Аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Хизмати содиқона боиси эҳтиром ва боварии мардум мегардад

№14 (3494) 02.02.2016

«… имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои  башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

(Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 январи соли 2016)

Сарвари давлат дар шароити ноустувор, тағйиру таҳаввулоти авзои сиёсии ҷаҳон дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ вазифа  гузоштанд, ки  фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.

Дар ин самт мақомоти корҳои дохилӣ фаъолияти густурда дошта, яке аз пешоҳангони мубориза бо ҷинояткорӣ ва қонунвайронкунӣ, ҳамзамон кафили тинҷиву  осоиштагӣ, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирии зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад.

Аз суҳбат бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро маълум гашт, ки соли гузашта дар мубориза алайҳи экстремизму ифротгаройӣ ва дигар амалҳои тахрибкорӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа мақомот тадбирҳои судмандеро амалӣ кардааст. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 585 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз ин ҳисоб 19 ҳазору 118- тои он ошкор гардид. Дараҷаи ошкор шудани амалҳои ҷиноятӣ 88,5 фоизро ташкил медиҳад, ки  нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, хариду фурӯши одамон, ғоратгарӣ, авбошӣ кам гардида, амалҳои қаллобӣ, куштор, дуздӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ нисбатан зиёд шудаанд.

Мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, экстремизму терроризм, ифротгаройӣ аз самтҳои афзалиятноки мақомот ба шумор меравад. Дарки масъулиятшиносӣ ва маҳорату касбияти кормандони мақомот боиси соли гузашта ошкор намудани 17 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ гардид, ки 132 нафар аъзо дар содир намудани 247 ҷинояти вазнин даст доштанд. Ҳамзамон 835 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор ва 247 нафар дастгиру ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Моҳи сентябри соли гузашта дар натиҷаи амалиёти  муштараки сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ 38 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим безарар гардида, 200 нафар дастгир шуданд. Аз онҳо миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира шуд. Дар ҷараёни баргузории ин амалиёт кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо кумаки аҳолии таҳҷойӣ 28 нафар узви ин гурӯҳи террористиро дастгир намуданд. Инчунин, бо таъсири мардуми маҳал 11 нафар аъзои гурӯҳи мазкур ихтиёран худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буд, ки пеши роҳи содиршавии якчанд амали террористӣ гирифта, аъзои  ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро дастгир шуданд.

Ба гурӯҳу созмонҳои террористию ифротгаро  гаравидани баъзе ҷавонон ва дар амалиётҳои низомии кишварҳои хориҷӣ иштирок намудани онҳо боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд андешида истодааст. Соли гузашта аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 992 нафар (аз ҷумла аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ 620 нафар) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар задухӯрдҳои  мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, махсусан Сурия ва Ироқ ба қайд гирифта, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд. Аз ин шумора 156 нафар дастгир ва дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ 61 нафар ба Ватан баргардонда шуданд. Дар муҳорибаҳои мусаллаҳона 148 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок гардидаанд. Ҳоло аз Тоҷикистон 154 оила (190 нафар мард ва 176 нафар зан бо фарзандони ноболиғ)  дар давлатҳои хориҷӣ, бахусус Ироқу Сурия қарор доранд.

Дар идомаи суҳбат вазир аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки қонуншиканӣ ва даст доштан ба амалҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон ва занон тамоюли зиёдшавӣ дорад.

- Дуруст ба роҳ намондани корҳои тарбиявӣ дар оила ва муассисаҳои таълимӣ, беназоратии волидон нисбат ба тақдири фарзандон сабаби содир намудани ҷиноят аз ҷониби ҷавонону наврасон гардидааст, -гуфт ӯ.

Аз муҳтавои суҳбат бо вазир бармеояд, ки соли сипаришуда аз ҷониби ноболиғон 742 ҷиноят ва аз тарафи ҷавонон 5840 (соли 2014 — ум 5341) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар 742 ҳолати содир намудани ҷиноят 694 ноболиғ иштирок доштааст. Дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои содиршавии ҷиноят аз ҳисоби ноболиғон, аз ҷумла муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон ҳамоно ташвишовар аст. Барои пешгирии чунин амалҳои ҷиноятӣ бояд дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон корҳои фаҳмондадиҳӣ беҳтар ба роҳ монда шаванд.

Соли гузашта аз ҷониби занон 1919 ҳолати содир намудани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла онҳо дар содир намудани амалҳои ҷиноятии одамрабоӣ (ҳашт ҳолат), хариду фурӯши ноболиғон (ҳашт ҳолат), қасдан расондани зарар ба саломатии инсон (шаш ҳолат), вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (12 ҳолат) ва ғайра даст доштаанд.

Содиршавии ҷиноятҳои ахлоқӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъзе занону духтарон бидуни нангу номус ба танфурӯшӣ машғул мешаванд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 852 ҷинояти ахлоқӣ ва 219 ҳолати ташкилу нигоҳ доштани фоҳишахонаҳо, (даллагӣ) муайян карда шуд. Нисбат ба се нафар зан, ки  мубталои касалиҳои  сирояткунанда буданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Бо мақсади таъмини шаффофият дар фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ телефони «Боварӣ»- и вазири корҳои дохилӣ, сомонаи вазорат фаъол  гардонида шудаанд. Соли гузашта 2539 хабар аз тариқи телефони «Боварӣ» ворид шуд. Вобаста ба 40 муроҷиати воридгардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Масъалаи риояи интизоми хизматӣ ва қонуният яке аз омилҳои пешрафти фаъолияти мақомот дониста мешавад. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (25 сентябри соли 2015) низ таъкид шудааст: «Ман ба таври доимӣ таъкид менамоям, ки мардум ба фаъолияти давлат аз рӯи хизмати содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳо медиҳад. Бинобар ин, ҳар як ҳомии ҳуқуқу тартибот ва ҳимоятгари Ватан бояд худ  намунаи риояи қонун ва одобу ахлоқи нек бошад».

Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки кормандони милитсия қонуншиканӣ намуда, аз доираи ваколатҳои худ берун баромада ё аз он суиистифода кардаанд. Аз ҷониби шаҳрвандон соли 2015 ба телефони «Боварӣ» нисбати кормандони милитсия 883 шикоят ворид шудааст, ки 221-тои он тасдиқи худро ёфтааст. Порсол 58 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ даст ба қонуншиканӣ задаанд. Барои дағалона вайрон кардани  интизоми хизматӣ аз мақомот 120 нафар ва аз  вазифа 160 нафар озод гардиданд. Инчунин ба 1700 нафар корманд ҷазои гуногуни интизомӣ дода шудааст.

Барои минбаъд тақвият бахшидани фаъолияти ин сохтор татбиқи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 — 2020 идома дорад. Амалӣ шудани ин ҳуҷҷати муҳим шароит фароҳам меорад, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ беҳтар шуда, сафҳои он аз шахсони тасодуфию бесалоҳият тоза гарданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»