Хабарҳо аз кишвар

№155(3456) 17.11.2015

Нақшаи истеҳсоли ангур ва полезиҳо иҷро шуд

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то имрӯз 82242 тонна мева, аз ҷумла 68244 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10094 тонна зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар соли 2015 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар кишти полезиҳоро гузаронида буданд, ки то имрӯз майдони 17893 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2213 гектар зиёд мебошад.

Биёед, ба китобхонӣ равем

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Таҳти ин унвон дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи  миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва масъулини китобхона иштирок карданд. Дар ҷамъомад ширкаткунандагон дар мавзӯъҳои «Нақши китоб дар афкори хонанда» ва «Оид ба таърихи китобхона ва имкониятҳои он» суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ ва пояи ҷаҳони мутамаддин аст.  Тавре масъулини чорабинӣ иброз доштанд, ҳадафи асосии баргузории ҷамъомади мазкур баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарғиби китобхонӣ ва ҷалби донишҷӯён ба китобу китобхона мебошад.

Конференсия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

ТОҶИКОБОД. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Аз шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногуни маърифатӣ омода карда истодаанд. Аз ҷумла санъаткорон ният доранд, ки барномаи махсуси консертии хешро дар ҷашнвораи умуминоҳиявӣ пешкаши мардум гардонанд.

Китобдорон бошанд, дар Китобхонаи марказии ноҳия  таҳти унвони «Парчами миллӣ-рамзи давлатдории тоҷикон»  конференсия баргузор мекунанд. Дар ин рӯзҳо хонандагоне, ки ба китобхона меоянд, аз гӯшаи махсуси омодагардида роҷеъ ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, маълумоти заруриро метавонанд дастрас намоянд.

Соҳибкорони ВМКБ дар Суғд

ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар доираи Лоиҳаи «Ҳамкории соҳибкорон», ки аз ҷониби Фонди «Равнақи тиҷорати байнимарзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» амалӣ мегардад, 12 нафар соҳибкорон аз вилояти Суғд дидан намуданд. Ҳадаф аз ин сафар омӯхтани таҷрибаи соҳибкорони вилояти Суғд мебошад. Давоми ду рӯз соҳибкорон бо раванди рушди истеҳсолот дар корхонаҳои шаҳри Хуҷанд шинос гардиданд. Баъдан меҳмонон бо фаъолияти корхонаҳое, ки ба коркарди меваи хушк, сабзавот машғуланд, ошно шуда, аз хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва корхонаҳои коркарди пашм ва пӯст низ дидан карданд. Дар ин чорабинии муштарак соҳибкорон аз вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол низ иштирок доштанд.

Тайёрӣ ба зимистон хуб аст

ШАҲРИНАВ. ( Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Тайёрӣ ба фасли зимистон дар мактаб — интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст. Маъмурияти ин муассисаи таълимӣ барои зимистони дарпешистода бо Хоҷагии ҷангали ноҳия шартнома бастааст, ки тибқи он ба мактаб — интернати мазкур 40 куб ҳезум ворид гардидааст. Ҳамзамон 19 тонна ангишт, се тонна орд, чор тонна пиёз, 3,5 тонна картошка захира шудааст.

Нақша иҷро гардид, пахтачинӣ давом дорад

ЁВОН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Пахтакорони ноҳия нақшаи ҷамъоварии ҳосилро иҷро карданд. То ин дам аҳли заҳмати хоҷагиҳо 25 ҳазору 204 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки аз дурнамо даҳ тонна зиёд аст.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дода, илова карданд, ки дар саҳро ҳанӯз ҳосил фаровон аст. Дар сурати мусоид омадани обу ҳаво кишоварзон ният доранд, боз беш аз се ҳазор тоннаи дигар пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Техника — мушкилкушои деҳқонон

ЗАФАРОБОД. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Ҳамасола кишоварзони ноҳия дар мавсими ғунучини пахта аз мошинҳои пахтачинӣ самаранок истифода мебаранд. Имсол низ хоҷагиҳои деҳқонии   «Гулистони Ирам», «Фарҳоди дарё»-и деҳоти  «Равшан» ва Пурдили шаҳраки Зафаробод чиниши пахтаро тариқи мошин ба роҳ монданд. Бино ба иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Бердимурод Бердиев, механизаторони хоҷагиҳои номбуда Субҳонқул Мавлонов, Муродбой Мирзоев, Эркин Худойқулов, Ҳабиб Шоназаров то ин замон  бо мошинҳои пахтачинии хеш 270 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд. Ин тарзи ғунучини пахта қулай ва арзон буда, ба хоҷагиҳо даромади зиёдтар меорад, — гуфт Бердимурод Бердиев.

Корхонаи нави коркарди ангат

ИШКОШИМ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Бо ташаббуси соҳибкор Дороб Қаландаров дар ноҳия коргоҳи коркарди ангат сохта ба истифода дода шуд, ки панҷ нафар ҷавонони маҳаллӣ дар он соҳиби ҷойи кор гаштанд. Акнун дар мавсими мевағундорӣ боз 80 нафар сокинони бешуғл ба корҳои мавсимӣ ҷалб карда мешаванд. Айни ҳол корхона қудрати дар як соат коркарди 80 килограмм ангатро дорад. Дар ин ҷо равғани ангат истеҳсол мекунанд, ки сифати хеле баландро доро мебошад. Таҷҳизоти равғанистеҳсолкунӣ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ харидорӣ шудааст.

-Мо имконият дорем, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро  ду — се баробар зиёд намоем. Барои ин бинои дуошёнаи истеҳсолӣ бунёд карда истодаем,- мегӯяд соҳибкор Дороб Қаландаров.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91