Муҳокимаи усулҳои нави арзёбии камбизоатӣ

№149 (3295) 15.12.2014

Дувоздаҳуми декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба «Ченкунӣ ва мониторинги камбизоатӣ» баргузор гардид. Ташкилкунандагони конфронси мазкур Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ буданд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод зимни сухани ифтитоҳӣ роҷеъ ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ҳарф зада, иброз дошт, ки натиҷаи ҷаҳду талошҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар буд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 35,6 фоиз дар соли 2013 коҳиш ёфт. Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсудзода Шуҳрат низ аз ҷаҳду талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ёдовар шуд. Масъули Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба таҷрибаи камбизоатӣ дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ Каролина Санчез-Парамао доир ба мавзӯи мавриди назар фикру андешаҳояшро баён кард.

Ҳадафи конфронс рӯнамоии усулҳои арзёбии камбизоатии глобалӣ ва маҳдудиятҳо, муқоиса намудани арзёбии камбизоатӣ дар сатҳи миллӣ ва муассисаҳо бо таҷрибаи байналмилалӣ, муҳокима намудани методологияи миллии арзёбии камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Методологияи тадқиқоти буҷети хонаводагӣ аз таҷрибаи беҳтарини байналмилалии арзёбии камбизоатӣ асос ёфта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мунтазам ҷамъоварӣ намудани маълумоти фарогир ва боэътимод дар бораи хонаводаҳо, маълумот оид ба тамоюлҳои камбизоатӣ ва нишондиҳандаҳо дар Тоҷикистон кумак мерасонад.

Коршиносони байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Колумбия ва Гурҷистон иштирокчиёни конфронсро бо таҷрибаи ташкил намудани механизмҳои беҳтари институтсионалии арзёбии камбизоатӣ ва қабули методологияҳои такмилёфта шинос намуданд. Миёни иштирокчиён ва коршиносони байналмилалӣ дар масъалаи мавриди назар саволу ҷавоб сурат гирифт.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»