Зимистон дар мекӯбад

Истаравшан ба фасли сармо омода аст

№141 (3778) 28.11.2017

0_4_IMG_7450-minҲавои сард имсол барвақттар эҳсос шуд. Табиат шояд одамонро ҳушдор дод, ки ҳар чӣ барвақттар ба зимистон тайёр шаванд. Масъулини шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд яке аз аввалинҳо шуда, муассисаву хоҷагиҳоро ба мавсими сармо омода сохтанд.

- Якуми майи соли равон бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» қарор ба тасвиб расонида, нақшаи чорабиниҳоро оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 — 2018 тасдиқ кардем, — гуфт роҳбари ситод, раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода. — Раёсатҳои маориф, кишоварзӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, хизматрасон, корхонаву хоҷагиҳо, новобаста аз шакли моликият, вазифадор шудаанд, ки нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ба зимистонгузаронӣ тартиб дода, аз рафти иҷрои он на дертар аз 3- юми ҳар моҳ маълумот пешниҳод намоянд.

Дар 82 муассисаи таълимӣ 917,0 тонна ангишт, 290 куб ҳезум захира ва нақша 100 фоиз иҷро гардид.

Ҳамчунин, нақшаи захира оид ба эҳтиё­ҷоти муассисаҳои тиббӣ ва маорифи шаҳру деҳот бо ангишт ва ҳезум, хӯрокаи чорво, таъминоти муассисаҳои давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард бо маводи зиддилағжиш, равғанҳои молиданӣ, сӯзишворӣ пурра иҷро шуд.

- Дар ҷамъиятҳои нақлиётии ҶДММ «Дӯстӣ», ҶДММ «Довуд» ва ҶДММ «Коваи Истаравшан» оид ба зимистонгузаронӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, доир ба омода намудани техника ва дар сатҳи баланд пешниҳод намудани хизматрасонӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Умуман, мардуми шаҳри бостонии Истаравшан метавонанд хотирҷамъ бошанд, зеро корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳо ба фасли сармо омодагии хуб гирифтаанд, — гуфт раиси шаҳр Баҳром Иноятзода.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»