Ба пешвози Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ ва адолати Судӣ

№100 (3737) 22.08.2017

АВАВАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ изҳор доштанд: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард».

Албатта, расидан ба рӯзҳои саиду фараҳафзо осон набуд. Замоне ки Тоҷикистон дар миёни обу оташ қарор дошт, бо хости Худованд, ба сари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд, ки наҷотбахши миллат гардиданд.

Пешвои миллат тамоми азму талоши худро ба ҳалли умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат -таъмини сулҳу субот, муттаҳид кардани сокинони кишвар, мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсиашон ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад. Мардуми Тоҷикис­тон дар симои Пешвои миллат шахсеро пайдо карданд, ки мақсадашон сулҳу салоҳ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободиву осудагии халқ буду ҳаст.

Соҳибдавлатӣ ва соҳибис­тиқлолӣ ормони ҳазорсолаи миллати фарзонаи тоҷик буд, ки бо паймудани роҳи пур аз печутоби таърих ба манзили мақсуд расид. Бинобар ин, хизматчиёни давлатӣ, ташкилоту муассиса, умуман ҳар фарди бедордилу ватандӯст, вазифадор аст, ки баҳри пойдории истиқлолият ва мустаҳкамии давлат талош намояд.

Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатӣ вазифадор аст, ки масъулияти бадӯшдоштаашро дар назди Ватан ва миллат содиқона иҷро кунад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.»

Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) оид ба вазифа ва масъулияти судяҳо, адолати судӣ ва моҳияти ин ҳокимият чунин ибрози назар намуданд: «Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, дар самти таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ корҳои муайян амалӣ гардиданд. Дар ин раванд Шӯрои адлия барҳам дода шуд ва масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории ­кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардиданд.

Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти мазкур вазифадор карда мешаванд, ки ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя диққати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби муқарраргардида омӯзанд ва ба вазифаи масъулиятноки судя ҳуқуқшиносонеро пешниҳод намоянд, ки дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб бошанд».

Ин дастури Пешвои миллат водор месозад, ки дар ҳалли масъалаҳо дурандеш бошем, пайваста дониши хешро такмил диҳем, аз таҷрибаи мутахассисони варзида истифода барем  ва танҳо пайи он талош намоем, ки дар рафти мурофиаҳо адолат ҳамеша ғолиб бошад. Адолат дар кори судҳо мизонест, ки метавонад барои мустаҳкамии ваҳдати миллӣ, оромии ҷомеа, ризояти шаҳрвандон ва пойдории истиқлолият  хизмат кунад.

Кормандони Суди ­ноҳияи Рашт дар баробари иҷрои корҳои идоравӣ, якҷо бо мақомоти ­қудратӣ, бо сокинони ноҳия мунтазам вохӯриҳо мегузаронанд ва дар корҳои фаҳмондадиҳӣ, хусусан шарҳи қонунҳои амалкунанда, фаъолона ширкат меварзанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар муддати кӯтоҳ шароит фароҳам овард сатҳи камбизоатӣ дар кишвар коҳиш ёбад, аз ҷумлаи онҳост. Мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд шаҳрвандоне, ки надониста ва ё қасдан қонуншиканӣ мекунанд. Агар соли 2016-ум 5 нафар сокини ноҳия тибқи моддаи 481 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҷозот шуда бошанд, дар нимсолаи аввали соли 2017 шумораи ҷазогирифтагон мувофиқи ҳамин модда 6 нафарро ташкил дод.

Баъди суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мо бо сокинони ноҳия вохӯриҳо доир намудем. Маълум шуд, ки ҳама ҷонибдори ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур мебошанд, зеро онҳо дарк намудаанд, ки мақсад аз ин кор танҳо таъмини зиндагии шоиста аст.

ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ кормандони Суди ноҳияи Рашт корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Танҳо дар чор моҳи охири соли хониши гузашта   88 нафар, бинобар бепарвоӣ зоҳир намудан ба тарбияи фарзандон, аз қабили бо либоси ғайримактабӣ ба дарс ҳозир шудан ва манъи онҳо аз таҳсили ибтидоию  асосӣ, бо қарори суд ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ҳамчунин, барои риоя накардани талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон аз 192 нафар ба андозаи се нишондиҳанда  барои ҳисобҳо (аз ҳар кадом) ҷарима ситонида шуд.

Маҳз мактаб метавонад барои ояндаи кишвар фарзандони арзандаро тарбия намояд. Аз ин рӯ, таълиму тарбия бояд мақсаднок ба роҳ монда шавад. Агар фарзандон оқилу доно, худшиносу ватандӯст, инсонпарвару созанда набошанд, дастовардҳои беназири миллат дар оянда ба дасти кӣ меафтад? Кӣ бояд онҳоро ҳифз намояд?  Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд ҳалкунанда мешуморанд.

Дар ин маврид мехостам як нуктаро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари наврасони 10-12 — сола 7-8 соат вақтро дар кӯча мегузаронанд ва дар ин муҳлат аз назорат дур мемонанд. Ҳол он ки ин айём давраи ташаккул ёфтани андеша ва ахлоқи онҳост. Онҳо дар ин давра эҳтиёҷ ба тарбияи бетанаффус доранд. Бинобар ин, дар ташаккули наврасон «тарбияи ҷамъиятӣ» мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Яъне, насли калонсол, новобаста аз он ки ба кӯдак қаробате дорад ё не, бояд ҳангоми дидани рафтори ношоями ӯ барои ислоҳаш дахолат кунад.

Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиш мебошад вайрон гардидани оилаҳо, хоса оилаҳои ҷавон, аст. Ҷойи таассуф аст, ки солҳои охир ин раванди номатлуб дар ҷомеа афзоиш ёфтааст. Бисёр мешавад, ки ҷавони муҳоҷир бо гумону шубҳаҳои ночиз ё шикояти падару модару хоҳару бародар ҳақиқатро насанҷида, ба воситаи телефон дар бораи ҷудо шудан ба ҳамсараш хабар медиҳад. Чунин муносибат на танҳо барои як хонавода, балки барои ҷомеа зарарнок аст. Оила танҳо ба ду нафар тааллуқ надорад, балки як ҳиссаи хурди ҷомеа аст. Асоси давлат аз оила оғоз мегардад. Танҳо оилаи солим метавонад ба манфиати кишвар ва миллат хизмат кунад. Дар ин раванд соли 2015 шумораи шахсоне, ки барои ҷудо шудан ариза дода буданд, 86 нафарро ташкил медод. Соли 2016 шумораи онҳо ба 93 нафар ва дар шаш моҳи аввали соли равон ба 70 нафар расид. Албатта, вохӯриву суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ то ҷое таъсир мерасонанд, аммо ҳанӯз масъала пурра ҳал нашудааст. Хуб мебуд, дар ҳалли он мардум аз «тарбияи ҷамъиятӣ» истифода менамуданд.

Одати миллати тоҷик аз қадимулайём ин аст, ки мардон бегоҳӣ дар чойхона-фароғатгоҳ ё дар нишасти ҳамсоягӣ ҷамъ меоянд ва аз ҳоли якдигар бохабар мешаванд, аз мушоҳидаҳо суҳбат карда, кирдори ношоистаи фарзанди ин ё он нафарро баррасӣ менамоянд. Падарони ин қабил фарзандон хиҷолат мекашанд ва барои ислоҳи онҳо кӯшиш мекунанд.

Адолати судӣ ба мустаҳкам гардидани боварӣ ва эътимоди сокинони кишвар ба қонунҳои амалкунанда, ба рукнҳои давлатдории мамлакат боис мегардад. Ба ин хотир, бояд ҳамеша талош намоем, ки қонунҳоро риоя кунем, воқеан ҳам нигоҳдорандаи адолат бошем, то сазовори эътимоди аҳли ҷомеа гардем.

Хуршед РОЗИҚЗОДА,

раиси Суди ноҳияи Рашт