Хабарҳо аз кишвар

№83 (3229) 30.07.2014

Кумак ба  мактаб — интернат

ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»)  Бино ба иттилои маркази матбуоти  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди Фитр Вазорати  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3500 сомонӣ маҳсулоти ғизоӣ,  аз ҷумла  биринҷ, равған, макарон ба мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарастор ва камбизоати ноҳияи Ёвон кумак расонид.

Мактаб — интернат айни замон 202 нафар тарбиягирандагон, аз ҷумла 68 нафар духтарон ва 134 нафар писаронро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Аз ин шумора панҷ нафарашон  ятимони кулл, 167 нафар нимятимон ва 30 нафар аз оилаҳои камбизоат мебошанд.

 Маркази нави савдо

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳри Хуҷанд  маркази нави савдои «Ризвон» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзид.

Маркази нави савдо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  ва бо саҳми соҳибкори инфиродӣ Ғолибҷон Исломов бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, даҳ нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Роҳбарияти маркази нави савдо тасмим гирифтааст, ки дар ҳамин мавзеъ  корхонаи  дӯзандагии либосҳои мардонаро низ таъсис диҳад. Бояд зикр намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон барои ҷалби бештари харидорон молҳо дар маркази савдои мазкур то 20 фоиз арзон фурӯхта  шуданд.

 Ноҳия соҳиби техникаи кишоварзӣ шуд

ШӮРООБОД.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Тавассути дастгирии лоиҳаи «Беҳдошти сатҳи зиндагии Хатлон»  сокинони ноҳия соҳиби 31 трактори навъи «Беларус», шаш дастгоҳи ғаллакӯбӣ ва ду адад дастгоҳи дорупошӣ  гардиданд. Ҳамаи тракторҳо дорои бордону плуг ва сихмолаанд. Бо ин мақсад дар маркази ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода,  вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар  иштирок карда,  сокинони ноҳияро барои соҳиб шудан ба чунин миқдори бузурги техникаи кишоварзӣ муборакбод намуданд. Эшон  арз доштанд, ки  ин ғамхории кишвар ба рушди хоҷагии халқи ноҳия нигаронида шудааст.

 Соҳибкор неругоҳ месозад

БОХТАР. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум» )   Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Шарофиддин Маҳмадалиев дар деҳаи «Ниҳолпарвар» — и шаҳраки Бӯстонқалъа неругоҳи барқи обии хурд бунёд мегардад. Бо ин мақсад корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин ҷо бомаром идома доранд. Тибқи  иттилои намояндаи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  беш аз 80 фоизи корҳои сохтмонии неругоҳ аллакай иҷро  шудаанд. Дар назар аст, ки то рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ин неругоҳ ба анҷом расонида мешавад. Шарофиддин Маҳмадалиев қарор додааст, ки тавассути неруи барқи дар ин неругоҳ истеҳсолшаванда як корхонаи хурди дӯзандагӣ таъсис диҳад, то ки бонувони деҳаҳои гирду атроф бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гарданд.

 Бозори  «Хайр»

ФАЙЗОБОД. (Маҷид ҲОМИДОВ) Бо кумаки раиси ноҳияи Файзобод Каримиёни Имомназар  ва сармоягузорон  дар назди беморхонаи марказии  ноҳия бозори нави «Хайр» сохта ба истифода дода шуд. Дар арафаи иди саиди Фитр дар бозор  маҳсулоти ниёзи аввалияи  мардум — орд, равған, меваю сабзавот бо нархи арзон ба аҳолӣ пешкаш гардид. Айни замон дар ин ҷо сохтмони даҳ мағозаи нави матоъфурӯшӣ, молҳои рӯзгор, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра идома дорад. Дар назар аст, ки дар назди бозори «Хайр»  боз як бозори тобистона, ошхона, чойхона, нонвойхона ташкил карда мешавад. Инчунин барои харидорон терминали мусофиркашонӣ, шуъбаи сӯхторхомӯшкунӣ, ҳавзи об, оби нӯшокӣ,  истгоҳи мошинҳои шахсӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Акнун кишоварзони  хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия   бе ягон мушкилӣ ҳосили меваю сабзавот, картошка, пиёзу сабзӣ, тарбузу харбуза ва дигар  маҳсулоти бадастовардаашонро бо нархи арзон фурӯхта метавонанд.

 Соҳибкорзан ташаббус нишон медиҳад

ТУРСУНЗОДА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бобати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси  зани ҳунарманду соҳибкор Гулбону Наврӯзова ва  дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ин ҷо  сехи дӯзандагиву қолинбофӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар  сехи мазкур 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ  бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чеварӣ,  кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ ва қолинбофии дастиро  ба роҳ мондаанд.  Роҳбари корхона Гулбону Наврӯзова  ният  дорад, ки  бо  дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр чунин  сехҳои истеҳсолиро ҷиҳати соҳибкасб намудани занону духтарон дар  деҳаҳои дурдасти  шаҳр низ ташкил намояд.

 Озмун эълон гардид

ҲИСОР. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Бахшида ба ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор бо қарори раиси ноҳия аз 1 июни соли 2014 то 1 сентябри соли 2015-ум  450 рӯзи маъракаи ободонӣ эълон гардид. Бо мақсади рӯҳбаланд намудани сокинони кӯчаю  маҳаллаҳо, деҳаҳои шаҳраку деҳот озмунҳои гуногун, аз қабили «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Ҷамоати беҳтарин»  ташкил карда  шуд, ки   натиҷаи онҳо ҳар семоҳа ҷамъбаст  гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотирмон  ва ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳияи Ҳисор  қадрдонӣ  карда мешаванд.

 Дастгирии  иштирокчиёни ҷанг  ва ниёзмандон

ЁВОН.(Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Як гурӯҳ соҳибкорони саховатпешаи ноҳия дар арафаи иди саиди Фитр қарор доданд, ки ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумаки яквақтаина пешниҳод намоянд. Кумаки хайрияи онҳо ба сари ҳар нафар 200 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин бо дастгирии чунин нафарон боз ба 50 нафар маъюби гурӯҳи якум ба маблағи 100 сомонӣ тақдим гардид. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, корхонаҳои алоҳида ва дигар саховатпешагон ба  дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз қабили ятимони кулл, нимятимон, нафарони камбизоату ниёзманд низ кумакҳои пулию молӣ расонида шуд.

Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон 238-58-91.