Гӯсолаҳои швейтсарӣ дар Ванҷ

№51 (4157) 23.04.2020

1Хушзоткунии чорво аз усулҳои самаранок дар соҳаи чорводорӣ мебошад, ки ба афзуншавии даромади хоҷагиҳо мусоидат менамояд.

 Маҳз бо ҳамин сабаб Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» мавриди амал қарор дорад.

Дар ноҳияҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо мебошад. Шароити табиӣ, аз ҷумла, иқлим, сифати хок ва набототи гуногун барои ташаккули зоти ҳайвонот муҳим аст.

Бордоркунии сунъӣ дар кишвар муфидтарин усул баҳри ба даст овардани зоти нави чорво ба шумор рафта, дар ноҳияи Ванҷ байтор Бахтиёр Ғайратшоев чанд сол аст, ки дар ин самт фаъолият дорад. Ӯ дар деҳоти ноҳия таҷриба гузаронида, зоти швейтсариро эҳё намуд.

- Соли ҷорӣ ин усулро дар маркази ноҳияи Ванҷ, ки иқлими мусоидтар дорад, гузаронида, модаговҳоро таҳти назорати доимӣ қарор додем. Дар натиҷа, аз ду модагови таҳҷойӣ ду гӯсолаи зоти швейтсарӣ ба даст омад. Нигоҳубини гӯсолаҳо ҳоло хуб ба роҳ монда шудааст. Дар оянда ин таҷриба тавсеа бахшида мешавад, — гуфт Бахтиёр Ғайратшоев.

Пайшанбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»