Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020

ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ кард

№108 (4214) 05.09.2020

Дар анҷумани XIV Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки сеюми сентябри соли равон бо иштироки вакилон, аъзои Раёсат, Кумитаи иҷроияи марказӣ, Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, роҳбарони як зумра сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон — «Созандагони Ватан» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, номзадии раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.

Номзадии раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро вакили анҷуман, директори мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе Зубайда Шарипова пешниҳод кард ва он аз ҷониби вакилон якдилона ҷонибдорӣ ёфт. Ҳамчунин, раиси Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон Низом Қосим, собиқадори ҳизб Шукурҷон Зуҳуров, директори Корхонаи саноатии «ЗиревЭко»-и шаҳри Хуҷанд Абдумубин Абдушукуров, роҳбари Маркази ҳунармандии «Чирадаст» — и ноҳияи Муъминобод Гулбарг Боқиева, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон Гулнора Тайғунова, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Саидбек Мирзомиддинов (тариқи онлайн) ва дигарон суханронӣ намуда, пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносиб донистанд.

Муовини якуми раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас таъкид намуд, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти мамлакат аз ҲХДТ дар ҳафт соли гузашта иҷро гардиданд.

Зикр шуд, ки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба интихобот бо барномаи ҷадид, ки фарогири ҳама самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аст, ворид мегардад. Абдуҷаббор Азизӣ афзуд, ки номзади ҲХДТ барои иҷрои барномаи пешазинтихоботии худ се имконияти ҷиддӣ — таҷрибаи бузурги сиёсӣ, собиқаи амалии идоракунӣ, неруи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёд дорад.

Ёдовар мешавем, ки бисту шашуми августи соли равон Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва сиву якуми август Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, ба интихобот, ки ёздаҳуми октябри соли равон баргузор мегардад, панҷ ҳизби сиёсӣ номзад пешниҳод карданд.

«Садои мардум»