Хабарҳо аз кишвар

№17 (3163) 18.02.2014

Қонуншиканӣ дар самти танзим зиёд шудааст

ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ,«Садои мардум») Бино ба иттилои  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои  миллии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи январи соли ҷорӣ, бинобар риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 57 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Гуфтан бамаврид аст, ки теъдоди қонуншиканиҳо дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 29 адад зиёд аст. Мутахассисони Кумита нисбати 11 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ҷаримабандӣ карданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат меёбанд

ДУШАНБЕ. (Д. МЕРГАНОВ,«Садои мардум») Тибқи иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хадамоти мазкур дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва саҳмгузории ташкилотҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ вусъат бахшида истодааст. Чанде  пеш миёни ин раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» созишнома ба имзо расид, ки тибқи он дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истиқлол, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристон баргузории семинарҳо вобаста ба ин масъала ба нақша гирифта шудааст.

Соҳибкор корхона месозад

ҚУБОДИЁН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ҳудуди деҳоти «20-солагии Истиқлол» бунёди корхонаи шағалбарорӣ бомаром идома дорад. Ин коргоҳ бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкор А. Асоев бунёд мегардад.

Тавре ба мо аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён иттилоъ доданд, сохтмони ин коргоҳ дар арафаи анҷомёбист.

Ҳангоми суҳбат соҳибкор А. Асоев зикр намуд, ки бунёди чунин корхона дар ноҳияи дурдаст тақозои давру замон буда, талабот ба маҳсулоти он хеле зиёд аст.

- Барои иҷрои ин амали хайр маро роҳбарияти ноҳия дастгирӣ карданд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона метавонанд 15 нафар сокинони маҳаллӣ дар ин ҷо соҳиби ҷойи кори доимӣ гарданд,- гуфт соҳибкор А. Асоев.

 Маркази табобатӣ дар шаҳраки навбунёд

ВАҲДАТ. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар шаҳраки навбунёди Истиқлолият сохтмони маркази табобатӣ оғоз ёфт.  Ин аз ҷумлаи силсилаиншоотест, ки дар шаҳраки нав барои мардуми аз зилзила зарардидаи якчанд деҳаи шаҳр бунёд меёбад. Мувофиқи лоиҳа дар ин ҷо ҳамзамон мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва 110 хонаи истиқоматӣ сохта мешавад. Алҳол аксар хонаҳои зебои замонавӣ қомат афрохта, дар онҳо корҳои охирини рангубор анҷом меёбанд.

Фаъолияти якҷоя баҳри ободии Ватан

ЁВОН.( Миралӣ Одинаев) Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон мулоқоти кории иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Амирбек Маҳмадалиев бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир гардид.

-Мақсад аз мулоқоти имрӯза аз он иборат аст, ки якҷоя барои ободонию шукуфоии ноҳия фаъолият намоем. Ободии ноҳия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ободии ҳар хона, кӯча ва маҳалла оғоз гардида, дар маҷмӯъ ба ободии кулли кишвар бурда мерасонад. Ман дар вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия хонаҳои тариқи замонавӣ сохтаи шаҳрвандонамонро дида, хеле хурсанд шудам. Ин гувоҳи он аст, ки сатҳи зиндагонии мардум сол то сол беҳтар гашта истодааст,- гуфт зимни суханронии хеш А. Маҳмадалиев.

Сипас, котиби масъули бахши дар ноҳиябудаи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон М. Холов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони башардӯст А. Раҳимов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Рӯҳафзо» М. Раҳматуллоева, сархатиби масҷиди марказии ноҳия Б. Шоев, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Қ. Сафархолов ибрози андеша намуданд.

Марказҳои ҷамъиятӣ фаъол мегарданд

РОҒУН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Дар шаҳри Роғун семинари омӯзишӣ барои кормандони марказҳои худфаъолиятӣ доир гардид. Зимни семинар масъалаҳои иҷрои барномаҳои оинномавӣ, тартиби коргузорӣ ва таҳияи нақшаҳои корӣ, роҳҳои фаъол гардонидани шаҳрвандон дар корҳои ободонӣ, тарбияи фарзандон, таҳкими ҳамкорӣ ва алоқаи доимӣ бо мактабҳо мавриди омӯзиш ва андешарониҳо қарор гирифт. Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи масъалаҳои асосии мавриди баррасӣ буд. Айни ҳол дар шаҳри Роғун 12 маркази худфаъолиятии ҷамъиятӣ амал мекунад.

Донишгоҳ мукофот муайян намуд

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Маъмурияти Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва дараҷаи донишазхудкунии толибилмон роҳу воситаҳои гуногунро ба кор мебарад. Яке аз чунин тадбирҳо муайян намудани маблағи даҳ ҳазор сомонӣ чун мукофот барои донишҷӯёну устодоне аст, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ миёни донишгоҳҳо соҳиби медали тилло мегарданд.

Дар ин хусус Маҳмад Шодиев, ректори донишгоҳи мазкур ибрози андеша карда, гуфт, ки имрӯзҳо барои сазовор шудан ба чунин ҳавасмандгардонӣ байни устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ саъю кӯшиш ва талошҳои зиёд эҳсос мешавад.

Алҳол дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав беш аз шаш ҳазор нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона ва зиёда аз чор ҳазор нафар дар шуъбаи ғоибона аз рӯйи 22 ихтисос таҳсил мекунанд. Дар ин боргоҳи маърифат 24 нафар профессор ва 78 нафар номзади илм ба тадриси шогирдон машғуланд.

Маҳфили ёдбуди Зоҳир Дӯстматов

ХУҶАНД (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи  Тошхӯҷа Асирӣ ба  ифтихори 100-солагии  яке аз ҳунарпешагони шуҳратманди санъати театр  ва   кинои  тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зоҳир Дӯстматов маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар маҳфил намояндагони аҳли адабу санъат, хешу ақрабо ва мухлисони ҳунари Зоҳир Дӯстматов доир ба фаъолияти пурсамар ва нақшҳои муассири офаридаи ӯ, ҳамчунин  саҳми ҳунарманд дар рушду нумӯи санъати театрӣ ва синамо суханронӣ карданд.

Зоҳир Дӯстматов яке аз ташкилкунандагони Театри ҷумҳуриявии мазҳакавӣ — мусиқии шаҳри Хуҷанд (ҳозира ба номи  Камоли  Хуҷандӣ) маҳсуб ёфта,  дар саҳнаи он  нақшҳои ҷолибро бо маҳорати баланд офаридааст. Мухлисони кино ба маҳорату истеъдоди Зоҳир Дӯстматов зимни нақшофарӣ дар филмҳои «Қисмати шоир», «Ливои оҳангар», «Марги судхӯр» баҳои баланд додаанд.

Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-85-91.