Сафири Олмон дар Ҷамъияти дӯстӣ

№149 (3134) 26.11.2013

Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон (ҶДРФТ) бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳолгер Грэнро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот  аъзои  Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон- Олмон» иштирок доштанд. Дар оғоз С. Хайруллоев сафирро хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки ҶДРФТ  56 сол боз арзи вуҷуд дорад ва аз замони шӯравӣ то имрӯз анъанаи неки пайванди риштаҳои дӯстии тоҷиконро бо халқҳои ҷаҳон идома медиҳад. Айни ҳол, дар замони истиқлолият низ, тавассути фаъолияти пурсамари аъзои ин ҷамъият барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳо чорабиниҳои зиёде амалӣ мешавад. Ин нуктаро бо мисолҳои мушаххас раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Олмон», мудири кафедраи забони олмонии ДДОТ ба номи С. Айнӣ Хайрулло Сайфуллоев тақвият бахшид. Вай гуфт, ки соли ҷорӣ, аз ҷумла ду чорабинии муҳим  ташкил ва баргузор карда шуд. Охири моҳи июн таҳти роҳбарии магистри бахши олмоншиносии Донишгоҳи ба номи Гумболди шаҳри Берлин хонум Кяра Клаусман дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Душанбе омӯзиши забон ва фарҳанги олмон барои талабагони болаёқати макотиби ҷумҳурӣ доир гардид. Инчунин ҷиҳати омӯзиши забони олмонӣ ва фарҳанги Австрия курси тобистона гузаронида шуд, ки дар он магистри бахши олмоншиносии Донишгоҳи Вена хонум Биргит Блауенштейнер ширкат варзид.

Байни сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон Ҳолгер Грэн ва роҳбарону аъзои ҶДРФТ доир ба равобити минбаъдаи ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои фарҳанг ва ҳунар, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»