Хабарҳо аз кишвар

№150 (3296) 19.12.2014

Омодагии хоҷагиҳои ҷангал ба зимистонгузаронӣ

ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ,«Садои мардум») Аз шуъбаи шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки барои беталаф гузаронидани зимистон дар хоҷагиҳои ҷангали тобеи агентӣ бо маблағи 62380 сомонӣ корҳои биотехникӣ  гузаронидаанд.  Аз ҷумла  12 тоннаву 31 килограмм рези гандум, 64 тоннаву 800 килограмм хошок, 4,5 тонна кунҷора захира карда, барои ҳайвонот ва парандагон 344 намакдон  ва 440 адад лона  сохтаанд.

 Иҷлосияи бистуми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи вилоят

СУҒД.(Мухтори АБДУЛЛО,)Таҳти раёсати раиси вилоят, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи бистуми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд  даъвати чорум баргузор гардид.

Дар иҷлосия масъалаҳо дар бораи таъин намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум, ташкили комиссияи вилоятии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд  даъвати панҷум ва дар бораи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд  даъвати панҷум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тибқи қарори иҷлосия комиссияи интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд  даъвати панҷум иборат аз 11 нафар таъсис дода, 70 ҳавзаи ҳудудии интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд  даъвати панҷум созмон дода шуд.

 Ифтитоҳи панҷ сардхона дар шаҳри Турсунзода

ТУРСУНЗОДА. (РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Барои нигаҳдории меваю  сабзавот, махсусан ангур, бо иқдоми роҳбари  хоҷагии «Боғи Сомон» Ҳоҷӣ  Камол Мадумаров  дар ҳудуди хоҷагии мазкур  панҷ сардхонаи  калон ба истифода дода шуд.  Деҳқонон дар ин сардхонаҳо  метавонанд беш аз 200 тонна маҳсулотро беосеб  ва ба муҳлати дароз  нигаҳдорӣ намояд.

Тибқи  иттилои  маркази матбуотии Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзода  айни ҳол дар анборҳои хоҷагӣ  ба миқдори зарурӣ ангур ва дигар маҳсулоту  сабзавот нигаҳдорӣ мешавад.

 Маҳви доруҳои муҳлаташон гузашта

САРБАНД. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум»)   Тибқи  иттилои Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилояти Хатлон дар шаҳри Сарбанд чорабинии  навбатии несту нобуд кардани доруву воситаҳои ороишии муҳлаташон гузашта баргузор гардид.  Ин дафъа  344  номгӯйи доруворӣ ва маводҳои ороишии муҳлати истифодаашон гузашта, ки маблағи 303 ҳазору 813 сомониро ташкил медиҳанд, сӯзонида нобуд карда шуд.

Чорабинии мазкур бо иштироки бевоситаи соҳибкорон ва аъзои комиссияи махсус, ки бо мақсади несту нобуд кардани доруворию маводҳои ороишии муҳлати истифодаашон гузашта таъсис ёфтааст, баргузор гардид.  Тибқи нақша чунин  чорабинӣ дар шаш моҳ як маротиба  гузаронида мешавад.

  Ифтитоҳи сехи қолинбофӣ

СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»)  Тавре  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен Пирмуҳаммад Пиров иттилоъ дод, тибқи  барномаи  «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» бо дастгирии Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ба сокини шаҳраки Нов  соҳибкор Зевара Уматқулова (аз ҳисоби барнома) 4,5 ҳазор сомонӣ  маблағ ҷудо карда шуд. Ӯ бо ин маблағ  як сехи қолинбофӣ  бо номи «Наргиса»ташкил кард, ки дар он панҷ нафар занони хонашин ба кори доимӣ таъмин гардида, даҳ нафар духтарон таҷриба меомӯзанд.

Мушкилоти беобӣ ҳал гардид

ШУҒНОН.(Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)   Ба деҳаи Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон  бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳияи Шуғнон  ва Агентии оид ба рушди ҳамкории «JICA» -и Ҷопон  аз  масофаи  14 километр, аз доманаи кӯҳ  ба воситаи қубурҳо  об оварда шуд.  Акнун сокинони деҳа, ки аз беобӣ азият мекашиданд,  бо оби тозаи ошомиданӣ  пурра   таъмин гардиданд

 Сарихосор симои дигар мегирад

БАЛҶУВОН. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)   Солҳои охир маркази деҳоти «Сарихосор»- деҳаи Шайдон тавассути бунёди як қатор иншоотҳои  маданию маишӣ ва маъмурӣ  ба худ симои наву  замонавӣ  гирифтааст. Аз ҷумла дар ин ҷо аз ҳисоби буҷети вилоят барои 56 нафар хонандагони мактаб-интернати деҳа бо масрафи як миллиону 450 ҳазор сомонӣ  хобгоҳ  бунёд гардид, ки он чанд рӯз пеш  мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт.

Хобгоҳро сохтмончиёни ҶДММ «Ситора»- и ноҳия бунёд ва дар муҳлати муқарраргардида ба хизмати толибилмон  вогузор намуданд.  Дар рӯзи ба истифода додани хобгоҳи мазкур ҳамчунин дари  бинои маъмурии деҳоти «Сарихосор» ба рӯи кормандонаш боз карда шуд. Биноро  сохтмончиёни ҶДММ «Субҳи тандурустӣ»-и ноҳия бо масрафи як миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд кардаанд.

 Таассуроти нек аз кишоварзони голландӣ

ВОСЕЪ.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Сардори хоҷагии «Салом»-и ноҳия Ҷамолиддин Икромов бо даъвати ширкати тухмипарварии «Беҷо»-и Голландия   ба ин кишвар сафар  намуда буд.

- Соли ҷорӣ аз ҳисоби ин ширкати голландӣ  20 килограмм тухми пиёз кишт кардам  ва  ҳосили хуб ба даст овардам.  Худ шоҳид будам, ки дар ин кишвар барои нигоҳубини 150 — 200 гектар замин  ҳамагӣ  4-5 нафар кишоварз вобаста карда шудаасту  халос. Тамоми корҳои  кишоварзӣ тавассути техникаи навтарин ба анҷом расонида мешавад. Дар Голландия тухмиро  5-6 маротиба аз ташхиси лабораторӣ  гузаронида,  сипас, барои кишт тавсия медиҳанд.  Моро  шароити хубу  таҷрибаи зиёд мебояд, то ба сатҳи кишоварзони голландӣ баробар шавем,- гуфт дар суҳбат Ҷ. Икромов.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ Ҳабибов. Бо мо дар тамос бошед: тел:2-38-58-91