Ифтитоҳи маркази маърифатӣ — фарҳангӣ

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ боз як маркази маърифатӣ  — фарҳангӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи маркази маърифатӣ — фарҳангӣ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед иштирок намуда, пас аз буридани лентаи рамзӣ аз утоқҳои он дидан намуд.  Баъдан, раиси вилоят аз хонаи урфии бадахшонӣ, ки барои илмомӯзии ҷавонон омода шудааст, дидан намуда, аз кори анҷомдодаи сохтмончиён изҳори  қаноатмандӣ кард.

Дар толори ин марказ, ки барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ – фарҳангӣ  шароит муҳайё гардидааст, ҷаласа доир гардид, ки дар он Шодихон Ҷамшед суханронӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки ин иқдоми хайру наҷибонаи сокинони маҳаллаи Носири Хусрав лоиқи таҳсин аст. Маркази маърифатӣ -  фарҳангӣ мебоист бо маблағи 2 миллион сомонӣ сохта мешуд, вале бо ташаббуси маскунони маҳал тариқи ҳашар корҳои сохтмонӣ ба маблағи 820 ҳазор сомонӣ анҷом ёфтанд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»