Фатвои Тӯраҷонзода ба қонуншиканӣ

№116 (3101) 19.09.2013

Сахтгӯйӣ амали хубе нест, вале баъзеҳоро танҳо тунд гуфтан  метавонад ба ислоҳ орад. Чунин афрод аз муоширати боназокат ҳавобаланд мешаванд ва худситоиашон авҷ мегирад, то ҳадде, ки ҳатто  ҳаёро аз ёд мебаранд. Таъбири халқӣ барои ҳаминҳост, ки «Беҳаёро гуфтаанд шохи чанор…», посух додааст, ки «сояи сарам хоҳад шуд».

Ду сол пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки тибқи он рафтани тифлону наврасон ва ҷавонони то 18-сола ба масҷид манъ карда шуд. Далелҳо барои фавран қабул кардани ин қонун зиёд буданд, бо вуҷуди ин, тарҳи қонуни мазкур наздики як сол ба таври умумихалқӣ баррасию муҳокима гардид ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти мардум таҳия ва қабул шуд.

Қабули қонун баъзеҳоро «аз асп фароварда бошад ҳам, то ҳол пой аз узангу набардоштаанд». Яке аз чунин ашхос Акбари Тӯраҷонзода мебошад. Номбурда ҳамон вақт хеле талош карда буд, ки ин қонунро нақзи ҳуқуқи як гурӯҳи аҳолӣ маънидод кунад. Аз хориҷи ҷумҳурӣ ҳам кӯмак хост, вале дастгирӣ наёфт. Сокинони Тоҷикистон музоҳимаш шуданд ва якдилона аз қабули қонун ҷонибдорӣ карданд.

Муддате қозидомулло сари ин масъала хомӯш буд, вале то 13-уми сентябри соли ҷорӣ. Хабаргузории «Озодагон» менависад, ки: «Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, бурдани кӯдаконро ба масоҷид аз нигоҳи дини мубини Ислом раво хондааст».

Яъне, номбурда аз нав зидди қонуне, ки дар боло зикраш рафт, дигаронро шӯрониданист. Албатта, имрӯз мардум дигар фирефтаи чунин суханон намешаванд, вале баъзе муридон ва ашхоси аз сиёсату ислом дур, фармудаҳои ӯро ҳақ хоҳанд шуморид, зеро намедонанд, ки барои Акбари Тӯраҷонзода бурдани атфол ба масҷид аз кадом зовия аҳамият дорад.

Ин мардум намедонанд, ки Ҳаракати Толибон, ҳаракати террористие, ки беш аз 20 сол мешавад Афғонистонро ба харобазор табдил додаю мардумашро зери хоку хун, даҳшату ваҳшат нигоҳ медорад, маҳз аз ҳисоби кӯдакони чор то даҳсола дар масоҷиди наздисарҳадии Покистону Афғонистон созмон дода шуда буд.

Ин мардум намедонанд, ки он ҷавонону наврасони тоҷик, ки дар сафи ташкилотҳои тундрави террористӣ, аз қабили «ал-Қойида», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати Толибон, «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир», дастаҳои террористии Мулло Абдулло, Алии Бедакӣ ва ғайра ҷалб шуда, қисмате ҷони худро аз даст дода буданд ва баъзеашон то ҳол дар ин гурӯҳҳо инсонкушӣ доранд, маҳз дар чору  ҳафту даҳсолагӣ ба масҷидҳо бурда шуданду зери таъсири ақидаҳои ифротӣ аз ҳамин даргоҳ роҳи хонаи худро гум ё фаромӯш карданд.

Ин мардум медонанд, вале қоил намешаванд, ки киллерону террористоне мисли Ризвон, Раҳмонгитлер, Мансур Муаккалов, Абдулвосит Латифов (Қорӣ Восит), Боймурод Хоҷаев, Зубайдулло Шоев, Саид Ғафоров, Ҷумъа Қурбонов, Бобораҷаб Ёров, Азиз Одинаев, Азиз Нуров, Мухтор Ҷалилов, Абдураҳмон Назаров, Самад Самадов, Убайдулло Ғафоров, Юсуф Ҷалилов, Убайдулло Қурбоналиев (ин рӯйхатро беохир метавон идома дод) ва садҳо ҳаммаслакони онҳо дар масҷиди «Муҳаммадия»-и  маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, масҷиди хусусӣ — хонаводагии Тӯраҷонзодаҳо «тарбияву одоби исломӣ» гирифта, «амри маъруф ва наҳйи мункар» шунида буданд. Аз ҳамин даргоҳ баромада, чандин чароғи равшанибахши илми тоҷик – Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва дигаронро ваҳшиёна қатл карданд. Дар ҳамин масҷид барои қатлу гаравгонгирии афроди саршинос, низомиёни худию бегона, занону тифлони маъсум, пирони барҷоймонда фотеҳа мегирифтанд. Асари хунине, ки баъзе шогирдони дар ин масҷид «сабақгирифта» дар синаҳои реши мардуми ҷафокашидаи тоҷик гузоштаанд, то вопасин нафасҳои умри онҳо ва дар хотири ояндагонашон боқӣ хоҳад монд.

Орзую ормони Акбари Тӯраҷонзода баҳри баргардонидани кӯдакон ба масҷид танҳо ҳамин аст, яъне тарбияи насли нави ҷоҳилу бесавод, зери парчами ислом ба худаш фармонбардору вафодор.

Даврон Салимзода