Гвадар Покистонро бо Осиёи Марказӣ ва Россия мепайвандад

№67 (4173) 06.06.2020

Gwadar-PortЧанде пеш аз бандари навсохти Гвадари Покистон кашонидани 16000 тонна нурии минералии мочевина ба Афғонистон оғоз шуд. Ба гуфтаи мушовири Сарвазири Покистон оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ Абдураззоқ Довуд, лоиҳаи тиҷоратии мазкур оғози давраи нави тиҷорати Покистон тавассути роҳи баҳрӣ мебошад.

Ба қавли ӯ, бори аввал бастабандии маҳсулот на дар бандарҳои хориҷӣ, балки бевосита дар бандари Гвадар  гузаронида шуд. Маҳсулоти тиҷоратӣ тавассути мошинҳои муқтадири боркаш бо роҳи наздиктарин — гузаргоҳи Чаман ба Афғонистон фиристода мешавад.

Минбаъд тавассути масири мазкур ба Афғонистон гандум ва шакар интиқол дода хоҳад шуд. Ба шарофати ин иқдом садҳо сокини музофоти Балуҷистони Покистон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бандари Гвадар аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи лоиҳаи «Долони иқтисодии Хитою Покистон» (CPEC) сохта шуда, 1 октябри соли 2019 расман ба фаъолият оғоз кард. Дар он ҷо имкони то се моҳ нигоҳ доштани бор ва  напардохтани маблағ барои аз муҳлат зиёд истодани бор мавҷуд аст. Гвадар яке аз  наздиктарин бандарҳои оби гарм барои  кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия буда, тиҷорати Покистонро бо ин  мамолик вусъат хоҳад бахшид.

С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»