Пулҳои қалбакӣ ошкор нашудаанд

№83 (3068) 04.07.2013

ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»)  Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди он, ки гӯё дар муомилот пулҳои қалбакии миллӣ пайдо шудаанд, изҳор менамояд, ки соли ҷорӣ дар муомилот ягон адад пули қалбакӣ ошкор ва мусодира нашудааст. Ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, танҳо ба хотири пешгирӣ кардани хатар аз зарари эҳтимолии ворид шудани пулҳои қалбакӣ ва дар доираи чорабиниҳои нақшавӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба муассисаҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзӣ, соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъор ва шуъбаҳои минтақавӣ нома ирсол намуда, тавсия дода буд, ки ҳангоми додугирифти маблағҳои пулӣ эҳтиёткор бошанд ва нисбати ин масъала ҷиддӣ рафтор намоянд.

Манбаъ зикр мекунад, ки пулҳои коғазии миллӣ бо унсурҳои муосири ҳимоявӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ки ҳама гуна амалҳои тақаллубкорӣ, аз қабили кӯшишҳои чопи пулҳои қалбакиро барбод медиҳанд. Масалан, дар пулҳои коғазии 20, 50 ва 100 сомонӣ се адади охири рақами силсилавии пул дар рӯйи навори кинеграмма бо тарзи лазерӣ чоп шудаанд, ки яке аз навовариҳои охирин дар соҳаи чопи пул ба ҳисоб меравад.