Номҳои таърихӣ барои ҳифзи асолати мавзеъҳои ҷуғрофӣ

№8 (3154) 21.01.2014

Чанде пеш дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти фаъолияти солонаи Кумитаи мазкур баргузор гардид. Тавре муовини раиси Кумита Бибиосия Ғуломова зикр намуд, дар Кумита 17 нафар корманд фаъолият дорад, ки аз ин теъдод як нафар доктори илм, ҳафт нафар унвонҷӯйи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ мебошанд. Кумита дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсозии истилоҳот дар соли 2012-ум шаш фарҳангро дар ҳаҷми 6591 истилоҳ (дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ ва сохтмон) ва дар соли 2013-ум панҷ фарҳангро дар ҳаҷми 15 704 истилоҳ (дар соҳаҳои кишоварзӣ, тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ ва техникӣ) мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 фаъолияти худро дар робита ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамоҳангсозии иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва назорати татбиқи қонуни мазкур ба роҳ мондааст. Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои муҳими Кумита ба шумор меравад.

– Барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, барои шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян карда шудааст, — афзуд муовини раиси Кумита Б. Ғуломова.

Ҳамзамон баҳри иҷрои қонуни мазкур гурӯҳи кории кормандони Кумита 195 ташкилоту муассисаи ҳудуди шаҳри Душанберо мавриди санҷиш қарор доданд ва номгуйи зиёди лавҳаю овезаҳои нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасониро иваз намуданд. Аз ҷумла «Королева» ба «Бону», «Одевашка» ба «Амина», «Ласточка» ба «Парасту», «Продажа компютеров» ба «Мағозаи фурӯши компютерҳо» табдили ном шуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар номгузории маҳалҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, бо вуҷуди тағйири теъдоди номҳои бегона ва ғайримиллӣ, мутаассифона, камбудиҳо низ ба назар мерасад, ки ин ба такрори номи ашхос дар як ҷой ва ё дар чандин маҳалҳои дигар иртибот дорад.

- Инчунин Кумита бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишин ҳамкорӣ дорад. Бояд зикр намуд, ки номҳои таърихӣ барои ҳифзи асолати  мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷиву дохилӣ хеле муҳим мебошад, — гуфт дар охир Бибиосия Ғуломова.

Ш. БОБОҶОН, «Садои мардум»