Иқдоми башардӯстона

№129 (3275) 04.11.2014

Бо ташаббус ва иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20- солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид, ки татбиқи он ба уҳдаи як қатор мақомот ва муассисаҳо вогузор шудааст.

Чунончӣ, дар моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» муқаррар шудааст, ки муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро бо иҷозати прокурори дахлдор татбиқ менамоянд.

Ба ин муносибат дар Сарраёсати мазкур бо иштироки кормандони масъули муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷамъомад баргузор шуд. Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Изатулло Шарифов доир ба талабот ва тартиби иҷрои қонуни мазкур баромад намуд. Изатулло Шарифов таъкид кард, ки кормандони масъули муассисаҳои тобеи Сарраёсат дар ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» кори худро мувофиқ ба талаботи он ба роҳ монанд.

Дар муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай мутобиқи муқаррароти қонуни мазкур раванди ба озодӣ ҷавоб шудани маҳбусон оғоз гардидааст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»