Хабарҳо аз кишвар

№135 (3120) 24.10.2013

Нақшаи даъват иҷро шуд

ҚУБОДИЁН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар ноҳияи Қубодиён дар робита ба маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корҳои зиёди тарғиботӣ ва тарбиявӣ анҷом дода шудааст. Тавре тавассути телефон аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур иттилоъ доданд, дар ноҳия нақшаи даъвати наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар давоми бист рӯз пурра иҷро гардид. Дар ин давра 140 нафар ҷавонон аз санҷиши тиббӣ гузашта, ба қисмҳои низомӣ сарфарбар гардиданд.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди нефт

ИСФАРА. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳри Исфара Корхонаи коркарди нефти ҶСК «Султонстоун» мавриди истифода қарор гирифт, ки бунёди чунин корхонаи саноатӣ талаби замони муосир буда, барои қонеъ гардонидани таъминоти аҳолӣ бо сӯзишворӣ падидаи тоза ва саривақтӣ аст. Корхонаи мазкур дар заминаи нефтебазаи шаҳри Исфара бо ҷалби сармояи дохилӣ дар ҳаҷми наздик ба 6 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Иқтидори солонаи корхона дар як сол коркарди 40 ҳазор тонна нефт буда, он имкон фароҳам меоварад, ки  дар се баст 75 нафар бо ҷойи кори доимӣ  таъмин шаванд.

Баробари мавриди истифода қарор гирифтани Корхонаи коркарди нефти ҶСК «Султонстоун» бори аввал дар вилоят бензини навъи «АИ 80» истеҳсол мешавад. Ҳамзамон дар ин корхона сӯзишвории дизелӣ ва мазут истеҳсол карда, оянда истеҳсоли битум низ ба роҳ монда хоҳад шуд.

 Зафар муборак, пахтакорон!

СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Меҳнаткашони ноҳияи Спитамен ба хирмани Ватан зиёда аз 15 ҳазор тонна «тиллои сафед» зам намуданд. Бино ба гуфтаи сухангӯйи раиси ноҳия Пирмуҳаммади Пирзода,  заркорони ноҳия дар вилоят яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи пахтасупориро иҷро карданд.

Аз ҷумла Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Саидқӯрғон» (раисаш Каримҷон Исмоилов) ба ҷойи 600 тонна  670 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, нақшаи солонаи пахтаро барзиёд иҷро намуд. Деҳқонони хоҷагии мазкур уҳдадор гаштаанд, ки боз  50 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Инчунин деҳқонони Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Андарсой» (раисаш Холиқбердӣ Дӯстов) нақшаи солонаи пахтасупориро иҷро карданд.

 Таҷрибаи собиқадорон — намуна барои ҷавонон

ТЕМУРМАЛИК. ( Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб дар толори маҷлисгоҳи гимназияи ноҳияи Темурмалик ҷамъомад баргузор гардид.Ҷамъомадро раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақа Мирзо Бекматов ифтитоҳ карда, зикр намуд, ки мо — собиқадорон вазифадорем, ки баҳри аз пештара беҳтар намудани вазъи тарбияи ватандӯстӣ, меҳнатӣ ва маънавию ахлоқии насли наврас талош намоем. Раиси ноҳия Мирзохон Сангов иштирокчиёни ҷамъомадро хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки мо — фарзандону набераҳои шумо тамоми донишу ғайратамонро баҳри он ба харҷ медиҳем, ки ба насли оянда кишвари ободу зеборо ба мерос гузорем.

Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақа И.Иброҳимов зимни баромади хеш иттилоъ дод, ки имрӯз дар шаҳру  ноҳияҳои минтақа 278 нафар маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ давлати пирӣ меронанд, ки аз ҳама кӯмаку имтиёзҳо бархӯрдоранд.

 Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон меафзояд

ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Давоми нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби ноболиғон 530 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 92 ҷиноят зиёд мебошад. Бино ба иттилои муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Исмонов дар вилояти Хатлон 157 ҷиноят, дар вилояти Суғд 106 ҷиноят, дар шаҳри Душанбе 163 ҷиноят, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 83 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Сатҳи ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми ду соли охир коҳиш ёфтааст. Имсол дар минтақаи мазкур 3 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст. Ба гуфтаи ӯ зиёдшавии ҷиноят дар миёни наврасону ноболиғон бори дигар собит месозад, ки иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар маҳалҳое, ки ҷинояткорӣ афзудааст, ба талабот ҷавобгӯй нест.

 Таҷҳизот барои матбаа

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо дастгирӣ ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба матбааи вилоятӣ, ки яке аз корхонаҳои куҳантарини шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳисоб меравад, аз Ҷумҳурии Ҳиндустон дастгоҳи нави чопии ҳозиразамон вориду васл карда шуд. Бо ин мақсад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 450 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Ворид намудани технологияи нав ва дастгоҳи ҳозиразамони чопӣ инконият фароҳам овард, ки минбаъд дар ин корхонаи маркази вилоят чопи босифати ду рӯзномаи вилоятӣ ва бештари рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявии минтақаи Қӯрғонтеппа ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин технологияи нав имкон медиҳад, ки дар ин ҷо бори аввал рӯзномаҳо ба тарзи ранга чоп карда шаванд.

Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чанде қабл матбааи шаҳри Кӯлоб низ соҳиби таҷҳизоти ҳозиразамони чопӣ гардида буд.

 Паҳлавони тоҷик сазовори медали тилло шуд

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳри Салоникии Юнон мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштии тарзи самбо байни ҷавонон доир гардид, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён медали тиллоро ба даст оварда, соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид. Комроншоҳи Устопириён чанд рӯз пештар дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо, дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи каҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо байни ҷавонон дар Салоникии Юнон ду медал ба даст оварданд.

 Медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи якҳарбаи шарқӣ

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Чор нафар варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба муҳорибаи якҳарбаи шарқӣ, ки дар шаҳри Ригаи Латвия ҷараён дошт, соҳиби се медали тилло ва як нуқра гардиданд.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур, ки намояндагони 20 кишвари ҷаҳон аз ин риштаи варзиш иштирок доштанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро чор нафар варзишгар, як мураббӣ ва як довар намояндагӣ карданд. Зимни рақобат варзишгарони тоҷик Аҳмад Давлатов дар вазни 32 кг( категорияи 9-10 сола), Шаҳриёр Кабиров дар вазни 32кг, (категорияи 11-12 сола), Умарҷон Давлатов дар вазни 70кг (категорияи 15-16 сола) сазовори ҷойи аввал ва медали тилло шуданд. Шамшер Сафаралиев дар вазни 34 кг (категорияи 11-12 сола) сазовори ҷойи дуввум ва медали нуқра гардид.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91