Ҳифзи «тиллои сафед» аз оташ вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист

№106 (3091) 24.08.2013

Minolta DSC

Дар ҷумҳурӣ мавсими  ҷамъоварии пахта фаро расидааст. Чун «тиллои сафед»  бойигарии асосии давлатамон ба шумор меравад, бояд онро аз сӯхтор ва ҳар гуна офатҳо ҳифз намоем.

Ҳамасола кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муддат пеш, то оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта дар нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркарди пахта корҳои профилактикӣ  гузаронида, ба роҳбарону шахсони мутасаддии зиддисӯхтор, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорони алоҳида амрнома ва маслиҳату пешниҳодҳои муфид пешниҳод мекунанд. Дар байни дастаҳои идоравии оташнишонӣ, деҳқонону коргарон, тракторчиҳою  ронандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Мутаассифона, бинобар сабаби хунукназарӣ, сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ аз тарафи масъулин ва риоя накардани оддитарин қоидаҳои бехатарӣ, сӯхторҳо ба амал омада, бойигарии халқ –пахта нобуд мегардад. Соли гузашта дар ин ҳангом қариб як тонна пахта сӯхта нобуд шуда буд. Хушбахтона, соли равон сӯхтори пахта ба қайд гирифта нашудааст, аммо ҳушёриро аз даст набояд дод.

Тавре таҳлили сабабҳои сар задани  сӯхторҳо нишон медиҳад, дар бисёр мавридҳо аз сабаби надоштани шарорахомӯшкунак ва ё дуруст набудани дудбарои трактору автомашинаҳои барои ҷамъоварии пахта сафарбар карда  шуда, пахтаи дар хирманҳо ва дар наздикии роҳҳои мошингард         паҳнкардашуда оташ мегирад.

Ҳамчунин аз шарораи гулхан, беэҳтиётона даргирондани гӯ-гирдчӯб, шамъ, боқимондаи сигор ва ғайраҳо сӯхтор ба амал меояд. Бинобар ин, дар наздикии хирманҳо  ва ҷойи нигоҳдории пахта оташ афрӯхтан қатъиян манъ аст.

Оташдонҳои  хӯрокпазии деҳқонон  аз хирманҳо ва нуқтаҳои қабули пахта бояд камаш  100 метр дур бошанд. Пахтаи дар мошин ва ё трактор боркардашударо бо брезент пӯшонидан  ба мақсад мувофиқ аст. Ҳама гуна техникаҳое, ки барои ҷамъоварӣ  ва кашондани ҳосили пахта сафарбар шудаанд, бояд бо шарорахомӯшкунаку оташхомӯшкунакҳои тамғаи ОП-5 ва бел таъмин бошанд.

Оташхомӯшкунак ба қисми пеши бордони нақлиёт,  бел ба зери бордон аз тарафи ҷойи нишасти ронанда маҳкам карда мешавад. Дар  роҳҳои мошингард хушконидан, инчунин  аз болои пахта гузаштани мошинҳо мумкин  нест, зеро ин кор боиси ба амал омадани сӯхтор мегардад. Майдончаи пахтахушккунӣ дар хирман бояд мумпӯш (асфалтпӯш) ё бо лой ба ғафсии 5 см. андова карда шуда бошад.

Истгоҳи тракторҳо, автомо-билҳо, мошинҳои пахтачинӣ, ҷойи таъмиркунӣ, равғанмолӣ ва сӯзишворипуркунӣ бояд на камтар  аз 100 метр аз хирман дур ҷойгир бошад. Дар саҳро мошини пахтачинӣ ва ё дигар техникаи бордонаш пур аз пахтаро шабона мондан манъ аст. Ҳангоми дар бордони мошинҳои пахтачинӣ ва ё пахтакашон оташ гирифтани пахта, онро дарҳол дар ҷойи бехавф холӣ карда, чораҳои  хомӯш  намудани сӯхторро  фавран андешидан зарур аст.

Дар хирману нуқтаҳо ва корхонаҳои пахтақабулкунӣ аз байни коргарону деҳқонон дастаҳои идоравии оташнишонӣ ташкил намуда, ба онҳо тарзи пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхторро омӯзонидан  лозим аст.

Умуман, хирманҳо бояд дар наздикии ҷӯйҳо ва ҳавзҳои обдошта ҷойгир шуда, бо воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторнишонӣ, мотопомпаи обкашии зиддисӯхторӣ, дастурамали махсус ва нишонаҳои зиддисӯхторӣ таъмин бошанд. Инчунин онҳо бояд 150 метр дур аз хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир бошанд. Мошину тракторҳо  ва мошинҳои пахтачиниро низ 100 метр аз хирманҳо дур нигоҳ бояд  дошт. Дар ҷойҳои пахтағарамкунӣ афрӯхтани гулхан ва кашидани тамоку қатъиян манъ аст.

Дар заводҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирман-ҳо, дар он ҷойҳое, ки он дар масофаи то 150 метр гидрантҳои оташнишонӣ нест, ҳавзҳои об ташкил намудан ҳатман зарур аст. Агар дар ҳамин масофа дарё ё ҷӯйи об бошад, ба назди онҳо роҳ гузоштану пирс сохтан лозим аст.

Заводҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта  ва хирманҳо бояд барои хомӯш намудани сӯхтор бо нассосҳои обдиҳӣ, мотопомпаҳо, рӯдаҳо ва милҳо таъмин бошанд.

Инчунин заводҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои қабули пахта бо автомобилҳои оташнишонӣ бояд ҳатман таъмин карда шаванд. Мурод аз ин чорабиниҳо пешгирии сӯхтори пахта аст, то сарвати асосии кишоварзии кишварро аз коми оташ ҳифз намоем.

Беҳуда намегӯянд, ки «пешгирии сӯхтор аз хомӯш намудани он осонтару арзонтар мебошад».

Мирулло ШАРИФОВ,

сардори сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хизмати дохилӣ