Хабарҳо аз кишвар

№15 (3316) 02.02.2015

Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон меафзояд

ДУШАНБЕ. ( Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Дар давоми соли 2014 ба Тоҷикистон 213265 сайёҳ  омадааст. Маблағе, ки аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти кишвар ворид гардид,  беш аз 106 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, даромаде, ки бахши сайёҳӣ дар соли 2014 ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид намудааст, нисбат ба соли 2013-ум 2,9 фоиз зиёд аст. Ҳар сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, ба ҳисоби миёна 500 доллари ИМА фоида меорад.

Беш аз 400 ҳазор қуттии шартӣ  меваю сабзавот ба фурӯш бароварданд

ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Тавассути корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот, хоҷагиҳои инфиродӣ ва меҳнати хонагӣ дар вилоят беш аз 400 ҳазор қуттии шартии меваю сабзавот коркард  ва барои эҳтиёҷоти аҳолӣ дар фасли зимистон ба фурӯш бароварда шуд. Дар ВМКБ корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти мева ва сабзавот, ба мисли консервакунонӣ ва шарбаткунонӣ, ки бо кумаки Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон дар шаҳри Хоруғ,  ноҳияҳои Роштқалъа, Рӯшон ва Шуғнон ташкил шудаанд, фаъолият мекунанд.

Ташкили фермаҳои бурдоқипарварӣ манфиатоваранд

ДАРВОЗ. (Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Барои рушди соҳаи чорводорӣ дар вилоят ташкил кардани фермаҳои бурдоқипарварӣ хеле манфиатоваранд. Чорводорон имконият доранд, ки дар ин фермаҳо парвариши чорвои гӯштдеҳро ба роҳ монанд.

Дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ аз тарафи соҳибкорон Ҷаббор Абдулвоҳидов ва Сотим Муҳаббатов фермаҳои хурди бурдоқипарварӣ таъсис шудаанд. Айни замон дар фермаи Ҷ. Абдулвоҳидов 100 сар чорвои калон ва дар фермаи С. Муҳаббатов 50 сар чорвои калон ва 100 сар моли майда парвариш меёбанд. Соҳибкорон ният доранд, ки вазни зиндаи ҳар сар чорвои калони гӯштдеҳро ба 250 килограмм ва аз ин боло расонанд.

 Иҷрои нақшаи  андоз-118 фоиз

ХОВАЛИНГ.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар миёни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон Ховалинг ягона ноҳияе маҳсуб меёбад, ки нақшаи солонаи андозро ба буҷети маҳаллӣ ба андозаи 118,7 фоиз иҷро намудааст.Тавассути хуб ба роҳ мондани корҳои андозбандӣ, бахусус дарёфти сарчашмаҳои нави он, ба буҷети маҳаллӣ 7 миллиону 369,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки беш аз як миллион сомонии он илова ба нақша мебошад.Иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет нисбат ба хароҷот имкон фароҳам овард, ки барои рушди соҳаи маориф 227 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 37 ҳазор сомонӣ, фарҳанг 177 ҳазор сомонӣ, варзиш 18 ҳазор сомонӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ 268 ҳазор сомонӣ, дигар соҳаҳо 267 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ 995 ҳазор сомонӣ, ҷудо карда шавад.

-Ҳоло туфайли иҷрои барзиёди нақшаи андоз ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ музди миёнаи меҳнат дар ноҳия ба 956 сомонӣ расонида шудааст, — иброз дошт зимни суҳбат раиси ноҳия Нурулло Мирзоев.

Иқдоме, ки боиси дастгирист

МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри ҷалби сокинон ба рӯзномаю  маҷаллаҳои даврӣ, дар маҳаллаҳои сераҳолии маркази ноҳия дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо ифтитоҳ ёфтанд. Ҳамаи дӯконҳо  шакли сайёрро дошта, зебову замонавӣ сохта шудаанд. Дар баробари ин, дар назди таваққуфгоҳҳои автомобилӣ ва дигар нуқтаҳое, ки  мардум бештар ҷамъ меоянд, гӯшаи рӯзномаҳои даврӣ ташкил шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд ройгон онҳоро мутолиа намоянд.

-Мо мақсад дорем, ки рӯзҳои наздик дар шаҳраку деҳоти ноҳия низ дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷалла ва китобҳоро ифтитоҳ намоем,- гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Вализода Абдуқодир.

Аҳли заҳмат бояд ҳавасманд бошанд

ФАЙЗОБОД. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Дар ин рӯзҳои фасли зимистон як гурӯҳ деҳқонони пешқадами ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар истироҳатгоҳи «Оби Гарм» истироҳат карданд. Аҳли заҳмат, ки аз оғози баҳор сар карда, то анҷоми мавсими ҳосилғундорӣ ва заминагузорӣ ба ҳосили оянда заҳмат мекашанд, бояд ҳамаҷониба ҳавасманд гардонида шаванд. Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2014, беҳтарин кишоварзон, чорводорон, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Бояд гуфт, ки соли гузашта ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 201 миллиону  977,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 104 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

«Кошонаи ҳусн» дар деҳот

ҶИЛИКӮЛ. (Давлат СУЛТОН, «Садои мардум») Мавҷудияти «Кошонаи ҳусн», ки дар он асосан бонувону духтарон ба ороиши рӯю  мӯи хеш машғул мешаванд, дар шаҳрҳо кори маъмулист. Вале таъсис ёфтани чунин кошонаҳо дар деҳот, ки он ҷо занону духтарон асосан ба кори саҳрою хонаводагӣ машғуланду вақти камтар доранд, ғайримуқаррарӣ менамояд.

Дар  ҳудуди Хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов таъсис ёфтани бинои «Кошонаи ҳусн» боиси истиқболи гарми саҳмдорони хоҷагӣ гардид. Бино бо пешниҳоди бонувони деҳот, ин «Кошонаи ҳусн» аз ҷониби роҳбарияти хоҷагӣ бунёд ёфтааст. Овозаи ифтитоҳи «Кошонаи ҳусн» дар ҳудуди хоҷагии овозадори ба номи Эргаш Султонов бонувонро аз деҳаҳои дигари гирду атроф низ барои ороиши рӯю мӯй ба ин даргоҳи зебоӣ оварда истодааст.

Суҳбати раиси ноҳия бо адибон

ҲИСОР.(Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Бахшида ба омодагии ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор раиси ноҳия Усмон Сабзов бо адибон ва кормандони бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор суҳбати хоса доир намуд. Дар даврае, ки  дар тамоми  ноҳия  корҳои  созандагию бунёдкорӣ бо ҷӯшу хурӯш  идома доранд, раиси ноҳия қаламкашонро даъват намуд, ки корнамоию заҳматҳои  фидокоронаи ҳамарӯзаи бунёдкорону сохтмончиёнро васф намоянд. Имрӯз дар 238 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома  дошта,  76 иншоот мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифтааст. Адибон Абдулҳамид Самадов, Султонмуроди Одина, Фатҳуллои Азиз, Қурбонмурод Асозода, Салоҳиддини Садр дар бораи маҷаллаву китобҳои  нашршуда ва нақшаҳои  оянда ба раиси ноҳия маълумот доданд.

Масъули гӯша Муҳаммадзокир ХУДОЙНАЗАРОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.