Стратегия ба рушди соҳа мусоидат кард

№150 (3296) 19.12.2014

Дар толори «Душанбе-Плаза» ҷаласаи навбатӣ оид ба татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар солҳои 2013-2014 доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, роҳбари Дафтари Ташкилоти Байналмилалии Тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Павел Урсу, масъулини Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарони бахши тандурустии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва роҳбарони муассисаҳои ташхисию табобатии ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа дастовард ва мушкилоти раванди татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», саҳми шарикони рушд ва дигар масъалаҳо вобаста ба татбиқи стратегияи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани самаранокии низоми тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва идоракунии оқилонаи захираҳо ва ғайра ба шумор меравад.

Соҳаи тандурустии кишвар дар соли 2014 ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва дар ин давра лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, ки айни замон дар сатҳи мувофиқасозӣ бо дигар вазорату идораҳо қарор дорад. Маркази ҷумҳуриявии аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ дар назди Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба «Муҳокимаи фавти модар» ва «Ғизои мактабӣ» таъсис ёфта, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ва таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд таҷҳизот барои телетиб васл карда шуд. Экспертизаи 1110 протоколи клиникӣ гузаронида шуда, барои муассисаҳои КАТС 85 протоколи клиникӣ таҳия ва тасдиқ гардид. Лоиҳаи «Консепсияи рушди Хадамоти тандурустии ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Аз далелу арқоми пешниҳодгардида бармеояд, ки солҳои 2013-2014 татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён дорад.

Дар интиҳои ҷаласа резолютсияи шарҳи солона ва нақшаи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» барои соли 2015 қабул гардид.

М. ЗОКИР, «Садои мардум»