Хабарҳо аз кишвар

№85 (3386) 23.06.2015

Тасдиқи нақшаи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюм

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар Комиссияи  марказии  интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид. Тибқи иттилои дастрасшуда, дар он нақшаи кори Комиссияи мазкур барои нимсолаи дуюми соли 2015 тасдиқ шуд. Нақшаи пешниҳодшуда аз 15 банд иборат буда, номгӯйи чорабиниҳо, муҳлати гузаронидан ва масъулини иҷрои онро дар бар мегирад.

 Намоишгоҳ — ярмаркаи байналмилалии «Интерлегпром-2015» анҷом ёфт

ДУШАНБЕ. (Б. Каримзода, «Садои мардум») Аз 18 то 21 июни соли ҷорӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Интерлегпром-2015» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо иқдоми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи кормандони саноати сабуки кишвар ташкил карда шуд. Дар намоишгоҳ беш аз 30 корхонаю ширкатҳои саноати сабук ва нассоҷӣ иштирок карда, молу маҳсулоти худро манзур намуданд.

 Иҷро нагаштани нақшаи андоз боиси нигаронист

ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бо иштироки фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву минтақавӣ оид ба рафти иҷрои нақшаҳои тасдиқшуда давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ҷаласаи кории узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ баргузор гардид. Раиси вилоят зимни баррасии масъалаҳо бештар аз раванди иҷрои нақшаи андоз давоми солҳои охири ва панҷ моҳи соли равон изҳори нигаронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар ин давра аз нуҳ намуди андоз панҷ намуди он иҷро нагардидааст.

 «Аксияи ободонӣ»

 ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол ва дастгирии ташкилоту муассисаҳо дар маркази ноҳия ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳашари умумӣ таҳти унвони «Аксияи ободонӣ» баргузор шуд. Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд ҳар рӯзи шанбе сокинони маҳаллаҳо, кормандони ташкилоту идораҳо ба шанбегӣ баромада, дар ободонии маркази ноҳия саҳмгузор мешаванд.

 Ҷамъоварии  картошка ба анҷом расид

ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба ҷои 60 гектари нақшаи дурнамо дар майдони 79 гектар картошка кишт шуда, аз он 1580 тонна ҳосил ба даст оварданд, ки ин нишондиҳанда аз ҳар гектар 200 сентнерро ташкил медиҳад. Қисмати зиёди майдонҳои картошка ба хоҷагиҳои деҳқонии  деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов мутааллиқанд.

 Маҳфили «Кошонаи саодат»

 ЧКАЛОВ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Бо ибтикори  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки аъзои Шӯрои занони вилоят ва ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи  ҳаёт»  маҳфили «Кошонаи саодат» баргузор гардид. Дар маҳфил  бонувони фаъол атрофи мавзӯъҳои муҳими рӯз, назири баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, омода намудани духтарон ба оиладорӣ, одоби муошират, эҳтироми волидайн ва ҳамсар, маърифати либоспӯшӣ ва дигар масоили оиладорӣ табодули назар карданд.

 Маъюб соҳиби хона гардид

 ПАНҶАКЕНТ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ зимни ифтитоҳи бинои баландошёна дар маркази шаҳри Панҷакент калиди хонаи дуҳуҷрагиро ба маъюби гурӯҳи якум Турсуной Мустафоева тақдим кард.Турсуной, ки бар асари беморӣ дасту пояш фалаҷ гардида, маъюб шудааст, 15 сол инҷониб дар Муассисаи давлатии Хона — интернати пиронсолону маъюбони шаҳр зиндагӣ дошт. Сарфи назар аз маъюбӣ Турсуной соҳибҳунар буда, тавассути пойҳояш нақшу нигор кашида, гулдӯзӣ мекунад ва маҳсули меҳнаташ муштариёни худро доранд.

 Ятимон дастгирӣ меёбанд

ФАЙЗОБОД. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Бо супориши раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ  барои 21 нафар ятимон дар филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-и ноҳия суратҳисоб кушода шуд. Ин иқдомро  аввалин шуда, собиқ раиси хоҷагии деҳқонии ба номи  Абдулвоҳид Назиров  Ғаюрбек Улфатов дастгирӣ карда, дар ин кори хайр саҳми худро гузошт.  Ҳамчунин соҳибкор Анвар Қодиров ният дорад, ки минбаъд донишҷӯ Нигора Насриддиноваро сарпарастӣ кунад. Раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия Абубакр Буриев бошад, ба ятимон ба маблағи 1000 сомонӣ кумак кард.

Сохтмони Қасри фарҳанг дар арафаи анҷомёбист

 РӮШОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар маркази ноҳия  сохтмони Қасри фарҳанг босуръат идома дошта, дар он зиёда аз 30 нафар коргарони соҳибтаҷрибаи ҶДММ «Шарқ»-и ноҳия дар ду баст пурмаҳсул кор мекунанд. Қасри фарҳанг дорои 400 ҷойи нишаст буда, аз тарафи шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ маблағгузорӣ гардида, то Рӯзи Ваҳдати миллӣ пурра ба истифода дода мешавад. Умуман, барои сохтмони ин иншооти фарҳангӣ 6,5 миллион сомонӣ масраф шудааст.

 Семинар — машварати кормандони фарҳанг

ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Бо ибтикори Маркази эҷодиёти халқи вилоят барои дар сатҳи баланд ташкилу роҳандозӣ намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили маҳфилҳои оилавӣ, тасвирӣ, ширу шакар, шабҳои ёдбуду поси хотир семинар — машварати кормандони соҳаи фарҳанг баргузор шуд. Мудирону мутахассисони марказҳои методии шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, коргардонҳои театрҳои халқӣ  ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ин маҳфилу шабҳои эҷодию ҳунарӣ мубодилаи афкор намуданд.

Низомномаи федератсия тасдиқ гардид

РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар маркази ноҳия — шаҳраки Ғарм ҷаласаи Комиҷроияи Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи федератсия Умедхоҷаи Зоир ифтитоҳ намуд. Дар рафти ҷаласа Низомномаи Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун ва Низомномаи баргузории Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм барои соли 2015 дар минтақа тасдиқ гардиданд.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Тел:  238-58-91