарчашмаҳои таърихӣ назар кардем.

Бино ба маълумотҳои дар китоби муҳаққиқи тоҷик Ш.Юсуфов  «К историю дореволюционного Душанбе» (Душанбе, «Дониш», 1988) овардашуда, «…солҳои аввали асри Х1Х мувофиқи баъзе ахборотҳо Душанбе 20 ҳазор  (маълумоти дигар 28 ҳазор) аҳолӣ дошт.»

Соли 1983 дар шаҳри Душанбе нахустин омӯзиши археологӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа муайян гардид,  ки Душанбе таърихи беш аз дуҳазорсола дорад.

Солҳои аввали 90-уми асри гузашта аксари нашрияҳои кишвар оид ба таърихи Душанбе мавод чоп мекарданд ва ин ҷо чанд нуктаҳои ҷолибро аз он навиштаҳо манзури хонанда мегардонем.

«Вақте ки шаҳр сохта мешуд, он вақт маълум набуд, ки дар таги он шаҳри қадимае ҷой дорад… Ҳамин тавр фарзияе исбот гардид, ки шаҳри Душанбе дар замонҳои Искандари Мақдунӣ сохта шудааст…» (Аз мақолаи Олег Панфилов ва Виктор Дубовицкий «Душанбе шаҳри қадиму ҷавон»// «Пионери Тоҷикистон», аз 15 августи соли 1990).

Дар як мақолаи таърихӣ аз 9 январи соли 1990 бо номи «Вести о древном Душанбе» дар рӯзномаи «Вечерный Душанбе» дарҷ гардида гуфта шудааст, ки моҳи декабри соли 1989 дар маҳаллаи Қаряи болои шаҳр ҳангоми корҳои сохтмонӣ як қабри қадимае пайдо шуд ва аз дохили он дастпона, мӯҳра ва дигар ороишоти занона ёфтанд, ки ин маҳсулотро занҳои ҳудуди имрӯзаи Осиёи Марказӣ дар охири асри V ва аввали асри VIII истифода мекардаанд. Дар ин бора муовини директор оид ба корҳои илми Институти таърих, археология ва этнографияи АИ РСС Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш В. Соловьёв дар рӯзнома хабар дода буд ва дар як ҷои мақолааш бо таассуф мегӯяд: «Вақте ки ман машғули тоза кардани боқимондаҳои қабр будам, гирдогирди ҷойи таҳкурсии барои бинои нав канда, сардори ин қитъаи сохтмонӣ бовиқор қадам зада, ба коргарон супориш медоду аз ҳузури ман ва корам изҳори норозигӣ мекард.» Бале, ба шарофати чунин сардорон бисёр саҳифаҳои ҷолиби таърихи диёрамон, аз ҷумла Душанбе, дар он давраҳо зимни бунёди иншооти гуногун таҳқиқ нашуда монд, ки решаҳои он ба умқи таърихи қадима мерасид.

Тавре Қаҳҳор Расулов дар мақолааш «Душанбе шаҳри бостонии тоҷик» («Ҷавонони Тоҷикистон», 5 феврали соли 1989) зикр кардааст: « Як қатор бозёфтҳои дар солҳои ӯ 1951-1952 ёфтшуда, аз қабили гӯшвораи аз тиллою нуқра сохташуда, ки дар он пайкараи зан ва панҷаҳои шер тасвир ёфтаанд, зину афзоли асп ва тарҳи биноҳо дар соҳили дарёи Душанбе  аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин мавзеъ ҳанӯз дар давраи подшоҳии Юнону Бохтар (асри II то солшумории мелодӣ мо) шаҳрчае вуҷуд доштааст.»

Аз якчанд китоб, маълумотномаҳо ва нашрияҳо дарёфтем, ки бисёр тадқиқотчиёни рус, ки солҳои 1875-1880 ба ин минтақаҳо сафар кардаанд, дар ёддоштҳои хеш Душанберо на қишлоқ ё деҳаи пурчангу хок (тавре  баъзе ҳамтоёни онҳо баён кардаанд), балки чун шаҳр,  аз ҷумла «Душанбе шаҳрест тобеи бекигарии Ҳисор» (В.Ф. Ошанин) ва ё «Душанбе шаҳрест калон ва дорои бозорҳои васеъ» (Р.В. Рожевиц) ёдовар шудаанд.

Инак, тавре аз омӯзишҳо  маълум мешавад, ин макони хушобу ҳаво ва дилпазир, Душанбеи зебо, аз ҷумлаи шаҳрҳои қадимаи тоҷикон буда, бар асари ҷангу кашмакашҳо ва талоши ҷаҳонхоҳон борҳо вайрон шуда, бо ҳукми таърих аз нав эҳё гардидааст ва имрӯз бо саъю талоши роҳбарияти олии кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  он барнотару шуҳратманд мегардад ва ба маркази тоҷикони ҷаҳон ва хонаи умеди онҳо табдил ёфтааст.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»