Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Хатлон. Соҳаи сайёҳӣ аз мадди назар дур мондааст»

№140 (4090) 21.11.2019

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак мақолаи «Хатлон. Соҳаи сайёҳӣ аз мадди назар дур мондааст» — ро, ки дар нашрияи «Садои мардум» №72, аз 22 июни соли 2019 нашр шудааст, баррасӣ намуд.

Бояд қайд кард, ки айни замон дар шаҳр ду  меҳмонхона, ҳашт минтақаи истироҳатӣ, панҷ тарабхона, осорхона, 28 ёдгории таърихӣ, китобхонаи марказӣ, 15 китобхонаи деҳотӣ, панҷ филиали бонкҳо, ҳафт банкомат, чор гӯшаи армуғон, панҷ зиёратгоҳ, боғи фарҳангии фароғатӣ, панҷ мавзеи сайёҳӣ мавҷуд аст.

Ҳамчунин, дар доираи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки раиси вилояти Хатлон се иншооти ҷашнӣ — истироҳатгоҳи «Чашма» дар деҳаи Туғмазори деҳоти «Дӯконӣ» (аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Табаров ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ), ки дорои майдончаи футбол, ҳавзи зимистона, 25 ҷойи хоб мебошад, бинои толори варзишӣ (аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулҳақ Азизов ба маблағи 2 миллион сомонӣ), майдончаи варзишии кӯдакона (футболбозӣ бо маркази бозиҳои кӯдакона) дар назди бинои Рӯдакӣ №7, аз тарафи Раҷаб Ализода ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ) ба истифода дода шуд. Бар илова, 20 марти соли равон дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Норак бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се иншооти дигар — Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди сайёҳии шаҳр ва итилооти бештар дар назди терминали ҶДММ «Бурс» харитаи сайёҳӣ насб карда, маркази иттилоотӣ дар осорхонаи «Дӯстии халқҳо» таъсис дода шуд. Буклетҳо доир ба  мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ омода гардидаанд.

Оид ба мавзеъҳои таърихӣ, иншооти сайёҳӣ маълумоти иттилоотӣ таҳия гардидааст ва аз ҷониби кормандони бахши фарҳанги шаҳр феҳристи ҳунарҳои мардумӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ тартиб дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки имсол меҳмонони хориҷию дохилӣ, аз ҷумла хабарнигорони барномаи «Звуки всюду»- и шабакаи якуми телевизионии Федератсияи Россия, Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов бо ҳамроҳии зиёда аз 120 нафар меҳмони хориҷӣ, хабарнигорони шабакаи телевизионии «Хабар»- и  Ҷумҳурии Қазоқистон, гурӯҳи кории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайати омӯзгорони шаҳри Ҳисор, ҳайати кории Иттифоқи касабаи  маориф ва тадқиқоти илмии Миср таҳти сарварии Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван – раиси Иттифоқи касабаи маорифи Миср, кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ташриф оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳр — НБО «Норак», сарбанди он ва осорхона дидан намуданд. 24 майи соли 2019 якҷоя бо Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон» саёҳати гурӯҳи наврасону кӯдакон ба минтақаҳои гуногуни сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Ҳамчунин, дар доираи Форуми байналмилалии Тоҷикистон «Саммит Душанбе — 2019» Президенти Ҷумҳурии Шри – Ланка ҷаноби Майтрипала Сирисена бо 13 нафар ҳамроҳаш, нуҳ нафар аз соҳаи мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва се нафар аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва хабарнигорони шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» ба шаҳр ташриф оварда, бо мавзеъҳои таърихӣ шинос шуданд.

Хулоса, дар 7 моҳи соли 2019 -ум 8871 нафар сайёҳи дохилӣ ва 496 хориҷӣ ба шаҳр ташриф овардаанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷиҳати пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта минбаъд низ чора меандешад. 

Д. АСОЗОДА,

муовини якуми раиси шаҳри Норак